Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ

Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ

“Бешак Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст”.

Барои мо аз модаронамон меҳрубонтар аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) бо ишора ба модаре, ки бачаи худро шир медод, фармуд:

«Оё шумо фикр мекунед имкон дорад ин модар бачаи худро дар оташ бияндозад?, посӯх додем, ки на. Фамруд: Аллоҳи мутаол нисбат ба бандагон аз ин модар ба фарзандаш меҳрубонтар аст».(Ривоят аз Бухорӣ аст).

“Бешак Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст”.

Бар тамоми махлӯқот раҳиму дилсӯз аст ва як раҳмати хосе бар мӯминон дорад, ки онҳоро бо он мутомоиз гардонидааст”.

{Ва бар мӯминон меҳруон аст}.[Сураи Аҳзоб, ояти 43]

“Бешак Ӯ меҳрубон аст”..

Ва аз ҷумлаи раҳмат ва меҳрубонии Ӯст, ки Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро ба унвони ҳидояткунандаи башар ва раҳмате барои тамоми ҷаҳониён фиристода, то муҳофизи масолеҳи динӣ ва дунявии онҳо бошад.

“Бешак Ӯ меҳрубон аст”..

Касе наметавонад монеи расидани раҳмати Ӯ бошад ва ҷуз Ӯ касе тавони фиристодани раҳмат надорад.

{(Дари) раҳатмеро, ки Аллоҳ барои мардум боз кунад, барои он (раҳмат) ҳеҷ боздорандае нест ва он чиро боз дорад, онро ҳеҷ гушояндае ҷуз Ӯ нест ва Ӯ ғолиби боҳикмат аст}. [Сураи Фотир, ояти 2]. Бешак Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст..


Аллоҳ бахшанда ва сахӣ аст..

Бешак Ӯ Аллоҳи бахшанда ва сахӣ аст.. Эй бахшандаи неъматҳо, эй бахшандаи орзӯҳо, эй бахшандаи некиҳо!

Бар ман хушнӯдӣ бибахш... маро осоишу амният ато фармо ва ба ман хушбахтӣ ва лутфу марҳамат насиб фармо..

Бар мо саховату фазл ато кун, зеро тӯ аҳли фазлу саховат ва карам ҳастӣ..

{Ва бар мо аз назди худ раҳмат ато намо, бешак ту бахшандаӣ}.[Сураи Оли Имрон, ояти 8].

«Бешак Аллоҳ карим аст ва бузургманишӣ ва ахлоқи волоро дӯст дорад ва аз ахлоқи паст ва ҳақирона мутанаффир аст»
(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

“Бисёр бахшанда”: ба ҳар кас, ки бихоҳад ато мекунад ва аз ҳар кас, ки бихоҳад боз медорад.

“Ҷаввод”: бахшиши Ӯ ҳадду андозае надорад ва касе наметавонад фазли Ӯро рад кунад, ба ҳар чизе мегӯяд: {Мавҷӯд шав, пас (бедаранг) мавҷӯд мешавад}. [Сураи Бақара, ояти 117].

“Бисёр бахшанда”: рӯзии ҳиссӣ ва маънавӣ мебахшад ва бо фазлу карамаш саховатмандона мебахшад, аз ин намуна аст он чӣ Аллоҳ аз андешаҳо ва ҳаяҷоноти накӯ ва солеҳ ва донишу ҳидоят ва муваффақияту пазириши дуо ба бандаи худ мебахшад ва тамоми ин умур рӯзиҳои манънавӣ ба шумор меравад, ки ба бисёре аз мардум бахшидааст.

“Бисёр бахшанда”: ба касе дода ва аз касе боздошта, якеро боло бурда ва дигареро поён оварда, касеро пайваст карда ва касеро мунқатеъ аз раҳмати худ сохтааст, тамоми хайр дар дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳамаи умур тавоност.


Аллоҳ густаронанда ва чорасоз аст..

Бешак Аллоҳ густаронандаи чорасоз аст.. {Бешак Аллоҳ фарохнеъмати доност}. [Сураи Бақара, ояти 115].

“Чорасози ҷомеъ ва шомил”: ҷаввод ва бахшанда аст ва зарфияти ҳар дархостро дорад.

“Ҷомеъ ва шомил”: дар сифаташ комил аст.. дар номҳояш бисёр бузург ва пурқувват аст, касе наметавонад санои Ӯро бишуморад, азамат, подшоҳӣ ва салтанат, фазл ва ҷӯду эҳсони ӯ бисёр панҳновар ва сутург аст.

“Ҷомеъ ва шомил”: зарфияту гунҷоиш додан ба ҳамаи бандагонро ба шакли кофӣ дошта ва ба дониш иҳотаи комил дорад ва ҳама зери ҳимояти Ӯ ва зери тадбири Ӯ ҳастанд.

“Чорасоз”: Зотест, ки самъи Ӯ ҳамаи садоҳоро ба тафсил ташхис дода ва зибонҳо бар Ӯ дар ҳам намеомезанд.

“Чорасоз”: ибодатро бар бандагонаш осон сохта ва динро осон карда ва барои онон гушоиш қоил шудааст, он Аллоҳи мутаол ва боазамат.

Бешак Аллоҳ соҳиби неъмати фаровон аст..


Аллоҳ дӯстдор аст..

Бешак Аллоҳ дӯстдор аст.. {ва Ӯ омӯрзандаи дӯстдор аст}

[Сураи Буруҷ, ояти 14].

Аллоҳ дӯстдори бандагонаш аст, ононро дӯст медорад ва ба худ наздик карда ва ононро хушнӯд месозад ва аз онон хушнӯд мешавад..

{Ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд}

[Сураи Моида, ояти 54].

Парвардигор ба онон дӯстии мардумро насиб мекунад, пас Ӯ онҳоро дӯст мегирад ва аз онон он чиро наздашон аст, мепазирад.

“Дӯстдор”: наздик, дӯстдор, хостори хайр барои бандагон аст.

“Дӯстдор”: бандагонаш Ӯро дӯст дошта ва муштоқи дидори Ӯ ҳастанд, ва дар ҳадис омадааст:

«Ҳар кӣ дидори Аллоҳро дӯст дорад, Аллоҳ низ дидори ӯро дӯст медорад». (Ривоят аз Бухорӣ аст).

“Дӯстдор”: ба ту амр мекунад, то дилатро пок кунӣ ва сафо бахшӣ ва онро аз нафрату кина пок созӣ ва чирки иноду кинатӯзиро бо оби муҳаббат ва дӯстӣ бишӯӣ ва оташи ҳасодатро бо сардии ишқу муҳаббат хомӯш созӣ.

Бешак Аллоҳ дӯстдор аст..


Аллоҳ зиндаи поянда аст..

Бешак Аллоҳ зиндаи поянда аст.. {Аллоҳ (аст, ки) маъбуди (ростине) ҷуз Ӯ нест, зиндаи поянда аст}. [Сураи Оли Имрон, ояти 2].

Бешак Аллоҳ поянда аст.. {Аллоҳ (аст, ки) маъбуди (ростине) ҷуз Ӯ нест, зиндаи поянда аст}. [Сураи Оли Имрон, ояти 2].

“Зинда”: зиндагӣ ва ҳаёти комил дошта ва ба каси дигаре ниёз надорад. Ҳар чизи дигар ба Ӯ ниёзманд буда ва ҳамаи чиз ҷуз Зоти поки Ӯ нобӯд хоҳад шуд.

“Поянда”: пойдор бар асоси худ ва бениёз аз ғайр аст..

“Поянда”: қоим бар кирдори ҳар нафс ба он чӣ ба даст оварда ва нигаҳдорандаи аъмол ва аҳволу ақвол ва хӯбиҳову бадиҳои онҳо, подошдиҳанда ба онҳо дар охират.

“Поянда”: шуморандаи аъмоли бандаҳо .

“Поянда”: кафолатдиҳандаи ҳаёти тамоми махлуқот ва рӯзидиҳандаи онҳо ва гардонандаи аҳволи онҳо ва тадбиркунандаи кору бори онҳо.

“Дӯстдор”.. он, ки Паёмбарону Расулон ва пайравони ононро дӯст дорад. Ӯ дар назди онон аз ҳар чиз маҳбубтар аст, дилҳои онон аз дӯстӣ ва муҳаббати Ӯ пур шуда ва забонҳои онон ба мадҳу санои Ӯ равон гашта аст, дилҳои онон бо дӯстӣ ва ихлос ва инобат ба сӯяш ҷазб шудааст Зиндаи поянда”: дорои ҳаёти комил ва қоим ба зоти худ ва қоими осмонҳо ва замин, қоим ба тадбири кори онҳо ва ризқ ва тамоми аҳволи онҳо.

“Зиндаи поянда.. ”: боқист барои ҳамеша ва заволе надорад.

Бешак Аллоҳ зандаи поянда аст..“

“Зинда”: ҷомеи сифоти Зот аст ва “Қаюм” ҷомеи тамоми сифот аст.


Алллоҳи ҷаббор..

