Мафҳуми имон ба Аллоҳи мутаол ва ҳақиқати он 1

Мафҳуми имон ба Аллоҳи мутаол ва ҳақиқати он 1

Мафҳуми имон ба Аллоҳи мутаол ва ҳақиқати он:

Имони содиқона, зиндагии арвоҳ ва майдони шодмониҳост

Роҳат ва хушии нафс, ҷуз бо имон ба Аллоҳи мутаол мумкин нест ва нафси ғайри мӯмин ҳамеша тарснок ва саргардону нотавон боқӣ мемонад ва ҳаргиз ба истиқрору оромиш намерасад ва имоне, ки сабаби наҷоту раҳоӣ аст, имони ба Аллоҳ аст ва имон ба он маъност, ки фард тасдиқи қатъӣ кунад мабнӣ бар ин, ки Парвардигори ҳар чиз ва соҳибу офариниши он, Аллоҳ аст ва фақат Ӯ лоиқи ибодатҳои намоз, рӯза, дуо, умеду бим, ҳузуъ ва хоксорӣ аст ва Ӯст, ки тамоми сифоти камолро доро буда ва аз ҳар айбу нуқсон ва камбудӣ поку муназзаҳ аст ва Ӯст бо азамату арҷманд.

Ва имон ба Аллоҳ шомили имон ба фариштагон, китоҳои Ӯ ва Расулони Ӯ ва рӯзи растохез ва тақдири хайр ва шар аз тарафи Ӯ мебошад ва ин имон асли хушбахтии инсон, балки биҳишти дунё барои мӯмин мебошад ва саранҷоми он биҳишти охират аст иншоАллоҳ.

Маънои имон дар шариат иборат аст аз: “эътиқод бо қалб ва талафуз бо забон ва амал бо андом ва имон бо тоъоту ибодот зиёд ва ба сабаби маъсияту гуноҳ кам мегардад”..

Баъд аз дарки ин амр, бояд донист, ки асоси пазириши амал дар назди Аллоҳи таъоло имон аст, бино ба далели сухани Аллоҳи мутаъол, ки мефармояд:

{Пас ҳар кас, ки аз ҷинси корҳои шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле, ки ӯ мӯмин бошад}
[Сураи Анбиё, ояти 94].

Аҳамияти имон:

Беҳтарин аъмол ва поктарини онҳо назди Аллоҳ мутаъол имон аст, ҳамон гуна, ки Абӯзар ( Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) аз пурсише ривоят мекунад, ки аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) намуданд:

«Эй Расули Аллоҳ! беҳтарини аъмол кадом аст? фармуданд: имон ба Аллоҳ ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ».(Ривоят аз Муслим аст).

Имон сабаби ҳидоят ва хушбахтии дунё ва охират аст, бино ба сухани Аллоҳи мутаъол, ки мефармояд: {Пас ҳар касеро, ки Худованд бихоҳад ҳидояташ кунад, дилашро барои (пазириш)и Ислом мегӯшояд}.[Сураи Анъом, ояти 125].

Имон бандаи мӯминро аз гуноҳон дӯр мекунад, бино ба далели сухани Аллоҳи мутаъол, ки мефармояд: {Касоне, ки тақво доранд, чун васвасае аз (сӯи) шайтон ба онон бирасад, (Худовандро) ёд мекунанд, онгоҳ ногаҳон бино мегарданд}.[Сураи Аъроф, ояти 201].

Имон шарти пазириши амал аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва (эй Паёмбар) ба ростӣ, ки ба ту ва ба касоне, ки пеш аз ту буданд, ваҳй нозил шуд, ки агар шарик ба Аллоҳ қарор диҳӣ, бешак амалкардат нобуд хоҳад шуд ва бешак аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳӣ шуд}.
[Сураи Зумар, ояти 65].

Худованд бо имони холис баракатро дар кору бор ато мекунад ва дуоҳоро бо он мепазирад.

{Ва (эй Паёмбар) ба ростӣ, ки ба ту ва ба касоне, ки пеш аз ту буданд, ваҳй нозил шуд, ки агар шарик ба Аллоҳ қарор диҳӣ, бешак амалкардат нобуд хоҳад шуд ва бешак аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳӣ шуд}.
[Сураи Зумар, ояти 65].


Меваҳои имон:

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Оё надонистӣ, ки Худованд чӣ гуна масал мезанад, сухани покро монанди дарахти поке (қарор дод), ки решааш устувор ва шохаҳояш дар осмон бошад (24) меваҳояшро ба ҳукми Парвардигораш дар ҳама замон медиҳад}.
[Сураи Иброҳим, оёти 24-25],

Аз ҷумлаи самароти имон мавриди зайл ҳастанд:

1. Имони ростин, итминон ва оромиши равонӣ ва гушоиши синаро ба вуҷуд меорад ва ин мисдоқи сухани Аллоҳи мутаол аст, ки мефармояд:

{Бидон, ки дӯстони Аллоҳ на биме бар онон аст ва на онон андуҳгин мешаванд}

[Сураи Юнус, ояти 62].

2. Ба даст овардани ҳамроҳии хоси Аллоҳи мутаъол барои мӯминон. Яъне онҳоро аз торикиҳои куфр ва натоиҷи он ба сӯи нӯри имон ва подоши он берун месозад.

3. Пирӯзӣ ба хушнудии Худованд ва ба биҳиште, ки барои мӯминон омода кардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Худованд ба мардону занони мӯмин боғҳоеро ваъда додааст, ки аз зери он дарёҳо равон аст, ки дар он ҷо ҷовидонанд ва (низ) сароҳои пок дар биҳиштҳои ҷовидон ва хушнудии Аллоҳ (басе) бузургтар аст} [Сураи Тавба, ояти 72].

4. Худованд аз дӯстон ва ҳизбу маҳбубони мӯмини хеш ҳимоят мекунад: {Бешак Аллоҳ (шари мушрикинро) аз мӯминон боз медорад}[Сураи Ҳаҷ, ояти 38].

Ва аз он ҷумла: ҳимояти Аллоҳи мутаол аз Паёмбараш, Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар вақти ҳиҷрат аз Макка ба Мадина ва ҳимояти Ӯ аз Иброҳими Халил (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) он гоҳ, ки дар оташ андохта шуд.

Имон ба Аллоҳ як иртибот байни заъфу нотавон ва Парвардигораш аст, ҳамон гуна, ки фарди қавӣ низ нерӯи худро аз Ӯ мегирад.

5. Арҷмандӣ ва пешвоӣ дар дин. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва аз онҳо чун шикебоӣ варзиданд ва ба оёти мо яқин қарданд, пешвоёне қарор додем}.
[Сураи Саҷда, ояти 24],

Ҳеҷ чиз бештар аз пешвоии диндорон ва соҳибони яқин ба Худованд, далолат бар ин намекунад. Худованд ёди ононро ҷовидон ниҳода ва осори ононро бар ҷой гузоштааст, дар ҳоле, ки онҳо дар гӯр ва зери хок хобидаанд, вуҷуди онон аз рӯи замин рахт баста, аммо осори онон ва ахборашон дар зиндагӣ вуҷуд дорад.

6. Муҳаббати Аллоҳи мутаъол ба мӯминон. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд}.[Сураи Моида, ояти 54],

Ва мефармояд:

{Ононе, ки имон овадаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Худованд барояшон дӯстӣ муқаррар хоҳад кард}.
[Сураи Марям, ояти 96].

Зиндагӣ бидуни имон маргӣ ҳатмист.. забон бидуни имон гунг аст.. даст бидуни имон шал ва нотавон аст.

7. Зиндагии поку покиза дар ду ҷаҳон: Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ҳар кас дар ҳоле, ки мӯмин аст, кори шоиста анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, ӯро ба зиндагии пок зинда медорем ва подоши онҳоро ба (ҳасби) накӯтарини он чӣ мекарданд, ба онон медиҳем}.
[Сураи Наҳл, ояти 97],

Куҷоянд касоне, ки дар пайи зиндагии поку хушбатона ҳастанд?

8. Муҳаббати Аллоҳи мутаол бо мӯмин ва муҳаббати мӯмин бо Аллоҳи мутаол. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд}.
[Сураи Моида, ояти 54],

Яъне: ононро дӯст дорад ва муҳаббати ононро дар байни мардум қарор медиҳад.

9. Ба даст овардани башорат барои аҳли имон бо таваҷҷуҳ ва инояти Аллоҳи мутаол ба онон. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва ба мӯмнон башорат бидеҳ}.

[Сураи Тавба, ояти 112].