Бешак Аллоҳи мутаол ҷаббор аст..

{Ӯ Аллоҳест, ки маъбуди (ростин) ҷуз Ӯ нест, подшоҳи поку солим (аз ҳар айб) амндиҳанда, иҳотакунанда, пирӯзманд, ҷаббор, мутакаббир, покаст Аллоҳ аз он чӣ ба Ӯ шарик меоваранд}.
[Сураи Ҳашр, ояти 23].

“Ҷаббор”: ҷубронкунандаи дили шикаста, ёвари асир, бениёзкунандаи бенаво, росткунандаи лағжишҳои лағжишгарон ва бахшандаи гуноҳони гунаҳкорон ва озодкунандаи афроди дар азоб буда ва ислоҳкунандаи дилҳои ошиқону фурӯтанон.

“Ҷаббор”: он Зоте, ки бартарӣ ва азамати Ӯ такмил шуда ва неъмати Ӯ бар ҳар чиз густарда шудааст.

“Ҷаббор”: Зоте, ки ҳамаи чиз мутеъ ва тобеи Ӯ шуда ва ҳамаи чиз дар баробари Ӯ гардан ниҳода ва ҳеҷ чизе Ӯро аз чизи дигаре машғӯл насохтааст.

“Ҷаббор”: соҳиби қудрати мутлақ, соҳиби подшоҳӣ ва салтанат ва азамату маҷд.

“Ҷаббор”: ситамкорон дар баробари Ӯ сари таслим хам карданд ва гарданкашон дар баробари Ӯ шикаста шуда ва шоҳону бузургон дар баробари Ӯхору залил шудаанд ва бадкорони зулмпеша дар баробари Ӯ шикастаанд.

“Зинда”: ҷомеи сифоти Зот аст ва “Қаюм” ҷомеи тамоми сифот аст.

Бешак Аллоҳ Ҷаббор аст: “Ҷаббор” ба маънои баланду баландмартаба ва ба маънои қаҳҳору мусаллат ва ба маънои меҳрубон аст. Ҷубронкунандаи дилҳои шикасташуда ва нотавон ва барои ҳар касе, ки ба Ӯ паноҳ барад ва мутавассил шавад.


Аллоҳи ҷаббор..

Бешак Аллоҳ зебост: Бори илоҳо! аз ту лаззати нигоҳ ба ваҷҳи карими ту ва шавқи дидоратро мехоҳем.

“Ҷамил”: Ӯдорои зеботарин номҳо ва комилтарин авсоф аст.

“Ҷамил”: зебогии комили номҳо ва сифоти комил ва зебогии камоли мутлақ

{Ваъдаи Парвардигорат аз рӯи ростӣ ва инсоф, комил аст}.
[Сураи Анъом, ояти 115].

Зоте, ки офариниши ҳар чизро ба некӣ анҷом дод.

“Ҷамил”: зебогии ҳастӣ, далел бар зебоӣ ва арҷманд будани Ӯст. Ақлҳо тавони фаҳми ҷамоли Ӯро надоранд ва зеҳни одамӣ аз фаҳми васфи Ӯ нотавон аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«... Ман санои туро ҳамчуноне, ки худат васф намӯдаӣ шуморида наметавонам,». (Ривоят аз Муслим аст).

“Ҷамил”: зебогии офариниш ва зебогии ахлоқ ва гумони накӯ ба ӯ, ато кардааст.

Эй зебо, ки зебоиро дӯст медорӣ! қалбҳои моро бо имон музайян соз ва ба ахлоқ ва қалбҳову зоҳири мо зебоӣ бибахш.

Бешак Аллоҳ зебо аст..


Аллоҳи доно, борикбин, фарогирандаи ҳамаи чиз аст..

Бешак Аллоҳ донои борикбин, иҳотакунанда аст..

“Доно, борикбин, иҳотакунанда”

Зоте, ки дониши Ӯ ба зоҳиру ботин иҳота дорад ва ошкору пинҳонро медонад, умури лозим ва воҷиб, умури маҳолу мумкинро медонад, ҷаҳони боло ва поён ва гузаштаву ояндаро медонад, ҳеҷ чиз аз нигоҳи Ӯ пинҳон намемонад.

“Доно ва бохабар”: {бешак дониши (замон ва чигунагии) рӯзи қиёмат назди Аллоҳ аст ва боронро нозил мекунад ва он чӣ дар раҳмҳост медонад ва ҳеҷ кас намедонад фардо чӣ ба даст меоварад ва ҳеҷ кас намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад, бешак Аллоҳ доно (ва) огоҳ аст}.[Сураи Луқмон, ояти 34].

“Аллоҳ доно ва иҳотакунанда аст”.

{Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва он чиро, ки пинҳон медоред ва он чиро ошкор месозед, медонад ва Аллоҳ ба рози дилҳо доност}. [Сураи Тағобун, ояти 4].

Пас Ӯ ба тамоми чиз доност.. {Аллоҳ зотест, ки ҳафт осмонро офарида ва аз замин (низ) монанди онҳо (офаридааст), фармони (Аллоҳ) байни онҳо (осмону замин) фуруд меояд, то бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар коре тавоност ва он, ки Аллоҳ дар дониш бар ҳама чиз иҳота дорад}. [Сураи Талоқ, ояти 12]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ин, ки Аллоҳ дар дониш бар ҳама чиз иҳота дорад}.
[Сураи Талоқ, ояти 12].

Бешак Аллоҳ донои огоҳ ва иҳотакунанда аст.


Аллоҳ наздик аст..

Бешак Аллоҳ наздик аст..

Эй наздик ба касе, ки Ӯро дуо кардааст.. эй қариб ба касе, ки Ӯро хостааст!

эй наздик ба касе, ки аз Ӯ дархост мекунад.. эй Зоте, ки Ӯ аз раги гардани мо ба мо наздитар аст!

ББо унсу оромиш ва бо каломат бар мо миннат бинеҳ эй Зоте, ки наздик ҳастӣ...

{Ва чун бандагони ман дар бораи ман аз ту бипурсанд (бигӯ) бешак ман наздик ҳастам}.[Сураи Тавба, ояти 186].

“Наздик”: бо вуҷуди баландию бартарӣ, бо илму иттилоаш наздик аст.

“Наздик”: барои касе, ки Ӯро нидо кунад, медиҳад ва лутф мекунад, боло мекунад ва ранҷро дӯр месозад ва дӯои муҳтоҷ ва корафтодаро иҷобат мекунад.

“Наздик”: ба касе, ки ба сӯи Ӯ тавба кардааст ва қалбашро ба Ӯ таъаллуқ сохтааст, гуноҳро мебахшад ва тавбаро мепазирад.

“Наздик”: он чиро, ки банда барои наздик шудан ба Ӯ анҷом медиҳад, мепазирад ва ба андозаи наздикии банда ба худаш, Ӯ ҳам ба банда наздик мешавад.

“Наздик”: огоҳ ба аҳволи бандагонаш аст, Ӯ бо илми худ ва иҳотааш ба онҳо наздик аст ва ҳеҷ чизи онон аз Ӯ пинҳон намемонад.

“Наздик”: бо лутфу ҳифозат ва нусрату тайъидаш наздик аст ва ин наздикӣ хоси авлиё ва дӯстонаш аст.

“Наздик”: тамоми бандагон дар саранҷоми худ ба сӯи Ӯ боз мегарданд.

{Ва мо аз шумо ба ӯ (касе, ки дар ҳоли ҷон додан аст) наздиктарем}. [Сураи Воқеа, ояти 85].

“Наздик”: нафсҳо ба сабаби наздикӣ ба Ӯ унс мегиранд ва ба ёди Ӯ шоду масрур мешаванд.

Бешак Аллоҳ қарибу наздик аст: “наздик”... бо илми худ ва огоҳӣ ва муроқабату назорат ва иҳотааш ба ҳама кас наздик аст.


Аллоҳ иҷобаткунанда аст..

Бешак Аллоҳи мутаол иҷобаткунанда аст.

{Бешак Парвардигорам наздик (ва) иҷобаткунанда аст}

[Сураи Ҳӯд, ояти 61].

“Иҷобаткунанда”: бандагонашро иҷобат мекунад ва дуои ононро мепазирад, онгоҳ ки ба Ӯ мутавассил шуданд ва аз Ӯхостанд он чиро, ки барои онон раво шумурдааст ва Ӯст он зоте, ки ононро ба дуо фаро хонда ва ба онон ваъдаи иҷобат додааст.

“Иҷобаткунанда”: зиндонӣ дар зиндон ба Ӯ мутавасил мешавад ва ғарқшуда дар дарё ва фақир дар ҳолати фақру нодориаш ва ятим дар холати ятимияш ва бемор дар ҳолати беморӣ ва ранҷу дарди худ ва бефарзанд дар ҳолати бефарзандӣ, ҳама ба Ӯ мутавассил мешаванд, пас Аллоҳ аст, ки ато мекунад ва иҷобат мекунад ва медиҳад ва нигаҳ медорад.

“Иҷобаткунанда”: дар тангноафтода ва садамадидаро иҷобат мекунад..

{На, балки (суол инаст) чӣ касе (дуои шахси) дармондаро вақте Ӯро мехонад, мепазирад ва сахтиро бармедорад}.[Сураи Намл, ояти 62].

Наздиктарин холати иҷобати дуо замонест, ки банда бо номҳо ва сифоти накӯяш бо Ӯ мутавассил шавад ва дуо кунад. Чӣ қадар зиндониён дар зиндон Ӯро ба дуо хонданд, пас озод шуданд ва дар баҳр ба Ӯ тавассул шуданд, наҷот ёфтанд, фақири зиёде аз Ӯ ризқ хост, пас ӯро ризқ дод ва ятимони зиёде Ӯро хостанд, пас онҳоро дар риъояти худ гирифт ва бузургашон кард ва беморони зиёде аз Ӯ шифо талаб карданд, пас онҳоро шифо дод ва саломатиро насибашон кард ва безуриётони зиёде аз Ӯ талаби фарзанд карданд, пас барояшон фарзанд насиб кард ва икромашон намуд.

Бешак Аллоҳ иҷобаткунанда аст..


Аллоҳ нӯр аст..

Бешак Аллоҳ нӯр аст..

{Аллоҳ нӯри осмонҳо ва замин аст}. [Сураи Нӯр, ояти 35]..

“Нӯр”: Зоте, ки дилҳои орифин ба худро ба маърафат ва шинохти худ ва имон ба Ӯ мунаввар ва равшан намудааст ва қалбҳои онҳоро бо ҳидояти худ нӯронӣ сохтааст.

“Нӯр”: ба сабаби нӯраш торикиҳоро аз байн бурда ва осмонҳо ва заминро равшан намудааст ва роҳи равандагон ба сӯи худ ва дилҳои ононро равшан сохтааст.

Аллоҳ нӯр аст ва ҳамчунин ҳиҷобу пардаи Ӯ нӯр аст, ки агар онро канор бизанад, шукуҳу азамати Аллоҳи мутаол тамоми махлуқотро хокистар мекунад.

Бешак Аллоҳ нӯр аст..


Аллоҳ ҳаким аст..

Бешак Аллоҳ ҳаким аст..

{Оё Аллоҳ аҳкамулҳокимин нест}. [Сураи Нӯр, ояти 8].

“Ҳаким”: Зоте, ки тамоми чизҳоро мустаҳкам ва побарҷо мениҳад ва ононро ба тақдири худ дар ҷойгоҳи шоиста қарор медиҳад.

“Ҳаким”: шариат ва қавонинро бар асоси ҳикмате гузоштааст, пас шариати Ӯ қонуни дорои ҳикмати фарогир ва шомили мақосид, асрор ва авоқиби дунявӣ ва уҳравӣ аст.

“Ҳаким”: ҳаким аст дар он чӣ муқаддар ва қазоват кардааст, ҳаким аст дар фақри фақир ва бемории бемор ва тангдастии қарздор, дар тақдиркардаи Ӯ ҳеҷ халале ворид намешавад ва дар ақволу афъолаш ҳеҷ нақсу халале роҳ надорад, пас Ӯрост ҳикмати фарогиру шомил..

“Ҳаким”: Зоте, ки ҳикмат ва маърифат, виқор ва ниҳодани ҳар чиз дар ҷои худро ба бандагонаш илҳом мекунад.

Аллоҳ аҳкамулҳокимин аст, дар ҳастӣ ҳеҷ чиз бидуни хости Ӯ рӯх намедиҳад ва умури ҳалолу ҳаромро Ӯ муайян месозад, пас ҳукм онест, ки Ӯ муқаррар кардааст ва дин он чизест, ки Ӯ ба он амр ва наҳй кардааст, ҳеҷ кас салоҳияти бозхости хукми Ӯро надорад ва ҳеҷ кас тавони бозгардондани қазо ва қадари Ӯро надорад.

“Ҳаким”: касеро зулм намекунад, Ӯ дар авомиру навоҳӣ ва хабарҳояш одил аст.

Бешак Аллоҳ аҳкамулҳокимин аст.

Ҳаким зотест, ки ҳикмати бартар дар офариниш ва дастӯр аз Ӯст, пас ҳеҷ чизро беҳӯда намеофарад ва ҳеҷ қонунеро бефоида намегузорад, зоте, ки ҳукму дастӯр дар аввалу охир аз они Ӯст.


Аллоҳ подшоҳи фармонраво ва соҳиби қудрати мутлақ аст..

Бешак Аллоҳ фармонравост..

{Подшоҳи поку солим аз ҳар айб}..[Сураи Ҳашр, ояти 23].

“Малик”: соҳиби азамату кибирё аст, ки умури бандагонашро тадбир мекунад ва ҳукми Ӯ дар байни онҳо иҷро мешавад, пас онҳо бандагон ва ниёзманди Ӯҳастанд ва Ӯ поҳшоҳ ва фармонравоӣ онҳо аст.

Поҳшоҳии мутлақ аз они Ӯст ва ҳеҷ подшоҳ ва раисе нест, магар ин, ки бандаи Ӯст, дар осмону замин ҳеҷ хайру хубие нест, магар ин, ки аз бахшиш ва фазли Ӯст.

{Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ӯст}.
[Сураи Бақара, ояти 255].

“Фармонраво”: бидуни ҳисоб мебахшад ва бар бандагони худ фаровон ато мекунад ва ин бахшиш чизе аз подшоҳии Ӯ кам намекунад, ҳеҷ коре Ӯро аз кори дигаре боз намедорад. Дар ҳадиси саҳеҳи қудсӣ омадааст:

«... агар аввали шумо ва охири шумо ва тамоми инсонҳо ва ҷин дар як саҳро ҷам шаванд ва аз ман тамоми хостаҳояшонро дархост кунанд, пас барои ҳар як дархосташро бидиҳам, чизе аз он чӣ пеши ман аст, кам намешавад, магар ба ҳамон миқдор, ки фурӯ рафтани сӯзан дар дарё аз он кам кунад..»
(Ривоят аз Муслим аст)

“Фармонраво”: мулкашро бар ҳар касе, ки хоҳад медиҳад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: бори Худоё, эй дорандаи мулк! ба ҳар кас, ки хоҳӣ фармонравоӣ медиҳӣ ва аз касе, ки хоҳӣ бозпас мегирӣ ва ҳар киро хоҳӣ иззату обрӯ медиҳӣ ва ҳар киро хоҳӣ хор месозӣ, некӣ ба дасти туст, бешак ту бар ҳар чизе тавоноӣ}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 26].

“Фармонравои мутлақ”: соҳиби тамоми махлуқот, тасарруфкунанда дар байни онҳо дар дунё ва охират аст, пас бояд ба сӯи Ӯ бозгарданд ва ба Ӯ паноҳ баранд ва аз додани он чӣ назди Ӯст, тамаъ варзанд ва дар дуо ва фарёдхоҳӣ исрор варзанд.

Бешак Аллоҳ подшоҳ ва фармонраво ва соҳиби фармонравоист..


Аллоҳ поку муназзаҳ аст..

Бешак Аллоҳ бисёр поку муназзаҳ аст..

Дар рифъату баданмартабагияш поку муназзаҳ ва дар мадҳу санояш арҷманд ва неъматҳои Ӯ бисёр бузург ҳастанд..

{Ӯ Аллоҳ аст, Зоте, ки илоҳе ҷуз Ӯ нест, подшоҳи поку солим (аз айб) аст}. [Сураи Ҳашр, ояти 23].

Бо азамат ва мубаррост Парвардигори фариштагон ва Ҷибрил, мубаррост подшоҳи бо азамат.

“Бешак Аллоҳ қуддӯс аст”

Поку муназзаҳ аз ҳар айбу нуқсон ва аз ҳар сифате, ки шоистаи Ӯ нест, бо азамату пок мебошад.

“Бешак Ӯ муназзаҳ аст”: муттасиф ба сифати камол ва ҷамолу ҷалол аст ва аз ҳар камбуду айб мубаррост ва ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва ҳеҷ кас ба Ӯ баробар нест ва ҳеҷ камоле болои камоли Ӯ нест ва ҳеҷ кас ба ҷойгоҳи Асмо ва Сифоти Ӯ намерасад.

“Бешак Ӯ муназзаҳ аст”: Зоте, ки дилҳо Ӯро муназзаҳу мубарро сохта ва тамоми хостаҳои худро бар Ӯ вобаста кардаанд ва забонҳо Ӯро муназзаҳ сохта ва ҳамеша тасбеҳи Ӯро баён мекунанд.