Башорат ва мужда ба чизи бузурге сурат мепазирад, ки асари он дар чеҳра ошкор мешавад ва ба ҳамин сабаб ба ин ном номгузорӣ шудааст ва ҳеҷ чиз аз раҳмат ва хушнӯдӣ ва биҳишти Аллоҳи мутаол болотар нест. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда бидеҳ, ки онон боғҳое доранд, ки зери онҳо дарёҳо равон аст}.
[Сураи Бақара, ояти 25].

10. Имон сабаби субот ва собитқадамӣ мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Касоне, ки мардум ба онон гуфтанд: бешак мардуми (кофир) барои (набард) бо шумо (сипоҳ) фароҳам кардаанд, пас аз онҳо (сипоҳи куффор) битарасед, (ин сухан) имонашонро афзӯн сохт ва гуфтанд: Худованд моро басанда аст ва чӣ нек корсозест}.
[Cураи Оли Имрон, ояти 173],

Беш аз ҳама чиз фидокориҳои Паёмбарон ва Саҳоба ва тобеин ва касоне, ки бар барномаи онон рафтаанд ва таърих онҳоро сабт кардааст, бар ин мавзуъ далолат мекунанд.

11. Баҳра бурдан аз мавъиза ва насиҳат. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва панд бидеҳ, бешак панд додан ба мӯминон сӯд мебахшад}.
[Сураи Зориёт, ояти 55],

Фақат аҳли имон аз насиҳат ва мавъиза сӯд мебаранд.

12. Хайрро дар ҳар ҳол барои мӯмин қарор додааст. Дар ҳолати рафоҳ ва дар ҳолати тангдастӣ, дар ҳар ҳол хайру хубӣ ҳамроҳи мӯмин аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) мефармояд:

«Ҳоли мӯмин шигифтовар аст, ки саропо кораш ҳама хайр аст ва ин барои касе ғайр аз мӯмин нест, агар хушӣ ба ӯ бирасад, шукргузорӣ мекунад ва ин барояш хуб аст ва агар зиёне бар ӯ бирасад, сабру шикебоӣ мекунад ва ин барояш низ хуб аст».
(Ривоят аз Муслим аст).

Имон соҳибашро бар таҳаммули сабр дар ҳолати зиён ва шукргузорӣ дар ҳолати шодӣ ва хушӣ вомедорад.

13. Ҳифзи мӯмин аз иртикоби гуноҳони кабира. Дар ривояти саҳеҳ аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омадааст, ки мефармояд:

«Зинокор дар ҳолати зино бо имон нест»(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Инҳо самараҳои возеҳ ва бузурги имон ҳастанд, пас куҷоянд касоне, ки дар пайи осоиш ва оромиши хаёланд?

Осори имон:

Аз ҷумлаи осори имон дар зиндагии мӯмин:

1. Афзоиши ҳирси мӯмин барои фармонпазирӣ аз қонун ва шаръи мутаҳҳҳари Худованд: Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Сухани мӯминон чун ба (роҳ)и Худованд ва Расулаш фарохонда шаванд, то байни онон ҳукм кунад, фақат ин аст, ки мегӯянд: шунидем ва фармон бурдем ва инҳоянд растагор}. [Cураи Нӯр, ояти 51] .

Имон соҳибашро ба фармонпазирӣ ва инқиёд аз дастури Аллоҳи мутаол вомедорад.

Имон ба Худованд зиндагист.. Зиндагӣ бо Худованд имон аст.

Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Савганд ба Парвардигорат (дар ҳақиқат) мусалмон нестанд, магар ин, ки дар ихтилофе, ки байни онон даргирифт, туро довар кунанд, онгоҳ аз он чӣ ҳукм кардӣ дар худ ҳеҷ дилтангӣ наёбанд ва комилан гардан ниҳанд}.[Сураи Нисо, ояти 65].

Балки имон соҳибашро ба гардан ниҳодан ва ризоят ба дастури Аллоҳи мутаъол фаро мехонад.

2. Ҳифозати Аллоҳи мутаол аз бандааш дар баробари ширки ошкор ва пинҳон. Банда ҳеҷ дархост, дуо ва ёрӣ ҷӯстанро аз ғайри Аллоҳи мутаол талаб намекунад. Сӯду зиён ба дасти Аллоҳи мутаол аст:

{Агар Худованд (бихоҳад) газанде ба ту расонад, боздорандае барои он ҷуз худи Ӯ нест}.
[Сураи Анъом, ояти 17].

3. Дӯстӣ ва душманӣ дар роҳи Худованд ва барои Ӯ ва ин мустаҳкамтарин ресмони имон аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак мӯминон бо ҳам бародаранд}.[Сураи Ҳуҷурот, ояти 10],

Ва ҳеҷ чиз беш аз бародарӣ байни Муҳоҷирин ва Ансор бар ин далолат намекунад, зеро онҳо ҷону молро тақдими бародари худ намуданд. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Ҳаргиз касе аз шумо мӯмини комил намешавад, то дӯст бидорад барои бародари мӯминаш он чиро барои худ дӯст медорад».

(Ривоят аз Бухорӣ аст).

{Эй касоне, ки имон овардаед, имон биёваред}, фаро хондани онон ба сӯи имон ва ташвиқ бар он, ба сабаби ҷойгоҳи бузурги он аст.

4. Шикебоӣ дар ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва бахшидани ҳар чизи гаронбаҳо ва бо арзиш дар ин роҳ, то Аллоҳи мутаъол розӣ шавад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Мӯминон танҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ ва Расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардаанд, инҳоянд ростгӯён}.[Сураи Ҳуҷурот, ояти 15].

5. Саодату хушбахтии қалб ба эътимод бар Худованд ва яқин нисбат ба ваъдаҳои Ӯ ва ба он чизест, ки дар назди Ӯ вуҷуд дорад. Биҳишти дунё дар назари Ӯ имон ва пайравӣ аз Аллоҳи мутаол аст ва умеди расидан ба биҳишти охиратро дорад, ки Аллоҳи мутаол ба ӯ ваъда додааст, балки бештар аз ин ӯ умеди подоши аъмоли худро дорад ва интизор дорад дар баробари тамоми хастагиҳо, ранҷҳову резиши арақ, подоши худро аз тарафи Аллоҳи мутаол дарёфт кунад ва дар номаи аъмоли ӯ навишта мешаванд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Барои аҳли Мадина ва касоне аз бодиянишиноне, ки гирду атрофи он ҳастанд, раво нест, ки аз Расули Аллоҳ ақиб монанд (ва бо Ӯ барои ҷиҳод аз манзилашон набароянд) ва (низ раво нест) ки ҷони худро аз ҷони Ӯ азизтар доранд. Ин аз он сабаб аст, ки ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие дар роҳи Аллоҳ ба онон намерасад ва ҷое, ки кофиронро ба хашм меорад, тай накунанд ва аз (ҳеҷ) душмане дастбурде ба даст намеоранд, магар ин, ки ба (подош)и он барояшон кирдори шоиста навишта хоҳад шуд. Худованд подоши накӯкоронро зоеъ намекунад (120) ва ҳеҷ нафақае - чӣ андак ва ё бисёр- харҷ намекунанд ва ҳеҷ майдонеро тай намекунанд, магар он, ки ба (сӯдашон) навишта хоҳад шуд, то Худованд ба (поси) накӯтарини он чӣ мекарданд, ба онон подош диҳад (121)}.
[Сураи Тавба, ояти 120-121],

Тамоми инҳо барои касонест, ки ба Ӯ имон оварда ва содиқ бошанд.

6. Даст ёфтан ба дӯстии Аллоҳ ва Расули Ӯ. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак валии шумо Худованд ва Расулаш ва касоне, ки имон оварданд мебошанд}.[Сураи Моида, ояти 55].

Вилояти Аллоҳи мутаол яъне: муҳаббати Худованди пок ва ёрии дини Ӯ ва дӯстӣ бо дӯстони Ӯ ва дурӣ аз душманони Ӯ, касоне, ки тарафи муқобили Ӯ қарор доранд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Гуруҳеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон меоранд, нахоҳӣ ёфт, ки бо касе, ки бо Аллоҳ ва Расулаш мухолифат варзидааст, дӯстӣ кунанд ва агар чӣ падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Инҳоянд, ки (Аллоҳи мутаол) дар дилҳояшон имонро нигоштааст ва ононро бо файзе аз сӯи худ тавон додааст ва ононро ба боғҳое дохил мекунад, ки аз зери он дарёҳо равон аст ва дар онон ҷовидонанд. Худованд аз онон хушнӯд аст ва онон низ аз Ӯ хушнӯданд. Инҳо сипоҳиёни Аллоҳ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки сипоҳиёни Аллоҳ растагоранд}.[Сураи Муҷодала, ояти 22],

Балки мӯмин Аллоҳ ва Расулу мӯминонро ба дӯстӣ мегирад ва ҳаргиз ба кофирон дасти дӯстӣ намедиҳад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Мӯминон набояд кофиронро ба ҷои мӯминон дӯстони (хеш) қарор диҳанд}.[Сураи Оли Имрон, ояти 28].