“Малик, Молик”.. Зоте, ки подшоҳӣ аз они Ӯст ва Ӯ ба сифати малик мавсуф аст ва он сифати азамат, кибирё, тасаллут ва тадбир аст. Ӯ ҳаққи тасарруфи мутлақ дар офариниш ва дастӯр ва кайфар дорад ва тамоми ҷаҳони ҳастии боло ва поён аз они Ӯст ва ҳама бандагон ва бардагони Ӯ ва муҳтоҷи Ӯ ҳастанд. “Ал-қуддӯс, Салом” боазамат ва муназзаҳ аз тамоми сифоти нақс ва аз ин, ки бандае бо Ӯ шабеҳ бошад. Ӯ аз тамоми айбҳо муназзаҳ ва дӯр буда ва аз ин пок аст, ки касе дар сифоти камол монанди Ӯ бошад.

“Бешак Ӯ поку муназзаҳ аст”: соҳиби хайру баракат ва бахшиш ва фазлу сано аст. Аз тарафи Ӯст хайр ва ба сӯи Ӯст баракат ва Ӯст баракате, ки бар бандагонаш раҳмат карда ва дар ҳар он чӣ бихоҳад аз бахшиш ва рушду намо, ба онон ато мекунад.

Бешак Аллоҳ поку мубаррост..


Аллоҳ солим аз ҳар айб аст..

Бешак Аллоҳ солим аст: Аллоҳ салом аст ва саломатӣ аз Ӯ меҷӯшад ва ҳеҷ бандае ҷуз бо саломатии Ӯ ба саломатӣ намерасад ва ҳеҷ муваффақияте ҷуз ба тавфиқи Ӯ ҳосил намешавад.

Аллоҳ солим аст: солим аз ҳар гуна айбу нуқсон ва дигаронро аз ҳар гуна шарру бадӣ ва офат солим нигаҳ медорад.

Бешак Ӯ солим аст: Сифатҳои Ӯ аз ҳар гуна монандӣ ва мушобаҳат бо махлуқот солим буда ва аз ҳар гуна авсофи ноқису нотамом солим аст. Илму дониши Ӯ солим ва комил ва адли Ӯ солиму комил ва мулки Ӯ солиму комил, ҳукмаш солим ва қазояш солим, офариринишаш солим аст. Ӯ солиму беайб аст ва саломатӣ аз Ӯ ҷӯш мезанад. Бобаракат аст он Зот, соҳиби ҷалолу иззат.

Аллоҳи мутаол саломатиро дар ду ҷаҳон барои бандагонаш қарор додааст.

{Салом бар Иброҳим}.

[Сураи Софот, ояти 109]

{Салом бар Мусо ва Ҳорӯн}.[Сураи Соффот, ояти 120].

{Салом бар Паёмбарон}. [Сураи Соффот, ояти 181].

Ва дар бораи сарои охират Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ба саломат ва эминӣ ба он дохил шавед}. [Сураи Ҳиҷр, ояти 46].

“Солим”: саломатии комил, ки баъд аз он ҳеҷ гуна тарсу воҳима вуҷуд надорад, бахшишу гузаште, ки баъд аз он ҳеҷ гуна ҳаросе вуҷуд надорад.

Ӯ салом аст ва саломатӣ аз Ӯст.

Бешак Аллоҳ салом аст.


Аллоҳ ҳақ аст..

Бешак Аллоҳ ҳақ аст..

{Ин ба сабаби онаст, ки Аллоҳ барҳақ аст}. [Сураи Ҳаҷ, ояти 6].

“Аллоҳ ҳақ аст”: дар зоту сифоташ ҳақ аст ва Ӯ дорои сифот ва вижагиҳои камол аст ва вуҷудаш аз лавозими зоташ аст ва ҳеҷ чиз вуҷуд надорад, магар ба сабаби Ӯ, Ӯ ҳамеша дорои сифоти ҷалол ва ҷамол ва камол буда ва хоҳад буд ва Ӯ ҳамеша ба сифати эҳсон маъруф буда ва хоҳад буд.

“Аллоҳ ҳақ аст”: сухан, кирдор ва дидори Ӯ ҳақ аст ва Паёмбарон, китобҳо ва дини Ӯ ҳак аст ва ибодати Ӯ танҳо бидуни шарик ба Ӯ ҳақ аст ва ҳар он чӣ ба Ӯ нисбат дода мешавад, ҳақ аст.

{Ин аз сабаби он аст, ки Аллоҳ ҳақ аст ва он чиро ба ҷои Ӯ (ба ниёиш) мехонанд, ботил аст ва (аз он) , ки Аллоҳ баландмартаба (ва) бузург (манзалат) аст}. [Сураи Ҳаҷ, ояти 62].

Бешак Аллоҳ барҳақ аст..


Аллоҳ эминдиҳандаи нигаҳбон аст..

Бешак Аллоҳ амондиҳандаи нигаҳбон аст..

{Ӯст он Аллоҳе, ки маъбуди (ростине) ҷуз Ӯ нест, подшоҳи ниҳоят поки саломат (аз ҳар айб) амондиҳадаи нигаҳбон}.

[Сураи Ҳашр, ояти 23].

“Амндиҳанда”: он Зоте, ки амниятро дар байни бандагон ва махлуқоташ панҳ мекунад ва оромишу сакинаро ба воситаи ваҳйи хеш паҳн мекунад.

{Ва онҳоро аз тарсу хавф амну амон бахшид}. [Сураи Қурайш, ояти 4].

“Амндиҳанда”..: амини нигаҳбон ва гувоҳ бар махлуқот ба он чӣ аз онҳо сар мезанад.

“Амндиҳанда”: аз подоши касе кам намекунад ва бар кайфари касе намефзояд, Ӯ шоистаи фазл ва некию накӯкорист.

“Нигаҳбон”: нигаҳбони бандагонаш аст, бар онон чира ва мусаллат шуда ва ҳаққи ононро риоят карда ва бар кирдори онон ва ҳолоташон огоҳ гашта аст, Ӯ бар онон иҳота дорад ва ҳар амре бар Ӯ осон ва тамоми чиз ниёзманди Ӯ ҳастанд.

{Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавои биност}..

[Сураи Шӯро, ояти 11].

Бешак Аллоҳ амондиҳандаи нигаҳбон аст”.

“Амондиҳанда”: он Зоте, ки худро ба доштани сифоти камол ва ба камоли ҷалолу ҷамол сутудааст ва он Зоте, ки паёмбаронашро фиристода ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далоил нозил карда ва ҳар яке аз паёмбаронашро бо далелу ҳуҷҷат таъйид намуда, то далеле бар дурустии чизе бошад, ки онҳо овардаанд. “Нигаҳбон”: Зоте, ки бар умури пӯшида ва махфӣ ва асрори пинҳони дилҳо иттилоъ дорад, зоте, ки бар тамоми чиз доност.

Аллоҳ бисёр афвкунанда ва бахшоянда аст..

Бешак Аллоҳ афвкунандаи бахшоянда аст...

{Бешак Аллоҳ афкунандаи бахшоянда аст}. [Сураи Ҳаҷ, ояти 60].

“Аллоҳ афвкунанда ва бахшанда ва даргузарандаи бисёр аст”..

Зоте, ки ҳамеша ба доштани афв ва меҳрубонӣ маъруф буда ва ба сифати бахшиш ва гузаштан аз бандагон мавсуф аст. Ҳар як ниёзманди афв ва бахшиши Ӯст, ҳамчуноне, ки ниёзманди раҳмату карами Ӯст.

Эй зоте, ки ба мағфирату афв барои касе, ки асбоби онро фароҳам сохта, ваъда додаӣ. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва бешак ман омурзандаам барои касе, ки тавба кунад ва имон биёварад ва амали солеҳ анҷом дода ва роҳи ҳидоят ёбад}. [Сураи Тоҳо, ояти 82]

Эй бахшанда! аз ту мехоҳем тавбаи ростинро бар мо рӯзӣ гардонӣ, то бо он гуноҳони худро решакан созем ва аз иштибоҳоту хатоҳои худамон пӯшаймон шуда ва ба тоату ибодат ва тарки гуноҳони ту, камари ҳиммат бандем ва моро бубахш эй Парвардигори бахшанда..

Бори илоҳо! бешак ту соҳиби афву меҳрубонӣ ҳастӣ, пас моро афв бикун. Бори илоҳо! бешак ту моро огоҳ сохтӣ, ки бахшандаи меҳрубонӣ..

{Бандагонамро огоҳ кун, ки ман бахшандаи меҳрубонам}..
[Сураи Ҳиҷр, ояти 49].

Пас моро раҳм кун ва моро бубахш эй бахшанда.

Бешак Аллоҳ афвкунандаи бахшандаи даргузар аст.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки ҳамеша тавбаи тавбакунандагонро мепазирад ва аз гуноҳони тавбакунандагон дар мегузарад, пас ҳар кас, ки ба сӯи Аллоҳ тавбаи насӯҳ анҷом диҳад, Аллоҳ Ӯро мебахшад, ҳар кас ба сӯи Ӯ баргардад, Аллоҳ ҳам ба сӯи ӯ бармегардад ва тавбаашро мепазирад ва ба онон тавфиқи тавба медиҳад ва дилҳои онҳоро ба сӯи худ моил месозад ва баъд аз тавба гуноҳону иштибоҳоти онҳоро мебахшад.

ллоҳ тавбапазир аст..