7. Соҳиби ахлоқи накӯ мешавад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) мефармояд:

«Ҳаё ва имон ба ҳам мутасиланд, ҳаргоҳ яке аз байн рафт, дигаре ҳам аз байн меравад».(Ривоят аз Байҳақӣ аст).

Ҳаё аз бузургтарин хислатҳои ахлоқист. Мӯмин ахлоқашро бо бародараш накӯ месозад, то дар биҳишти дунё бидуни мушкилу ихтилоф ва душманӣ зиндагӣ кунад. Ин ба он сабаб аст, ки ӯ мӯмин аст ва ин фақат барои мӯмин аст.

8. Хушбахтии асосӣ ва осоиши равонӣ сабаб мешавад, ки ӯ эҳсос кунад дар биҳишти дунё дар хушбахтӣ ва роҳати хаёл аст, зеро ӯ як Парвардигор дорад, ки Аллоҳ аст ва як паёмбар дорад, ки Муҳаммад бини Абдуллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва як барнома дорад ва он пайравӣ аз ризояти Аллоҳи мутаъол аст ва як ҳадаф дорад, ки он расидан ба биҳиштест, ки паҳноияш ба монанди вусъати осмону замин аст.

Ин тараф ва он тараф нигоҳ мекунӣ мебинӣ бемористонҳо пур аз беморанд, ки гила ва шикоят ва ғаму ғусаҳо ва ранҷи худро ҳикоят мекунанд ва аз камхобӣ ва афсурдагӣ ва кобусҳои шабона дар азобанд ва ту ба таври яқин медонӣ, ки тамоми ин бемориҳо ба сабаби дӯрӣ аз имон ба Аллоҳи мутаол, майл ба дунё ва такя бар он аст. Модиёт бар маънавиёт ва ҷанбаи рӯҳии башар туғён карда ва чира шудааст ва инсон шадидан ба ин ниёз дорад, ки то ҷанбаи рӯҳии худро ишбоъ кунад ва ин имкон надорад, магар бо имони ростин ба Аллоҳи мутаол ва эътимод бар Ӯ ва ёди ҳамешагии Ӯ ва имон ба фариштагону китобҳои осмонӣ ва ба Расулон ва имон ба тақдири хайру шар, талху ширин, ки ҳамагӣ аз тарафи Аллоҳи мутаол аст.

Ба ҳар ҳол бисёре аз инсонҳо аз дармони қалб ва роҳатии дил ва биҳишти дунё ғофил гашта ва дар паи умури беарзиши ин ҷаҳон худро ба ранҷу азоб андохтаанд ва на ба он чӣ мехоҳанд мерасанд ва на ба роҳатӣ ва осоише даст меёбанд, ки аз оғози роҳ дар пайи онанд.

Сер сохтани ҷониби рӯҳӣ фақат бо имон мумкин мешавад, зеро рӯҳ аз тарафи Аллоҳи мутаол аст ва Аллоҳи мутаол ҷисмро аз хок офаридааст. Ҳаргоҳ, ки ҷониби рӯҳиро сероб ва ишбоъ кардӣ, майли ту ба умури пасти дунявӣ коҳиш меёбад ва ба самти умур ва фазои маънавӣ гароиш меёбӣ ва ба самти боло равон мешавӣ ва ҳаргоҳ аз ин ҷанба ғофил шудӣ, нафси ту ба табиати ҳайвонӣ ва шаҳвонии худ бармегардад ва ба ранҷу сахтӣ дӯчор мешавад ва дунё дар баробари дидагонаш тира ва тор мешавад.


Имон ба Расулоне, ки Худованд онҳоро муаррифӣ кардааст:

Худованд бандагонашро беҳуда наёфарида ва онҳоро ба худ во нагузоштааст. Ба ин ҳадаф Аллоҳи мутаол Расулонро фиристода, то Ӯро бо камол ва ҷалолаш шиносонда ва шариату қонуни Ӯро муаррифӣ кунанд. Аллоҳи мутаол беҳтарин инсонҳоро барои ин кор фиристодааст ва расулони зиёде ҳам ирсол кардааст, аз он ҷумла Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо (дуруду саломи Аллоҳ бар онҳо бод) ва поёнбахши паёмбарон Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аст. Бо ҳамаи онон нишонаҳое қарор дод, то ба сидқу ростии онон далолат кунад. Пас онҳо амонатро расонданд ва рисолатро адо карданд ва Худованди холиқро ба бандагонаш муаррифӣ намуданд. Ҳар кас, ки ба онҳо имон наёварад ва онҳоро тасдиқ накунад, ба Худованд имон наёвардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Расули (Аллоҳ) ба он чӣ аз (сӯи) Парвардигораш бар Ӯ нозил шуда, имон овардааст ва мӯминон (ҳам) ҳар як ба Худованд ва фариштагонаш ва китобҳояш ва фиристодагонаш имон овардаанд},[Сураи Бақара, ояти 285].

Зеро онҳо паёмрасонони Худованди пок ҳастанд ва мо ба ҳамаи онҳо имон дорем. Аллоҳи мутаол мефармояд: {(ва гуфтанд:) байни ҳеҷ як аз фиристодагонаш фарқ намегузорем}.[Сураи Бақара, ояти 285].

Аллоҳи мутаол ҳамроҳи расулони худ китобҳое фиристод, то нӯре барои башарият бошанд. Ҳамроҳи Иброҳим саҳифаҳое фуру фиристод ва Забурро ба Довӯд дод ва Тавротро ба Мӯсо ва Инҷилро ба Исо бахшид ва ба Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар ҳамаи онҳо бод) Қуръонро эҳдо кард, ки он муъҷизаи ҳамешагии ӯст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ин китобест, ки оёташ устувор, онгоҳ равшаншуда аст аз назди (Аллоҳ)и фарзонаи огоҳ (нозил) гаштааст}.
[Сураи Ҳуд, ояти 1],

Ва Худованди пок онро нӯр, баракат, далел ва сабаби ҳидоят қарор дод. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ин китоби муборакест, ки мо онро нозил кардаем, пас аз он пайравӣ кунед ва тақво пеша кунед, то мавриди раҳмат қарор гиред}.
[Сураи Анъом, ояти 155],

Ва ҳам чунин мефармояд: {Эй мардум! ба ростӣ бароятон аз (ҷониби) Парвадигоратон бурҳоне омад ва нӯри ошкор ба сӯи шумо нозил кардем}.[Сураи Нисо, ояти 174].

Аллоҳи мутаол дар калимаи шаҳодат имон ба Хотами паёмбарон ва расулон ва беҳтарини башарро мутассил ба имон ба ваҳдонияти хеш қарор додааст. “Ашҳаду ан ло илоҳа иллАллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ”. Худованд Ӯро раҳмате барои тамоми ҷаҳониён фиристода ва ба василаи Ӯ онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нӯр берун кард ва аз ҷаҳлу нодонӣ ба самти дониш бурд ва аз гумроҳӣ ба самти ҳидоят ва имон, пас Ӯ амонатро расонд ва барои уммат хайрхоҳӣ намуд. Ӯ барои умматаш бисёр ҳарис буд.

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак расуле аз худатон ба сӯи шумо омад, ранҷатон бар Ӯ душвор мебошад, бар шумо ҳарис (ва) ба мӯминон рауфу меҳрубон аст}.[Сураи Тавба, ояти 128]

Аллоҳи мутаол ба паёмбар ва расулаш ҳуқуқеро дод, ки шоистаи Ӯ буд. Ӯ беҳтарини башар ва сарвари онҳо аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ман сарвари фарзандони Одам ҳастам ва албатта дар ин фахре нест».(Ривоят аз Ибни Моҷҷа аст).