Бешак Аллоҳ тавбапазир аст..

{Бешак Аллоҳ тавбапазири меҳрубон аст}.. [Сураи Тавба, ояти 118].

“Тавбапазир”: он Зоте, ки тавбаро бар бардагонаш қарор додааст ва ин аз фазлу эҳсон ва лутфу карами Ӯст, балки барои онон бештар аз ин ваъда дода, ки бадиҳоро ба некӣ табдил медиҳад.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки бандагонро бар анҷоми тавбаашон собит медорад ва онҳоро дар анҷоми вазоиф ёрӣ мерасонад.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки бандагонашро тавфиқи тавба медиҳад ва ононро барои он ташвиқ карда ва тавбаро барои онон маҳбуб ҷилва медиҳад.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва онҳоро подош медиҳад ва дараҷаҳои ононро боло бурда ва иштибоҳотро дӯр мекунад. Арҷманду бо азамат ва чӣ қадар шаъну мақоми Ӯ баланд аст.

Бешак Аллоҳ тавбапазир аст..


Аллоҳ якка ва ягона аст..

Бешак Аллоҳ яккаи ягона аст..

Эй он, ки дорои зоти ваҳдоният ва ваҳдонияти Асмо ва ваҳдонияти Сифот ҳастӣ!

Аз ту ихлос, дӯстӣ ва шавқро дархост дорем эй Парвардигори якто, эй бениёз!.

“Якто”: дар Зот, Сифот ва Асмо яктост, Ӯ ҳеҷ шабеҳу монанд ва ҳамтову ҳампояе надорад.

{Оё ҳамтое барои Ӯ мешиносӣ}.

[Сураи Марям, ояти 65].

“Якто”: якто дар Улуҳияте, ки мустаҳиқи парастиш аст, ҳеҷ чиз ҷуз Аллоҳи боазамат ба ҳақ парастиш намешавад ва ҳеҷ парастише чӣ кам ва чӣ зиёд ҷуз Ӯ раво нест.

“Якто”: яктои мақсуд ва Парвардигори маъбуд, ки дилҳо ба ин гувоҳӣ додаанд ва дидагон ба он донандаи ғайб вобаста шудаанд.

“Яккаи ягона”: Аллоҳи мутаол бандагонашро бар асоси тавҳиди худаш, ки ҳеҷ шарике надорад, офаридааст, ҳеҷ кас бо рӯй овардан ба ғайри Ӯ растагор намешавад ва ҳеҷ кас бо парастиши ғайри Ӯ хушбахт намегардад ва ҳеҷ кас бо шарик қоил шудан ба Ӯ муваффақ нашудааст.

Бешак Аллоҳ зоти якто ва ягона аст.


Аллоҳи бениёз..

Бешак Аллоҳ бениёз аст.. {“(Эй Паёмбар) бигӯ: Ӯ Аллоҳи ягона аст (1) Аллоҳи бениёз аст (2)}..

[Сураи Ихлос, ояти 1-2].

“Бениёз: он Зоте, ки дар Асмо ва Сифоташ комил буда ва ҳеҷ гуна нақсу камбудӣ дар Ӯ нест.

“Бениёз”: он Зоти бениёз, ки ҳама ба Ӯ ниёзманданд ва Ӯ ба ҳеҷ кас ниёзе надорад.

{Ӯ рӯзӣ медиҳад ва ба Ӯ рӯзӣ дода намешавад}. [Сураи Анъом, ояти 14].

“Бениёз”: Парвардигори тадбиркунанда ва молики гардонанда.

“Бениёз”: дилҳо дар ҳолати ниёз ба сӯи Ӯ мутаваҷҷеҳ мешаванд, пас Ӯ ҳоҷотро бароварда мекунад ва ғамҳоро мезӯдояд ва дуоро иҷобат мекунад. Касоне, ки бо Ӯ қатъи робита кардаанд ва сипас Ӯро хостаанд, ононро бо худ муртабит сохтааст. Афроди хавфзада ба сӯйи Ӯ гароиш ёфтаанд, пас ононро амният дода ва аҳли тавҳид ба Ӯ умед бастаанд, пас умеди ононро бароварда сохтааст. Мусибатдидагон Ӯро ба фарёд хостаанд, пас ононро саломат доштааст, бандагон худро дар пешгоҳи Ӯ хор намудаанд, пас ононро барафрошта аст.

Бешак Аллоҳ бениёз аст..

“Якка ва ягона”..: он Зоте, ки тамоми камолотро дар худ дорад ба тавре, ки ҳеҷ кас бо Ӯ мушорикате надорад ва аз нигоҳи ақлӣ ва қавлию амалӣ бар бандагон лозим аст, то тавҳиди Ӯро баён кунанд ва ба камоли мутлақи Ӯ ва ягонагии Ӯ дар тавҳид ва хос донистани тамоми ибодот барои Ӯ, иқрор кунанд. “Бениёз”: он Зоте, ки тамоми бандагон дар тамоми ниёзҳо ва ҳолат ба сӯи Ӯ мераванд, зеро Ӯ соҳиби Зот, Сифот, Асмо ва афъоли камоли мутлақ аст.

Аллоҳи пирӯзманд..

“Пирӯзманд”: он Зоте, ки тамоми иззат барои Ӯст, иззати қувват, иззати ғалаба, иззати боздоштан ва манъ кардан, пас монеъ шудааст, то касе аз бандагон ба заррае аз иззат бирасад ва тамоми мавҷудотро тобеи худ сохта ва тамоми махлуқот таслими Ӯ гашта ва дар баробари азамати Ӯ сари таслим хам кардаанд.

Бешак Аллоҳ пирӯзманд аст..

{Ва Аллоҳ пирӯзманди боҳикмат аст}. [Сураи Анфол, ояти 67].

Аллоҳ пирӯзманди тавонои ғолиб аст.

Зоте, ки ҳеҷ нерӯе ба Ӯ зарар намерасонад ва ҳеҷ нерӯе Ӯро оҷиз намегардонад, бобаракату баландмартабаи хабир аст Парвардигор.

“Пирӯзманд”: сарбаландӣ ва пирӯзмандии Ӯ комил шуда ва ҳама таслими Ӯ гаштаанд ва тамоми нерӯҳо дар баробари Ӯ заифу нотавон гаштаанд. Ҳар чиз ғайри Ӯ ночиз буда ва тамоми махлуқот дар баробари Ӯ хору залил ҳастанд.

“Пирӯзманд”: иззатро бар ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва аз ҳар кас бихоҳад онро боз мегирад ва ҳар касро, ки бихоҳад хор мекунад ва тамоми хайр ба дасти Ӯст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак иззат ҳама аз они Аллоҳ аст}.

[Сураи Юнус, ояти 65].

Иззату ифтихор ба насабу нажод ва мол нест, балки иззат фақат аз ҷониби Аллоҳ аст.

“Пирӯзманд”: ҳеҷ кас иззатро ба даст намеорад, магар аз иззати Ӯ ва тавонманд намегардад, магар ба фазлу баракати Ӯ, пас ҳар касе мехоҳад ба чизе чанг бизанад, бояд ба Аллоҳ чанг бизанад ва касе хоҳони иззат бошад, пас бояд ба Аллоҳ бо қалби хеш рӯ оварад.

{Ва иззат хоси Аллоҳ ва Расул ва мӯминон аст}. [Сураи Мунофиқин, ояти 8].

Бешак Аллоҳ пирӯзманд аст


Аллоҳ қоҳири қаҳҳор аст..

Бешак Аллоҳ қоҳири қаҳҳор аст..

Қоҳиру ғолиб бар ҷин ва инс аст:

{Ва Ӯст, ки бар бандагонаш чира буда ва Ӯст бохикмату хабир}.

[Сураи Анъом, ояти 18].

“Қоҳири мутлақ”: бар тамоми махлуқоташ бо баландмартабагияш чира гашта ва ҳеҷ чиз дар ин ҳастии паҳновар, ҷуз ба иҷозат ва дониши Ӯ рух намедиҳад.

“Қоҳири мутлақ”: бар душманони мутакабирин бо қавитарин далоил ва равшантарин бароҳин чира гашта, то барои онон собит кунад, ки Ӯ танҳо мустаҳиқи парастиш ва дуо аст. Ӯлуҳият ва Рубубият ва Асмои накӯ ва Сифоти бартар фақат аз они Ӯст.

“Қодири мутлақ”: ситамгарону саркашон ва мутакабиринро мағлуб сохта ва онҳоро мағлубшуда бидуни иродаи онҳо дар саҳрои маҳшар ҳашр хоҳад кард.

{Ва ба пешгоҳи Аллоҳи ягонаи ғолиб зоҳир (ва ошкор) шаванд}. [Сураи Иброҳим, ояти 48].

“Қодири мутлақ”: хосту машияти Ӯ амалишаванда аст ва ҳеҷ яке аз махлуқоташ ҳар чанд бузург бошад, тавони баргардондани онро надоранд. Офариниши Ӯ навпайдо буда ва тамоми соҳибони қувват дар баробари Ӯ нотавонанд ва забонҳо аз васфи офариниши бидеъи Ӯ гунг ҳастанд, ҳар чанд, ки дар баёну васф маҳорату малакаи хубе дошта бошанд.