Аз ҷумлаи ҳуқуқи он Ҳазрат (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод):

1. Имон ба ин, ки Ӯ банда ва фиристодаи Худованд буда ва ин, ки Худованд Ӯро раҳмат барои ҷаҳониён фиристодааст ва Ӯ амонатро расонда ва рисолатро адо кардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ба Аллоҳ ва расулаш ва нӯре, ки нозил кардаем, имон биёваред}.
[Сураи Тағобун, ояти 8]

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Савганд ба он Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳар яке аз ин уммати яҳудӣ ё масеҳӣ, ки хабари беъсати ман ба онҳо мерасад ва имон намеорад, аз аҳли оташ хоҳанд буд».(Ривоят аз Муслим аст).

2. Тасдиқ ва пазириши он чӣ, ки Расули Аллоҳ (с) аз тарафи Худояш овардааст ва яқин ба ин, ки он ҳақ буда ва Ӯ бидуни тардид аз тарафи Худояш иблоғ намудааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Мӯминон танҳо онҳоеанд, ки ба Худо ва расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд}.[Сураи Ҳуҷурот, ояти 15],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Савганд ба Парвардигорат (дар ҳақиқат) имон намеоранд, магар ин, ки дар ихтилофе, ки байни онон рӯх дода, туро довар қарор диҳанд, онгоҳ аз он чӣ файсала намудӣ дар нафсҳои худ ҳеҷ дилтангие наёбанд ва комилан таслим ва гардан ниҳанд}.[Сураи Нисо, ояти 65].

3. Муҳаббат бо Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод): {Бигӯ агар падаронатон ва фарзандонатон ва бародаронатон ва ҳамсаронатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки онро ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодаш метарсед ва хонаҳое, ки онҳоро меписандед, назди шумо аз Аллоҳ ва расулаш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ маҳбубтар бошанд, пас дар интизор бошед, то Худованд ҳукмашро дар байни шумо оварад ва Худованд гуруҳи нофармонро ҳидоят намекунад}.
[Сураи Тавба, ояти 24],

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳеҷ яке аз шумо мӯмин намешавад, то замоне, ки ман аз падару модар ва фарзандаш ва тамоми мардум дар назди ӯ маҳбубтар набошам».
(Ривоят аз Бухорӣ аст)

4. Эҳтиром ва икрому арҷ гузоштан ба Ӯ. Аллоҳи мутаол мефармояд: {То (шумо эй мардум) ба Аллоҳ ва расулаш имон оваред ва (дини) Ӯро ёрӣ диҳед ва Ӯро бузургу виқор доред}.
[Сураи Фатҳ, ояти 9],

Ва ҳамчунин мефармояд: {Пас ононе, ки ба Ӯ имон оварданд ва Ӯро гиромӣ доштанд ва Ӯро ёрӣ доданд ва аз нӯре, ки бо Ӯ нозил шудааст, пайравӣ карданд, онҳоянд растагору комёб}.
[Сураи Аъроф, ояти 157].

5. Дӯстию маваддат ва гиромидошти Аҳли байти Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод): касоне, ки Исломро пазируфтанд ва бар суннат ва роҳу равиши Ӯ ҳаракат карданд, васияту супоришҳои паёмбарамон Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро фаҳмиданд, он ҷо, ки мегӯяд: «Ба хотири Аллоҳ Аҳли байти маро гиромӣ доред, ба хотири Аллоҳ Аҳли байти маро гиромӣ ва муроот кунед, ба хотири Аллоҳ Аҳли байти маро муроот кунед».
(Ривояти аз Муслим аст).

Аҳли байти Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аз бузургони мардум буданд, касоне монанди ҳамсаронаш ва хешовандону фарзандонаш, ки садақа бар онҳо ҳаром ва таҳқиру тавҳин намудани онҳо ҷоиз набуда, ҳамчунин даъвои исмат барои онон ҷоиз набуда ва норавост, ки ононро ба ҷойи Аллоҳ ба кӯмак талабем.

6. Муҳаббат бо ёрони Ӯ, касоне, ки ба Ӯ имон оварданд ва Ӯро тасдиқ карданд ва ба бадӣ зикр накардани онҳо. Аллоҳ мутаол ононро сутудааст.

7. Ба бадӣ зикр накардани Саҳоба ва сирати онҳо, касоне, ки Ӯро тасдиқ карда ва ба Ӯ имон оварданд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳи мутаол ононро сутуда, мефармояд: {Муҳаммад Расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо Ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгир ва дар байни худ меҳрубонанд. Ононро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Худованд фазлу хушнӯдӣ меҷӯянд. Нишонаи (дурусткорӣ)и онон аз асари саҷда дар чеҳраҳояшон пайдост}.[Сураи Фатҳ, ояти 29].

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи онон фармуд: «Ёрони маро дашном мадиҳед, ёрони маро дашном мадиҳед! савганд ба он Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар яке аз шумо ба андозаи куҳи Уҳуд дар роҳи Аллоҳ тило харҷ кунад, ба андозаи ду мушт харҷе, ки онҳо кардаанд, намерасад ва ба ними ин миқдор ҳам намерасад».(Ривоят аз Муслим аст).

Ва беҳтарини саҳоба Хулафои рошидин ҳастанд: Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (Аллоҳ аз онон ва аз дигар Саҳоба хушнӯд бод). Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва гузаштагони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва касоне, ки ба накӯӣ аз онон пайравӣ карданд, Худованд аз онон хушнӯд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнӯд шуданд ва барояшон боғҳое, ки аз зери онҳо дарёҳо ҷорист, омода карда, дар онҷо ҳамеша ҷовидонанд, ин комёбии бузург аст}.[Сураи Тавба, ояти 100]

Ҳамаи онон илм ва динро аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) нақл карданд, то ба мо расид.


Имон ба дидори Аллоҳи мутаол:

Ҳамаи бандагон ба сӯи Аллоҳ боз мегарданд ва бозгашти ҳамагӣ ба сӯи Ӯст. Ин рукни асили имон ба Аллоҳи мутаол, балки аз аркони имон аст: аз ҷумали аркони имон, имон ба рӯзи растохез аст. Замоне, ки Ҷабраил дар назди Саҳоба барои омӯзиши онон аркони имонро аз Паёмбар (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) пурсид, ба Ӯ гуфт: «(Имон онаст), ки ба Аллоҳ ва фариштагон, китобҳои Ӯ, Расулони Ӯ, рӯзи растохез ва ба тақдири хайр ва шар аз ҷониби Ӯ, имон биёварӣ».(Ривоят аз Муслим аст).

Он рӯз, ба рӯзи дигар, ё рӯзи бозпасин номгузорӣ шудааст, зеро баъд аз он рӯзи дигаре нест ва баъд аз он биҳиштиён дар биҳишт ва дӯзахиён дар дӯзах ҷой мегиранд. Дар Қуръони Карим ин рӯз ба номҳои зиёде номгузорӣ шуда, ки бар азамат ва ҷойгоҳу аҳамияти рӯйдодҳои он рӯз далолат мекунад, аз ҷумла номҳои он иборатанд аз: рӯзи “Воқеа”, зеро вуқуъи он қатъӣ ва ҳатмист, “Хофиза” ва “Рофиа”, зеро қавме бо даромадан дар биҳишт, мақоми рафеъ ва баланд меёбанд ва дастае бо сарнагун шудан дар дӯзах, хору залил мешаванд. Рӯзи ҳисоб ва ҷазо ва рӯзи “Алҳоққаҳ”, яъне рӯзе, ки ахборе, ки Худованд дода буд, таҳаққуқ меёбад. Рӯзи “Томма”, яъне рӯзи ғалаба ёфтан ва “Соххаҳ”, яъне фарёди гушхарош, зеро фарёди сӯр сабаби кар шудани мардум мешавад. Ва рӯзи “Ваъид”- ҳушдор-, яъне ҳушдории Худованд дар бораи кофирон таҳаққуқ пайдо мекунад ва рӯзи “Ҳасрат”, зеро дар он рӯз ҳасрату афсуси фаровон аст ва “Явмут-талоқ”- гирд омадан- ба маънои дидор, зеро дар он рӯз ҳамаи мардум дар як макон гирди ҳам меоянд ва “Явмул-азифаҳ”-наздик-, рӯзи наздик ба сабаби шиддати наздикии он ва “Явмут-танод”- рӯзи фарёд-, зеро дар он рӯз фарёдҳои зиёде зада мешавад, биҳиштиён дӯзахиёнро садо мезананд ва дӯзахиён биҳиштиёнро ва рӯзи “Ақим” чаро, ки баъд аз он рӯзи дигаре нест ва “Дорул-охираҳ” ва “Дорул-қарор” ва “Ғошияҳ”- фарогир-, зеро ҳамаи мардумро фаро мегирад.. ва дигар номҳои он рӯз

Он чӣ лозимаи имон ба рӯзи охират аст:

Аввал: имон ба он чӣ баъд аз марг рӯх медиҳад:

Қабр ва саволу ҷавоби он:

Ин ҳамон пурсиш аз мурда баъд аз дафни ӯст, ки дар бораи Раб, Дин ва Набии Ӯ пурсида мешавад. Аллоҳи мутаол мӯминонро устувор нигаҳ медорад ва посӯх медиҳанд, ки Раби ман Аллоҳ, дини ман Ислом ва набии ман Муҳаммад аст ва Аллоҳи мутаол кофиронро гумроҳ мекунад ва посӯх медиҳанд: (оҳо, оҳо намедонам) ва фарди мунофиқ ва мутараддид посӯх медиҳад: (ман намедонам, ман шунидам, ки мардум чизе мегуфтанд, ман ҳам гуфтам).

Азоби қабр ва неъмати он:

Азоби қабр барои ситамгарон, мунофиқон, кофирон ва барои бархе аз мӯминони гунаҳкор мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва чун бинӣ онгоҳ, ки ситамгарон дар сакароти марганд ва фариштагон дастони худро гушодаанд (ва мегӯянд) ҷонҳоятонро берӯн оваред (шигифтзада мешавӣ), имрӯз ба (сазои) он чӣ ба ноҳақ бар Худованд мегуфтед ва (ба сазои он, ки) аз оёташ саркашӣ мекардед, ба азоби хоркунанда кайфар дода мешавед}.[Сураи Анъом, ояти 93]

Ва Аллоҳи мутаол дар бораи Оли Фиръавн мефармояд: {Оташи (дӯзах ононро фуру гирифт), ки ҳангоми субҳу шом бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (гӯем) фиръавниёнро ба сахтарин азоб дароваред}.
[Сураи Ғофир, ояти 46],

Дар ҳадиси Зайд бини Собит аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд:«Агар тарси ин намебуд, ки мурдагони худро дафн накунед, дуо мекардам, ки Худованд садои нолаҳои азоби қабрро, ки ман мешунавам, ба шумо бишунавонад”, пас фармуд: “Аз азоби қабр ба Худованд паноҳ бибаред”, мо гуфтем: аз азоби қабр ба Худованд паноҳ мебарем, пас фармуд: “Ба Худованд паноҳ бибаред аз азоби оташ”, мо гуфтем: аз азоби оташ ба Худованд паноҳ мебарем. Фармуд: “Ба Худованд паноҳ бибаред аз фитнаҳои ошкору пинҳон”, гуфем: паноҳ бар Худованд аз фитнаҳо, он чӣ ошкор бошад, ё пинҳон бошад. Фармуд: “Аз фитнаи Даҷҷол ба Худованд паноҳ бибаред».
(Ривоят аз Муслим аст).

Ҳаргоҳ Усмон (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) бар қабре меистод, мегирист ҳатто, ки ришаш тар мешуд. Гуфт: ба Ӯ гуфта шуд: биҳишту дӯзахро ёд мекунӣ ва гиря намекунӣ ва аз ин гиря мекунӣ? гуфт: Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: “Қабр нахустин манзилгоҳи охират аст, агар аз он наҷот ёфтед, баъд аз он осонтар хоҳад шуд ва агар аз он наҷот наёфтед, баъд аз он сахтар хоҳад шуд”, гуфт: ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: “Ҳеҷ манзарае надидам магар ин, ки қабр аз он ваҳшатноктар ва тарсноктар буд”. (Ривоят аз Аҳмад аст).

Аммо неъматҳои қабр барои мӯминони ростин мебошад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Касоне, ки гуфтанд Парвардигорамон Аллоҳ аст, онгоҳ устувор монданд, фариштагон (бо ин паём) бар онон фуру меоянд, ки: натарсед ва андуҳгин набошед ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешудед, хӯш бошед}
[Сураи Фуссилат, ояти 30].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ҳангоме, ки (ҷонҳо) ба ҳалқум мерасад (83) ва шумо онгоҳ менигаред (84) ва мо аз шумо ба ӯ (майит) наздиктарем, вале дарк намекунед (85) пас агар ҷазо намебинед (86) чаро агар ростгӯед он (ҷон)ро барнамегардонед (87) пас аммо агар аз муққарабини (даргоҳи илоҳӣ) бошад (88) осоиш ва райҳону боғи пурнозу неъмат дорад (89) ва аммо агар аз некбахтон бошад (90) пас барои ту (эй майит) аз некбахтон салом (91) ва аммо агар аз такзибкунандагони гумроҳ бошад (92) пазироии ӯ бо оби ҷӯшон (93) ва даровардан ба дӯзах аст (94) бегумон ин хабар рост ва яқин аст (95) пас номи Парвардигори бузургтатро ба покӣ ёд кун (96)}.

[Сураи Воқеа, ояти 83- 96],

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи мӯмин, онгоҳ, ки ба ду фаришта посӯх дод, мегӯяд: «Нидодиҳандае аз осмон нидо медиҳад, ки: бандаи ман рост гуфт, аз биҳишт барояш бигустаронед ва аз биҳишт бипӯшонед ва аз биҳишт барояш даре бикушоед ва аз бӯи хуш ва ҳавои латифи он ба ӯ мерасад ва қабраш ба вусъати дидаш кушод мешавад»
(Ривоят аз Аҳмад ва Абӯдовуд аст дар ривояти тулонӣ).

Дуввум: Имон ба рӯзи растохез:

Ва он зинда карданди мурдагон аст, онгоҳ, ки бори дуввум дар сӯр дамида мешавад, мардум назди Парвардигори ҷаҳониён аз гӯрҳо бармехезанд, побараҳна бидуни ҳеҷ кафше ва луч бидуни ҳеҷ гуна либосе ва хатнаношуда. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ҳамчуноне, ки нахустин офаринишро оғоз кардем (дигарбора) онро такрор хоҳем кард (ки ба унвони) ваъдаи лозим бар мост, бегумон мо тавоно (бар ин) корем}
[Сураи Анбиё, ояти 104].

Ва растохез ҳакқ аст ва бо Китоб ва Суннат ва иҷмои мусалмонон собит шудааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Сипас шумо пас аз ин хоҳед мурд (15) онгоҳ қатъан шумо рӯзи қиёмат барангехта хоҳед шуд (16)}
[Сураи Мӯминун, ояти 15-16].

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст: «Рӯзи растохез мардум побараҳна ва хатнаношуда барангехта мешаванд»
(Ривояти мутафақун алайҳӣ аст).

Мусалмонон бар дурустии он иҷмоъ кардаанд ва он муқтазои ҳикмат аст, ки Худованд барои ин офариниш растохезе қарор диҳад, то дар он бар асоси он чӣ ба забони Паёмбарон барои онон фуру фиристода, ба онҳо подош ва кайфар диҳад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Оё шумо пиндоштед, ки мо шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба сӯи мо боз гардонда намешавед}.[Сураи Муминун, ояти 115],

Ва Аллоҳи мутаол ба паёмбараш мефармояд: {Бешак касе, ки Қуръонро бар ту воҷиб кард, қатъан туро ба бозгаштгоҳе боз хоҳад гардонд}.
[Сураи Қасас, ояти 85]

Саввум: имон ба он чӣ дар бораи аломот ва нишонаҳои рӯзи растохез омадааст:

Ва инҳо ҳамон рӯйдодҳое ҳастанд, ки пеш аз вуқуи қиёмат рӯх дода ва бар наздикии он далолат мекунанд ва ба ду навъи бузург ва кӯчак тақсим мешаванд.

Нишонаҳои кӯчак:

Ин маҷмуаи рӯйдодҳое ҳастанд, ки пеш аз вуқуи қиёмат ба муддати тӯлонӣ рӯх медиҳанд ва бархе аз онҳо рӯх дода ва поён пазируфта ва бархи дигаре ошкор шудаанд ва то ҳанӯз ошкор мешаванд ва идома доранд. Бархи дигар то ҳанӯз рӯх надода ва ба зудӣ рӯх хоҳад дорад, ҳамон гуна, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хабар додааст, монанди беъсати Расули Аллоҳ ва вафоти Ӯ ва фатҳи Байтулмуқаддас ва зоҳир шудани фитнаҳо, аз байн рафтани амонатдорӣ, аз байн рафтани илму дониш, зуҳури ҷаҳлу нодонӣ, интишори зино ва робитаҳои номашруъ, рибохурӣ, зуҳури олоти мусиқӣ, афзоиши шурби хамр ва ифтихори чупонҳо дар сохтмонҳои баландмартаба, афзоиши бадрафтории фарзандон бо модарон ва ҳамзистӣ бо онон ҳамчун хидамтгор, афзоиши куштору зилзила, фуру рафтан ва балъида шудан ба василаи замин ва ифтиро ва зуҳури занони пӯшида, аммо урён, афзоиши гувоҳӣ ва шаҳодати дуруғин ва пинҳон кардани гувоҳии ростин ва дигар мавориде, ки дар китоби Аллоҳ ва суннати Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омадааст.