Бешак Аллоҳ пирӯзи қодири мутлақ аст.


Аллоҳ розиқ аст..

Бешак Аллоҳ розиқ аст..

{Бешак Аллоҳ раззоқ, соҳиби қуввати устувор аст}.

[Сураи Зориёт, ояти 58].

“Раззоқ”: он Зоте, ки ризқу хуроки бандагон дар дасти Ӯст ва Ӯ баландмартабаест, ки рӯзиро барои ҳар кас хоҳад фароху танг мекунад, он Зоте, ки тадбири умур ва калиди замину осмонҳо ба дасти Ӯст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

“Қаҳҳор”: Ӯ ба ҳар чиз қодири мутлақ аст, он Зоте, ки махлуқот дар баробари иззату қудрат ва камоли иқтидори Ӯ таслим шудаанд.

{Ва ҳеҷ чарандае дар замин нест, магар ин, ки рӯзияш бар (уҳдаи) Аллоҳ аст ва (Ӯ) қароргоҳу оромгоҳашро медонад}.

[Сураи Хӯд, ояти 6].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва басо ҷонваре, ки рӯзии худро бар дӯш намекашад, Аллоҳ ба онҳо ва шумо рӯзи медиҳад ва Ӯ шунаво ва доност}. {Сураи Анкабут, ояти 60}

Ва мефармояд:

{Бешак Парвардигорат рӯзиро барои касе, ки бихоҳад фарох мегардонад ва (бар касе хоҳад) танг мегардонад, бешак Ӯ ба (ҳоли) бандагонаш донову бино аст}.

[Сураи Исро, ояти 30]

Ва мефармояд:

{Ва Аллоҳ ҳар киро бихоҳад бешумор рӯзӣ медиҳад}.

[Сураи Бақара, ояти 212].

“Рӯзидиҳанда”:тамоми мардум фақиру ниёзманди Ӯ ва рӯзии Ӯ ҳастанд ва ба тамоми мардуми накӯкор ва бадкор, аввалин ва охирин рӯзӣ медиҳад.

“Рӯзидиҳанда”:ризқ медиҳад ҳар кӣ бо қалби солеҳ ба сӯи Ӯ иқбол кунад ва қалбҳои солеҳ комилтарин ризқро доро ҳастанд ва ҳар, ки Ӯро аз рӯи илму имон пурсад, ғизо медиҳад ва ризқи ҳалолеро медиҳад, ки барои ислоҳи қалб ва ислоҳи дин кӯмак мекунад барои касе, ки аз Ӯ талаб кунад.

Бешак Аллоҳ розиқ аст..


Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

Бешак Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

{Бешак Парвардигори ман барои (тадбири) он чӣ бихоҳад, тадбири нексозанда аст}
[Сураи Юсуф, ояти 100].

Латиф: он Зоте, ки махлуқотро барои бандагонаш тобеъ мекунад ва ин ба сабаби лутфу меҳрубонӣ ва дӯстии Ӯст.

Латиф: Зоте, ки бисёр некӣ мекунад ва ҷӯду бахшиши фаровон дорад.

Латиф: нисбат ба бандагонаш бисёр меҳрубон аст.

{Аллоҳ ба бандагонаш меҳрубон аст}.

[Сураи Шӯро, ояти 19].

Ба онон медиҳад он чӣ барои дину дунёи онон беҳтар аст ва ононро аз он чӣ дар дину дунёи онон бад аст, боз медорад.

“Латиф”: дидагон Ӯро дарк намекунанд ва Ӯ дидагонро дармеёбад.

{Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯ меҳрубони огоҳ аст} [Сураи Анъом, ояти 103].

“Латиф”: умури пӯшидаро медонад ва кирдорҳои бисёр нозуку резаро мешуморад ва дар шабу рӯз ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида нест. Масолеҳи кӯчаку бузурги бандагонашро медонад ва ба онон меҳрубон аст.

“Латиф”: дар вақти қазоват дар умури бандагонаш латифу меҳрубон аст ва чун амреро тақдир кунад, ба онон ёрӣ мерасонад ва чун кор сахту баста шавад, дарвозаҳои гушоишро барояшон боз мекунад ва дар вақти сахтӣ корро барояшон осон мекунад, поку муназзаҳ аст он Зот.

Бешак Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

Латиф”: он Зоте, ки дониши Ӯ ба тамоми асрору розҳо ва умури пӯшида иҳота ёфтааст ва умури пӯшида ва розҳои дарӯнӣ ва нуктаҳои пинҳону резаро медонад ва ба бандагони мӯминаш бисёр меҳрубон аст ва бо лутфу эҳсонаш аз роҳҳое, ки намедонанд, масолеҳро ба онон мерасонад.

Аллоҳ мушкилгӯшо аст..

“Фаттоҳ”: он Зоте, ки дар байни бандагонаш бо аҳкоми шаръӣ ва аҳкоми кавнӣ ва аҳкоми кайфар доварӣ мекунад. Зотест, ки бо луфту карамаш дидагони ростгӯёнро барои шинохт ва муҳаббат ва майл ба сӯи худаш боз кард ва барои бандагонаш дарвозаҳои гуногуни раҳмат ва рӯзиро гӯшудааст.

Бешак Аллоҳ мушкилгӯшо аст..

{Ва Ӯ мушкилгӯшои доност}.

[Сураи Саба, ояти 26].

“Фаттоҳ”: раҳматҳои худро бар мо мегӯшояд..

{(Дари) раҳматеро, ки Аллоҳ барои мардум боз кунад, барои он (раҳмат) ҳеҷ боздорандае нест}.
[Сураи Фотир, ояти 2].

“Фаттоҳ”: Аллоҳ дарвозаи баракатҳояшро бар мову шумо кушодааст ва аз фазлу бахшиши хеш ба мо медиҳад ва афву меҳрубонии худро шомили ҳоли мо мегардонад.

Ӯ ҳамон Аллоҳ аст, ки дилҳои бастаро бо калиди ҳидоят ва имон мегӯшояд.

“Фаттоҳ”: дарҳои раҳматро мегӯшояд ва онҳоро лабрез мекунад ва ҷӯшиши неъматро бар онон сарозер карда ва сарчашмаҳои донишу ҳикматро ба сӯи ақлҳои онҳо сарозер мекунад ва имонро бар дилҳои онон мегӯшояд ва ононро ҳидоят мекунад.

“Кушоянда”: он Зоте ки ғаму ғӯсаро аз бандагон зудуда ва ҳамаи андуҳро аз онон бартараф мекунад ва нороҳатиро зудуда ва ҳар зиёнро аз байн мебарад.

“Гӯшоянда”: он Зоте, ки дар байни бандагонаш дар охират доварӣ мекунад ва Ӯ корсози сутуда аст.

Бешак Аллоҳ ҳамон гӯшоянда аст..


Аллоҳ зоти бениёз ва бениёзкунанда аст..

Бешак Аллоҳ зоти бениёз ва бениёзкунанда аст..

“Бениёз”: Ӯ бо Зоти худ аз ҳама бениёз аст ва Ӯ дорои бениёзии комил ва мутлақ буда ва ба ҳеҷ сурат нақсу айбе ба сифот ва камоли Ӯ ворид намешавад. Ӯ ҳамеша ғанӣ ва бениёз аст, зеро бениёзӣ аз лавозими зоти Ӯст, ҳамон гуна, ки ҳамеша Ӯ холиқи тавоно ва розиқи накӯкор аст ва ба ҳеҷ сурат ниёзманд намешавад. Ӯ бениёз аст, бениёзе, ки ганҷинаҳои осмону замин ва дунёву охират аз они Ӯст ва тамоми бандагонашро ба таври умум бениёз мегардонад.

“Бениёз”: аз бандагонаш бениёз аст, аз онҳо хуроку нӯшинданӣ намехоҳад, онҳоро наофарида то бо онон қувват гирифта ва аз танҳоӣ хориҷ шавад, балки онҳо дар обу ғизо ва дигар умури худ ба Ӯ ниёз доранд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва ҷину инсонро наёфаридам, магар барои ин, ки маро бандагӣ кунанд аз онон ҳеҷ рӯзи намехоҳам ва намехоҳам ба ман хурок бидиҳанд }. [Сураи Зориёт, оёти 56-57].

“Бениёзкунанда”: мардумро аз фақру низёмандӣ бениёз мегардонад ва аз додан камӣ намеёбад ва бандагонаш ба ғайри Ӯ ниёзманд намешаванд, ҳамчуноне, ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст:

«.. агар аввалину охирин шумо, инсу ҷини шумо дар саҳрое гирд оянд ва аз ман дархост кунанд, пас ман дархостҳои ҳамаи онҳоро иҷобат кунам ва бидиҳам, ин амр чизе аз мулки ман кам намекунад, магар ҳамон гуна, ки фурӯ бурдани сӯзан дар баҳр сабаби коҳиши он шавад..».
(Ривоят аз Муслим аст).