Нишонаҳои бузург:

Инҳо маҷмуае аз рӯйдодҳои бузург ҳастанд, ки ба наздикии қиёмат далолат мекунанд ва ин, ки замони зиёде то вуқуъи қиёмат намондааст ва ин маҷмуъа даҳ нишона дорад: Даҷҷол, фуруд омадани Исо писари Марям, зуҳури Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ва се бор фуру рафтани замин: яке дар машриқ, яке дар мағриб ва дигаре дар Ҷазираи Араб, зуҳури дӯд, тулуъи хуршед аз самти мағриб, падидор шудани як ҳайвон ва оташе, ки мардумро ба самти маҳали ҳашр мебарад. Ин нишонаҳо пай дар пай меоянд, вақте нахустин нишона ошкор шуд, дигар нишонаҳо дар пайи он меоянд.

Чаҳорум: имон ба рӯйдодҳои ваҳшатноки рӯзи растохез, монанди:

1. Кӯбидан ва ҳамвор шудани куҳҳои баланд бо замин. Аллоҳи мутаол мефармояд: Ва куҳҳоро бинӣ (ва) гумон мекунӣ онҳо сокин ҳастанд, ҳоло он, ки онҳо монанди абр даргузаранд}.
[Сураи Намл, ояти 88],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва куҳҳо сахт хурду реза шаванд (5) ва монанди ғубор пароканда гарданд (6)}.
[Сураи Воқеа, ояти 5-6].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва куҳҳо монанди пашми рангин шаванд}[Сураи Маъориҷ, ояти 9],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва дар бораи куҳҳо аз ту мепурсанд, бигу: Парвардигорам онро сахт пароканда хоҳад кард (105) ва онро (монанди) майдон ҳамвор хоҳад гардонд (106), ки дар онҷо ҳеҷ нишебу фарозе нахоҳӣ дид (107)}.
[Сураи Тоҳо, ояти 105-107].

2. Мунфаҷир шудани дарёҳо ва шуълавар ва оташ шудани онҳо. Ин дарёҳо, ки қисмати аъзами кураи заминро дарбар гирифтаанд, дар он рӯз мунфаҷир мешаванд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҳангоме, ки дарёҳо мунфаҷир шаванд}.[Сураи Инфитор, ояти 3],{Ҳангоме, ки дарёҳо афрухта шаванд}.
[Сураи Таквир, ояти 6].

3. Табдил шудани замин ва осмонҳо аз вазъе, ки мардум онро мешоҳида мекунанд. Онҳо дар замине барангехта мешаванд, ки нисбат ба он ҳеҷ шинохт ва асаре надоранд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Рӯзе, ки замин ба замини дигаре табдил шавад ва осмонҳо (низ чунин шаванд) ва ба пешгоҳи Худованди ягонаи қаҳҳор ошкор шаванд}.
[Сураи Иброҳим, ояти 48].

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:«Мардум рӯзи растохез дар замини сафед ва ғуборолӯд гирд меоянд, монанди як сафҳаи пок, ки барои ҳеҷ кас дар он ҳеҷ нишонае нест»(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Сафед ва бидуни ҳеҷгуна нишона ва аломат мегардад.

4. Мардум чизҳоеро мебинанд, ки ба дидани он одат надоштаанд. Онҳо канори ҳам қарор гирифтани моҳу хуршедро мушодиҳа мекунанд, ки сабаби изтироб ва парешонии бештар мешавад. Аллоҳи мутаол мефармояд:{Онгоҳ, ки чашм хира шавад (7) ва моҳ тира гардад (8) ва хуршеду моҳ ба ҳам оварда шаванд (9) инсон он рӯз мегуяд: роҳи гурез куҷост (10)}
[Сураи Қиёмат, ояти 7-10].

5. Дамидан дар сӯр, ки он поёни ин зиндагии дунё аст ва онгоҳ, ки он рӯз фаро расад, дар сӯр дамида мешавад ва бо он дамидан, зиндагӣ дар замин ва осмон поён мепазирад.

{Ва дар сӯр дамида шавад, онгоҳ осмониён ва заминиён (ҳамагӣ) бимиранд, магар касе, ки Худованд хоста бошад}.
[Сураи Зумар, ояти 69],

Он дамидани ваҳшатнок ва ҳалокунанда аст, шахс онро мешунавад ва чунон ваҳшатзада мешавад, ки қодир ба васияту супориши чизе намегардад ва наметавонад пеши зану фарзандон ва дӯстони худ боз гардад.{Ҷуз чашм ба роҳи бонги маргбор нестанд, ки дар ҳоле ононро фаро мегирад, ки душманӣ меварзанд (49) пас наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи хеш боз гарданд (50)}.
[Сураи Ёсин, ояти 49-50].

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:«Сипас дар сӯр дамида мешавад ва ҳар кас онро шунавад, гарданаш каҷ мешавад ва аз шиддати он ҳушу ҳавои худро аз даст медиҳад- мегӯяд- нахустин касе, ки онро мешунавад, фардест, ки ҳавзи худро гилолӯд мекунад, то шутурон аз он бинушанд- мегӯяд- пас беҳӯш мешавад ва мардум низ беҳӯш мешаванд»
(Ривоят аз Муслим аст).

6. Гирд омадани инсонҳое, ки аз оғози офариниш то поёни он дар рӯи замин офарида шудаанд: ҳамагӣ дар саҳрои маҳшар ҷамъ мешаванд. Инсонҳо ва ҷинҳо аз нахустин то охирин ва ҳатто ҳайвоноти онҳо. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Дар ин (амр) барои касе, ки аз азоби охират битарсад, нишонаест. Он рӯз, рӯзест, ки мардум дар он гирд оварда мешаванд ва он рӯз рӯзест, ки (ҳама) ҳозир оянд}.

[Сураи Ҳуд, ояти 103].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бигӯ: бегумон пешиниён ва пасиниён (49) дар мавъиди рӯзи муайян гирд оварда мешаванд (50)}.[Сураи Воқеаҳ, оёти 49-50].

7. Мардум урён ба ҳамон сон, ки Худованд ононро офаридааст, ҳашр мешаванд, аммо аз шиддати он рӯз ба чизе таваҷҷуҳ намекунанд. Модари мӯминон Ойиша (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) аз он вазъ шигифт зада шуд. Аз Ӯ ривоят шудааст, ки фармуд: «Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: “Шумо побараҳна, урён ва хатнаношуда, ҳашр мешавед”. Ойиша (р) гуфт: эй Расули Аллоҳ! Мардону занон ба ҳам нигоҳ мекунанд? Фармуд: вазъияту ҳолат бисёр сахттар аз он аст, ки ба ин умур мутаваҷҷеҳ шаванд» (Ривоят аз Бухорӣ аст).

8. Қисоси мазлум аз золим, ҳатто дар байни ҳайвонот. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Шумо рӯзи қиёмат ҳуқуқро ба соҳибонашон адо мекунед, ҳатто қисоси гусфанди бешох аз гусфанди шохдор ҳам гирифта мешавад». (Ривоят аз Муслим аст).

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Ҳар кас дар ҳаққи касе беадолатӣ карда ва нисбат ба мол ё обрӯи вай беадолатӣ кардааст, бояд имрӯз аз ӯ бахшиш пурсида, ҳалол кунад, пеш аз омадани он рӯзе, ки на дирҳаме бошад ва на диноре. Агар ӯро амали нек бошад, ба андозаи зулму беадолатӣ аз ӯ гирифта мешавад ва агар амали неке надошта бошад, аз гуноҳони тарафаш бардошта ва бар ӯ бор мекунанд» (Ривоят аз Бухорӣ аст).

9. Наздикии хуршед ба мардум, то ҷое, ки баробар бо кирдорашон дар арақи худ ғарқ мешаванд. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Рӯзи растохез хуршед наздик мешавад, то ба наздикии як мил мерасад. Салим бин Омир гуфт: ба Аллоҳ савганд ман намедонам манзӯр аз мил чист, оё масофаи мушаххас дар замин аст, ё ҳамон милае, ки бо он сурма ба чашм мекашанд. Фармуд: пас мардум ба андозаи аъмолашон дар арақ ғарқ хоҳанд буд, бархе то буҷулаки по ва бархе то зонӯ ва бархе то сина дар арақ хоҳанд буд ва бархи дигарро комилан ғарқ мекунад-ва Расули Аллоҳ ба даҳонаш ишора карданд».
(Ривоят аз Муслим аст).

10: Бархе номаҳои аъмолашонро ба дасти рост ва бархи дигар ба дасти чап мегиранд ва мардум дар ҳолати тарсу ваҳшат ва саргардонӣ барҷо мемонанд, то номаи аъмоли ҳамагӣ пахш шавад ва мӯминон башорат ёбанд, ки наҷоти онон наздик буда ва номаи аъмоли онҳо дар дасти рости онҳо ҷо мегирад ва ғаму ғӯсаи кофирон бо истиқрори номаи аъмолашон дар дасти чап, афзуда мешавад, ин подоше баробар бо кирдорашон аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас аммо касе, ки корномааш дар дасти рости ӯ дода шавад, мегӯяд: бигиред корномаамро бихонед (19) ман яқин доштам, ки ман ба ҳисобам хоҳам расид (20) пас ӯ дар зиндагонии писандидае хоҳад буд (21) дар биҳишти баррин (22) ки меваҳояш дастрас аст (23) ба (подош) он чӣ дар рӯзгори гузашта пеш фиристодаед, гуворо бихуред ва биёшомед (24) ва аммо касе, ки корномааш ба дасти чапи ӯ дода шавад, гӯяд: эй кош корномаам ба ман дода намешуд (25) ва намедонистам ҳисоби (корам) чист (26) эй кош марг яксара ва доимӣ буд (27) молам бароям фоидае накард (28) фармонравоиям аз (дасти) ман рафт (ва нобуд шуд) (29)} [Сураи Ҳоққаҳ, ояти 19-29].

11. Тарсу ваҳшат ва бетобию нигаронӣ: тавре, ки фард аз ҳеҷ кас чизе намепурсад ва ҷуз нафси хеш каси дигар барояш муҳим нест. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Рӯзе, ки молу фарзандон сӯде набахшанд}

[Сураи Шуаро, ояти 88].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Рӯзе, ки инсон аз бародараш бигрезад (34) ва аз модару падараш (35) ва аз ҳамсару фарзандонаш (низ бигрезад) (36) ҳар касе аз онон-он рӯз- кору боре дорад, ки барояш кифоят мекунад (37)}
[Сураи Абаса, ояти 34-37].

Панҷум: Имон ба ҳисобу китоб:

Банда бар асоси амалаш ҳисоб гирифта мешавад ва подошу кайфар меёбад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак бозгашти онон ба сӯи мост (25) онгоҳ ҳисобашон (низ) бар мост (26)}.

[Сураи Ғошия, оёти 25-26].

Ва мефармояд: {Ҳар кас некӣ кунад, даҳ чанди он (подош) дорад ва ҳар кас бадӣ кунад, ҷуз ба монанди он кайфар наёбад ва онон ситам нахоҳанд шуд}. [Сураи Анъом, ояти 160].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва рӯзи қиёмат тарозӯҳои дурустро дар байн ниҳем ва касе ситаме набинад ва агар (амали неку бади ҳар шахс) монанди донаи хардале бошад, онро (дар байн) меоварем ва мо ҳисобрасиро кифоят мекунем}. [Сураи Анбиё, ояти 47].

Аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд:

«Худованд ба банда наздик мешавад, то ҷое, ки ӯро зери сояи худ мегирад ва ӯро мепӯшонад ва ба ӯ мегӯяд: оё фалон гуноҳ ва фалон гуноҳ ёдат меояд? Посух медиҳад, “оре эй Парвардигор”, то ин, ки аз ӯ барои тамоми гуноҳонаш эътироф мегирад ва фард чунин гумон мекунад, ки ӯ ҳалок шудааст. Худованд мефармояд: ман ин гуноҳонро дар дунё пӯшондам ва имрӯз онҳоро мебахшам. Ва фармуд: пас аъмолномаи корҳои некаш ба ӯ дода мешавад. Аммо кофирону мунофиқонро дар ҳузури ҳамаи махлуқот ба фарёд мезананд» {инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дуруғ бастанд, огоҳ бошед, ки лаънати Аллоҳ бар ситамкорон аст}. [Сураи Ҳуд, ояти 18] (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Дар ҳадиси қудсӣ аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ривоят шудааст, ки аз Парвардигораш нақл мекунад: «Бешак Худованд некиҳо ва бадиҳоро навишта ва сипас онҳоро баён доштааст, ҳар кас қасди анҷоми кори некеро бикунад, аммо онро анҷом надиҳад, Худованд як некии комил барояш менависад ва агар қасди онро намуд ва онро анҷом дод, даҳ баробар, то ҳафтсад баробар барояш подош навишта мешавад ва агар қасди анҷоми кори бадеро намуд ва онро анҷом надод, Худованд барояш як некии комилро сабт мекунад ва агар қасд кард ва онро анҷом дод, фақат як бадӣ барояш менависад».
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ба Ҳасани Басрӣ (Аллоҳ ӯро раҳмат кунад) гуфта шуд: мебинем, ки Тобеин беш аз Саҳоба ибодат мекунанд, Саҳоба дар чӣ чиз аз онҳо (Тобеин) сабқат кардаанд? Ҳасани Басрӣ посӯх дод: инҳо ибодат мекунанд дар ҳоле, ки дунё дар дилҳои онҳост, аммо Саҳоба ибодат мекарданд, дар ҳоле, ки охират дар дилашон буд.

Тамоми мусалмонон бар ин иттифоқ доранд, ки ҳисобу китоб бар аъмолу кирдор сурат мепазирад ва он муқтазои ҳикмат аст, зеро Худованди баландмартаба китоб нозил кард ва паёмбаронро фиристод ва бар бандагон имон бар онҳо ва итоат аз онҳоро лозим гардонд ва ҳушдор дод, ки ҳар кас аз онҳо итоат накунад ва ба онҳо имон наёварад, дӯчори азоби сахте хоҳад шуд.

Агар дар онҷо ҳисобу китобе набошад, ин кор беҳуда мешавад, чизе, ки Худованд аз он поку муназзаҳ аст ва Аллоҳи мутаол дар ин суханаш ба ин амр ишора кардааст:

{Пас албатта аз касоне, ки (Паёмбар) ба сӯи онон фиристода шуд, пурсиш мекунем ва албатта фариштагонро (низ) мавриди пурсиш қарор диҳем (6) онгоҳ аз рӯи илм бар онон ҳикоят хоҳем кард (ва аз ҳолашон ғофил ва) ғоиб набудаем (7)} [Сураи Аъроф, оёти 6-7].

Шашум: Имон ба биҳишу дӯзах:

Ин ду манзилгоҳи ҷовидонии махлуқот ҳастанд: биҳишт ҷойгоҳи неъматҳоест, ки Худованд ба мӯминони парҳезгор, касоне, ки имон оварданд ба он чӣ аз Худованд барои онҳо имон овардан ба онро воҷиб кардааст ва ба пайравӣ аз Худованд ба по хестанд ва дар ин масир бо Худованд мухлис ва пайрави Расулаш буданд, ваъда додаст. Дар биҳишт анвои неъмат вуҷуд дорад, “он чӣ, ки ҳеҷ чашме надида ва ҳеҷ гуше васфи онро нашунида ва ба зеҳни касе хутур накардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак ононе, ки имон овардаанд ва корҳои шоисат кардаанд, инҳо беҳтарини офаридагонанд (7) подошашон дар назди Парвардигорашон боғҳои ҷовидонаест, ки аз зери онҳо дарёҳо равон аст, дар он барои ҳамеша ҷовидон хоҳанд буд. Худованд аз онон хушнӯд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнӯд шуданд. Ин (подош)и касест, ки аз Парвардигораш бимнок бошад (8)}[Сураи Байинаҳ, оёти 7-8].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ҳеҷ кас намедонад, ки аз он чӣ мояи равшании чашм аст, чӣ чизе барояшон ниҳон дошта шудааст, ба (поси) он чӣ мекарданд, подош ёфтанд} [Сураи Саҷда, ояти 17],

Ва беҳтарини неъматҳо, нигаристан ба чеҳраи Аллоҳи мутаъол дар биҳишт аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Он рӯз чеҳраҳое тоза (ва хуррам) ҳастанд (22) назорагар ба Парвардигорашон ҳастанд (23)}
[Сураи Қиёмат, оёти 22-23].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Касоне, ки накӯкорӣ карданд, накӯии (биҳишт) ва афзудае бар он доранд} [Сураи Юнус, ояти 26].