“Бениёзкунанда”: бархе аз бандагонро бо ҳидоят ва ислоҳи қалб, шинохти худ, таъзиму муҳаббати хеш бениёз мегардонад ва ононро бо он чӣ комилтар аз ислоҳи дунёст, бениёз мегардонад.

Эй Зоте, ки бахшишу ато аз ту чизе кам намекунад! моро бо ҳалол аз ҳаром бениёз гардон, зеро, ки Парвардигори бениёз ва бениёзкунанда ҳастӣ.

Бешак Аллоҳ бениёз ва бениёзкунанда аст..


Аллоҳ тавоност..

Бешак Ӯ Аллоҳи тавоност..

{Ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност}.[Сураи Нисо, ояти 85].

“Тавоно”: он Зоте, ки тамоми хуроку маводи ғизоиро ба тамоми махлуқот мерасонад ва меофарад, он чиро, ки ба василаи он зинда мемонанд ва зиндагӣ мекунанд ва ба онҳо мебахшад он чиро, ки сабаби серобӣ, серӣ, хушбахтии онҳо дар зиндагӣ мегардад.

“Тавоно”: он Зоте, ки дилҳоро бо анвои мухлатифи дониш ғизо медиҳад ва дар натиҷаи он арвоҳи афрод зинда мешавад ва нафси одамӣ ба он шоду хурсанд мегардад.

Эй бори илоҳо!, эй Зоте, ки ба умури махлуқоташ мепардозӣ ва маъошу маъоди онҳоро тадбир мекунӣ! аз ту хоҳони ҳифзу риоят ва гузашт ҳастем.

{Ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност}. [Сураи Нисо, ояти 85].

Бешак Аллоҳ тавоност..


Аллоҳ ҳисобгари кофист..

Бешак Аллоҳ ҳисобгари кифояткунанда аст..

Аллоҳ аз бандагонаш ҳисоб мегирад.. Ӯ барои бандагонаш аз ҳар ҷиҳат кофист..

{Оё Аллоҳ барои бандааш басанда нест?} [Сураи Зумар, ояти 36].

“Аллоҳ моро басанда ва беҳтарин корсоз аст..”, ин суханро Иброҳими Халил ҳангоми андохта шудан дар оташ гуфт ва дар натиҷа оташ сард ва саломат гашт ва Саҳоба ин суханро изҳор доштанд дар сухани Аллоҳи мутаол:

{Бешак мардум (кофирон) барои (набард) бо шумо (сипоҳ) фароҳам намудаанд}. [Сураи Оли Имрон, ояти 173].

Пас гуфтанд:

{Аллоҳ моро басанда ва чӣ нек корсоз аст (173) пас (мӯминон) ба неъмату фазли илоҳӣ бозгашанд, ба онон газанде нарасид ва аз хушнӯдии Аллоҳ пайравӣ карданд}. [Сураи Оли Имрон, ояти 173-174].

“Тавоност”: Зоте, ки қуту рӯзии ҳар махлуқро ба ӯ мерасонад ва рӯзиро ба сӯйи махлуқоташ мерасонад ва бо ҳикмат ва ҳамду ситоишаш онро ба ҳар тараф, ки бихоҳад, мегардонад. “Ҳисобгар”: Ба бандагонаш доност, барои таваккалкунандагон басандааст, подоши аъмоли каму зиёд ва хубу бадро бар ҳасби ҳикмату дониши худ медиҳад. “Кифояткунанда”: бар тамоми ниёзҳои бандагонаш ва он чӣ ба он ниёз доранд, кофист ва ба шакли вижа бандаеро, ки ба Ӯ таваккал намуда ва имон оварда ва ниёзҳои дину дунёашро аз Ӯ бихоҳад, кифоят мекунад.

Аллоҳ ҳисобгар ва ҳисобраси бандагонаш аст, бар кирдорашон ҳисобгар буда ва бар асоси кирдорашон ба онон подоши нек ё кайфари бад медиҳад.

{Ва Ӯ сареътарин ҳисобгар аст}..

[Сураи Анъом, ояти 62].

“Ҳисобгар”: ба тамоми ҷузъиёт ва тафосили зоҳир ва ботини кирдори бандагонаш иҳотаи дақиқ дорад.

Эй Парвардигор, эй Зоти кифояткунанда! моро дар ҳар чӣ ба худ машғӯл сохтааст, кифоят кун ва рушду ҳидоятро бароямон илҳом кун ва хӯбии моро бияфзо эй Парвардигори саховатманд.

{Ва Аллоҳ ба унвони ҳисобгар басанда аст}.

[Сураи Нисо, ояти 6].

Бешак Аллоҳ ҳисобгари кофист..


Аллоҳ ошкор аст..

Бешак Аллоҳ ошкор аст...

{Бешак Аллоҳ ҳаққи ошкор аст}.
[Сураи Нӯр, ояти 25].

Эй Парвардигори ошкори боазамат! роҳи ҳақро барои мо ҳамвор соз ва аз иштибоҳ гирифтани он бо роҳи ботил моро паноҳ бидеҳ, эй Парвардигор!.

Аллоҳ ошкоркунанди ҳақ ва тамоми ҳақоиқ аст ва дар он ҳангом шакку шубҳа аз байн меравад.

Аллоҳ баёнгари амри ваҳдонияти худ мебошад ва Ӯ ба ҳеҷ унвон монанду шарике надорад.

“Ошкор”: бар махлуқоташ пӯшида нест, бино ба далоили ақлӣ ва шаръӣ ва ҳиссию маънавие, ки бар ҷӯду карам ва вуҷуду қудраташ ба онҳо баён доштааст.

“Ошкор”: он Зоте, ки барои бандагонаш роҳи ҳақро бо фиристодани Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва бо китоби возеҳу ошкор, равшан сохтааст:

{Бешак аз (ҷониби) Аллоҳ барои шумо нӯр ва китоби равшан омадааст}.

[Сураи Моида, ояти 15].

Аллоҳе, ки роҳи саодатро барои бандагонаш равшан сохта ва онро дар гарави итоат аз худ ва пазириши тавҳиди худ намудааст.

Бешак Аллоҳ зоти равшан аст..


Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрату нерӯ аст..

Бешак Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрат ва нерӯманд аст..

{Ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност}. [Сураи Бақара, ояти 284]

{Дар мақому манзалати ростин, дар назди фармонравои муқтадиру тавоно}. [Сураи Қамар, ояти 55]

{Бигӯ: Ӯ тавоност}. [Сураи Анъом, ояти 65].

“Қудратманд”: соҳиби қудрати устувори комил буда ва бар анҷоми ҳар коре ва бо ҳар кас тавоност.

“Тавоно”: дорои қудрати комил, зинда мекунад ва мемиронад ва мавҷудотро ба вуҷуд оварда ва онҳоро мудирият мекунад ва ҳукми Ӯ дар байни онҳо ҷорист.

“Қодири мутлақ”: бо қудрати худ бармеангезад ва подош медиҳад ва дилҳоро ҳар тараф, ки хоҳад мегардонад.

“Тавоно”: дорои қудрати комил, бо қудрату тавони Ӯ ҳеҷ гуна нотавонӣ ва нақсе ҳамроҳ нест.

“Тавоно”.. Дорои қудрати комил аст, Ӯ бо қудрати худ мавҷудотро офарида ва бо қудрати хеш онҳоро тадбир карда ва ононро мустаҳкам ва мураттаб месозад ва бо қудрати худ зинда мекунад ва мемиронад ва накӯкорро ба сабаби эҳсонаш подош медиҳад ва бадкорро ба сабаби бадкориаш. Ӯ зотест, ки ҳар вақт ба вуҷуди чизе ирода намояд, мегӯяд: бош, пас мешавад ва бо тавону нерӯи худ дилҳоро ба он шакле, ки мехоҳад мегардонад.

“Тавоно”: Зоте, ки махлуқоташро идора мекунад ҳар сон, ки бихоҳад ва ин аз интиҳои қудрат ва фарогирӣ сурат мегирад.

“Бешак Аллоҳ қудратманди пуртавони нерӯманд аст..


Аллоҳ ворис аст..

Бешак Ӯ Аллоҳи ворис аст..

{Ва бешак мо зинда мекунем ва мемиронем ва мо ворис ҳастем}.

[Сураи Ҳиҷр, ояти 23].

“Ворис”: Зоте, ки замин ва ҳар он чӣ дар он аст, ирс мебарад ва чизе ҷуз он Зоти анҷманд боқӣ нахоҳад монд.

“Ворис”: Ӯ баъд аз махлуқоташ боқӣ хоҳад монд, ба хотири камоли подшоҳияш ҳар подшоҳӣ ва салтанат ба мулки подшоҳии Ӯ бозмегардад. Аз зулму ситам ва саркашӣ ва такаббур ҳушдор дода ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст, зеро Ӯ ворис аст.

“Ворис”: бандагонашро дар роҳи худаш ба нафақа ташвиқ мекунад, пас молу сарват як амонат аст ва умр фонист ва бозгашт ба сӯи Парвардигори ворис аст.

“Ворис”: бандагонашро аз ношукрӣ барҳазар медорад, пас асли неъмат аз они Ӯст ва саранҷоми он низ аз они Ӯст.

“Ворис”: замин ва ҳар он чӣ бар он аст, мероси Ӯст ва ҳар он чӣ баъд аз бандагон барҷо мемонад, аз они Ӯст, Ӯ ҳамаро ба ирс мебарад.

{Ва мо меросбари (онон) будем}. [Сураи Қасас, ояти 58].

Бешак Аллоҳ ворис аст..


Аллоҳ шунавои биност..

Бешак Аллоҳ шунавои биност..

Эй шунаво! дуои моро бишнав ва онро иҷобат кун, зеро ту ба кирдори мо ва кӯтоҳиҳо ва ниёзмандиҳои мо биноӣ ва мо фақат ниёзмандиҳои худро пеши ту меорем.

“Аллоҳ шунавост”: тамоми садоҳои заифу қавиро шунида ва як садо Ӯро аз шунидани садои дигар ва садои як соил, Ӯро аз шунидаи садои соили дигар, боз намедорад.

“Аллоҳ биност”: ҳамаи чизро мебинад, ҳар чанд кӯчак ва ё бузург бошад, дар шаб ё рӯз пинҳон бошад.

“Шунаво”: суханро бо вуҷуди ихтилофи забонҳо ва гуногунии лаҳҷаҳо, мешунавад.

“Биност”: ҳаракати пои мурчаи сиёҳро дар шаби торик бар харсанги сахт мебинад ва он чӣ дар зери ҳафт замин ва он чӣ болои ҳафт осмон аст, мебинад.

“Шунавои биност”: ҳеҷ чизе бар Ӯ махфӣ намемонад, ҳеҷ амри аҷибу ғариб ва истисно ва саргардону ғайри саргардон бар Ӯ пинҳон намемонад.

Бешак Аллоҳ шунавои биност..

“Шунавои биност”: сухани туро мешунавад, пас насфатро муҳосаба кун ва дуоятро мешунавад, пас дар дуо исрор кун ва амали туро мебинад, пас ҳеҷ амре бар Ӯ пинҳон намемонад, пас некӣ кун, зеро Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад.

Аллоҳ сипосгузори ҳақшинос аст..

Бешак Ӯ Аллоҳ исипосгузори ҳақшинос аст..

Бешак Ӯ Аллоҳ ҳақшиност аст..

{Бешак Аллоҳ сопосгузори доност}. [Сураи Бақара, ояти 158]

{Бешак Парвардигори мо омурзандаи қадршинос аст}
[Сураи Фотир, ояти 34]

Парвардигори поку беолоиш аз амали бисёр кам ҳам қадрдонӣ мекунад ва иштибоҳоти фаровонро мебахшад ва кирдори афроди мухлисро бидуни ҳисоб чанд баробар мегардонад.

“Аллоҳ сипосгузгор аст”: ҳар кас аз Ӯ сипосгузорӣ кунад, ба Ӯ медиҳад ва ҳар кас аз Ӯ бихоҳад, мебахшад ва ёд мекунад ҳар касеро, ки Ӯро ёд кунад, ҳақшиносро афзӯн медиҳад ва насиби кофир ва ҳақношинос зиёну зарар аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Агар сипос кунед, ба шумо афзун медиҳам ва агар куфр варзидед, (бидонед, ки) азоби ман сахт аст}. [Сураи Иброҳим, ояти 7].

Бешак Ӯ Аллоҳи сипосгузор ва ҳақшинос аст..


Аллоҳ сутуда аст..

Бешак Ӯ Аллоҳи сутуда аст

Дар Зот, кирдору ахлоқ ва ақволаш сутудааст, дар ин ҳастӣ ҷуз он Зоти беолоиш, ҳеҷ сутудаи дигаре вуҷуд надорад, сипосу ситоиши комил аз они Парвардигори пок ва беолоиш аст.

“Сутуда”: Ӯ дар Зот ва сифоту асмо ва афъолаш сутуда ва балки Ӯ дорои беҳтарин номҳо ва комилтарин ва накӯтарини сифот аст. Афъоли Ӯ дар байни адлу некӯӣ мегардад, пас ҳамду сипос фақат турост, эй Зоте, ки китобатро ба мо нозил кардаӣ ва азамату бузургиатро барои мо баён намудаӣ ва Паёмбарат- Муҳаммад- (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро ба сӯи мо фиристодаӣ.

Бешак Ӯ Аллоҳи сутудааст..


Аллоҳ боазмат ва бузургу боҳайбат аст..

Бешак Аллоҳ боазамат ва бузургу боҳайбат аст..

Ӯ Аллоҳи мавсуф ба сифоти бузургӣ ва кибирёӣ ва азамату ҷалол аст, он Зоте, ки аз ҳама чиз бузургтару олитар ва бартар аст ва эҳтирому таъзим ва бузургии Ӯ дар қулуби дӯстону баргузидагони Ӯст, дилҳои онҳо аз эҳтиром ва иҷлолу фурутанӣ ва хушуъ, барои кибирёии Ӯ пӯр гаштааст.

Чӣ қадар поку беолоиш ҳастӣ эй Чӣ қадар поку беолоиш ҳастӣ эй Парвардигори бузург!! чӣ қадар бузургу олӣ ҳастӣ!!

{Пас номи Парвардигори бузургатро ба покӣ ёд кун}.[Сураи Воқеа, ояти 96].

Эй Парвардигори арҷманду боазамат! эй Зоти олимақом! мо тавони шумориши ситоишу азамати туро надорем.

Ӯ бузург аст дар Зоти боломақом ва асмо ва сифоташ.

{Чизе монанди Ӯ нест}[Сураи Шӯро, ояти 11]

Ӯ соҳиби мақоми олӣ ва боазамат аст, ҳар кас дар чизе аз он бо Ӯ даргир шавад, Ӯро аз байн мебарад ва камарашро мешиканад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳи мутаол дар ҳадиси қудсӣ мефамояд:

«Кибирё либоси ман аст ва азамат изори ман, пас ҳар кас дар яке аз ин ду бо ман даргир шавад, ӯро дар оташ меандозам». (Ривоят аз Аҳмад аст).


Бешак Аллоҳ Зоти арҷманди бузург ва боазамату соҳиби ҷалол ва бартарӣ аст..

Бешак Аллоҳ Зоти рафеъи баландмартаба ва соҳиби рифъат аст..

“Рафеъи баландмартаба ва соҳиби рифъат”

Баландии мутлақ аз ҳар нигоҳ мар Ӯрост, дорои рифъати зот ва рифъати мақому сифот ва бартарии сайтара ва чирагист.

{Ва Ӯ баландмартабаи бузург (қадр) аст}

[Сураи Бақара, ояти 255].

Ӯ бар Арш қарор гирифтааст ва бо тамоми сифоти бузургӣ, кибирёӣ, ҷалолу ҷамол ва интиҳои камол васф мешавад ва азамати мунтаҳои ин умур дар назди Ӯст.

“Рафъеи баландмартаба”: аз ҳар сифате, ки шоистаи Ӯ нест ва аз ҳар нақсу айбе муназзаҳ аст. Ӯ дар Зот, сифот ва чирагиаш бартар буда ва Ӯ Аллоҳ, ҳамон Зоти соҳиби рифъат аст.

Бешак Аллоҳ Зоти рафеъи баландмартаба ва соҳиби рифъат аст..


Аллоҳ қабзкунанда ва гӯшоянда аст..

Бешак Аллоҳ ҳамон Зоти қабзкунандава гӯшоянда аст.

“Аллоҳ қабзкунанда аст”: рӯзии баъзеро кам мекунад ва ононро меозмояд ва аз бархе онро боз медорад, то ононро хор созад ва ба бархе нигаҳ медорад, то ононро баланд бардорад.

“Аллоҳ гушоянда аст”: ризқро фаровон мекунад ва маъорифи қалбҳоро мегушояд ва ҳамаи инҳо мутобиқи ҳикмат, раҳмат ва ҷӯду карами Ӯст.

Бешак Аллоҳ гиранда ва гӯшояндааст..


Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст..

Бешак Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст..

“Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст”

Он чӣ Ӯ медиҳад, боздорандае нест ва он чиро боздорад, диҳандае нест, пас тамоми масолеҳу манофеъ аз Ӯ хоста мешавад ва Ӯст, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва бар ҳар кас нахоҳад намедиҳад ва тамоми онҳо бар асоси ҳикмат ва раҳмат ҳастанд.

Бори Илоҳо!, раҳмататро бар мо гушо ва аз бахшишҳоят ба мо бидеҳ ва нороҳатиҳоро аз мо боз дор эй боздоранда ва бадӣ ва касофатиро аз мо манъ кун, эй манъкунанда!.

Бешак Аллоҳ диҳанда ва боздоранда аст..