Мурод аз (ҳусно) некӯӣ: биҳишт аст ва мурод аз (зиёда) нигаристан ба рӯи Аллоҳ аст, ҳамон гуна, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст:

«Он гоҳ, ки биҳиштиён вориди биҳишт мешаванд, Аллоҳи мутаол мегӯяд: оё мехоҳед чизи афзун ба шумо бидиҳам? мегӯянд: оё суратҳои моро сафед накардӣ ва моро дар биҳишт ворид насохтӣ ва аз оташ раҳо накардӣ? фармуд: пас ҳиҷоб бардошта мешавад, пас ҳеҷ чизро маҳбубтар аз нигаристан ба рӯи Парвардигорашон надиданд. Сипас Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ин оятро тиловат карданд»:
(Ривоят аз Муслим аст).

{Касоне, ки накӯкорӣ карданд, накӯии (биҳишт) ва афзудае бар он доранд} [Сураи Юнус, ояти 26].

Аммо оташ: он чойгоҳи азобест, ки Худованд барои кофирони ситамгор омода кардааст, касоне, ки ба Худованд куфр варзида ва бо Расулони Ӯ мухолифат менамуданд. Дар он анвои азобу танбеҳ муҳайё мебошад, чизҳое, ки ба зеҳни касе нарасидааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, битарсед}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 131].

Ва мефармояд: {Бешак мо барои ситамкорон оташеро, ки сари пардаҳояш ононро иҳота ҳоҳад кард, омода кардаем ва агар талаби кӯмак кунанд, бо обе ҳамонанди миси гудохта, ки чеҳраҳоро бирён кунад, ба додашон расанд, бисёр бад шаробест ва (ҷаҳаннам) бад оромгоҳест}.
[Сураи Каҳф, ояти 29]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак Худованд кофиронро лаънат кардааст ва барояшон оташи фурузон фароҳам сохтааст (64), ки ҳамвора дар онҷо ҷовидонанд. Ҳеҷ дӯсту ёдрасе надоранд (64) рӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташ гардонида шавад, гӯянд: эй кош мо аз Худованд ва Расули (Ӯ) итоат мекардем (66)} [Сураи Аҳзоб, ояти 64-66],

Сабуктарин азоби дӯзахиёнро Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) чунин васф мекунад:

“Сабуктарин азоби рӯзи қиёмат аз он шахсест, ки дар зери кафи пояш лахча гузошта мешавад, ки ба сабаби он мағзи ӯ дар сараш меҷӯшад(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Самароти имон ба рӯзи охират:

1. Амалӣ шудани як рукне аз аркони имон ба Худованд, зеро имон ба Худованд бидуни имон ба рӯзи қиёмат, таҳаққуқ пайдо намекунад. Ин аз ҷумлаи аркони имон аст ва ба ҳамин сабаб Худованд ҷанг бо касоне, ки ба он имон надоранд, воҷиб гардондааст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Биҷангед бо касоне, ки ба Худованд ва рӯзи охират имон надоранд}. [Сураи Тавба, ояти 29].

2. Амният дар дунё ва охират ва ваъдаи ёфтани подоши бузуруг. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Огоҳ бош, ки дӯстони Аллоҳ биме бар онҳо нест ва на онон андуҳгин шаванд}. [Сураи Юнус, ояти 62].

3. Ваъдаи дарёфти подоши бузург. Аллоҳи мутаолмефармояд: {Бешак касоне, ки имон оварданд ва яҳудиёну тарсоён ва собиъин (бединон), ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон оварда ва корҳои шоиста анҷом дода бошанд, подошашон назди Парвардигорашон хоҳанд дошт ва на биме бар онон аст ва онон андуҳгин шаванд}. [Сураи Бақара, ояти 62].

4. Ташвиқ барои анҷоми корҳои нек: Аллоҳи мутаол мефармояд: {Эй касоне, ки имон овардаед, итоат кунед аз Аллоҳ ва расули (Ӯ) ва аз соҳибони амратон (ҳам) итоат кунед. Ҳаргоҳ дар чизе ихтилоф кардед, агар ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доред, онро ба Аллоҳ ва расулаш баргардонед, ин беҳтар ва неканҷомтар аст}. [Сураи Нисо, ояти 59].

Ва мефармояд:{Фақат касе масҷидҳои Аллоҳро обод мекунад, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон оварда бошад}. [Сураи Тавба, ояти 18].

Модари мӯминон Ойиша (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) ба зане гуфт: маргро бисёр ёд кун, зеро сабаби нармӣ ва латофати қалб мегардад.

Ва мефармояд: {Бешак барои шумо, барои касе, ки ба (подоши) Аллоҳ ва рӯзи қиёмат умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад, дар Расули Аллоҳ сармашқи некест} [Сураи Аҳзоб, ояти 21].

Ва мефармояд: {Бешак дар онон бароятон сармашқи накӯст, барои касе (аз шумо), ки ба (лиқои) Аллоҳ ва рӯзи охират умедвор аст} [Сураи Мумтаҳина, ояти 6].

Ва мефармояд: {Ва гувоҳиро барои (ризои) Аллоҳ адо кунед, ин (ҳукми) касест, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад} [Сураи Талоқ, ояти 2].

5. Аз анҷоми корҳои бад ва мункар ҷилавгирӣ мекунад: Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва агар ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доранд, пинҳон доштани он чӣ Худованд дар раҳмҳояшон офаридааст, барои онҳо раво нест} [Сураи Бақара, ояти 228].

Ва мефармояд: {Ва чун занонро талоқ додед, пас ба миъоди худ расиданд (яъне идаашон ба интиҳо наздик шуд) ишонро аз никоҳ кардан бо шавҳарони хеш манъ масозед, вақте, ки бо якдигардар дар миёни хеш ба равиши писандида розӣ шуданд. Ин ҳукм писандида мешавад ба ҳар он касе аз шумо, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад }
[Сураи Бақара, ояти 232].

Ва мефармояд: {Касоне, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон доранд (дар сарпечӣ аз) он, ки бо молҳо ва ҷонҳояшон ҷиҳод кунанд, аз ту иҷозат намехоҳанд ва Худованд ба (ҳоли) парҳезгорон доност (44) фақат ононе аз ту иҷозат мехоҳанд, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон намеоранд ва дар дилҳояшон шак доранд, пас онон дар шаки худ саргардон мешаванд (45)} [Сураи Тавба, ояти 44-54].

Ба ҳамин сабаб касе, ки ба рӯзи охират имон надорад, аз анҷоми корҳои зишт ва мункар худдорӣ намекунад ва аз иртикоби онҳо шарму ҳаё намекунад.

{Оё дидӣ касеро, ки ҷазои аъмолро дуруғ мепиндорад (1) он шахс ҳамон касест, ки ятимро (бо иҳонат аз худ) меронад (2) ва бар хурок додани бенаво тарғиб намекунад (3)} [Сураи Моъун, ояти 1-3].

Ҳасан (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) мегӯяд: касе, ки маргро шинохт, мусибатҳои дунё барояш осон мешавад. 6. Дилбардорӣ кардани мӯмин аз он чӣ, аз неъматҳо ва подоши дунё аз даст медиҳад. Биҳишт он растагории бузург аст ва зиндагии дунё ҷуз асбоби ғурур чизе нест. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ҳар мавҷуди зиндае чашандаи (таъми) марг аст ва ҷуз ин нест, ки подошҳоятонро дар рӯзи қиёмат ба тамом ва камол хоҳед ёфт, пас ҳар кас, ки аз оташи (ҷаҳаннам) дӯр дошта ва ба биҳишт дароварда шавад, растагор аст ва зиндагии дунё ҷуз мояи фиреб нест} [Сураи Оли Имрон, ояти 185]. Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бигӯ: бешак ман агар аз Парвардигорам нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бурузг метарсам (15) ҳар кас, ки дар он рӯз (азобро) аз ӯ боздоранд, ба ростӣ (Худованд) ба ӯ раҳмат овардааст ва ин аст комёбии ошкор (16)}.
[Сураи Анъом, ояти 15-16]. Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва охират беҳтару мондагортар аст}[Сураи Аъло, ояти 17]. Қалб на ислоҳ мешавад ва на растагор мегардад, на оромиш меёбад ва на лаззати воқеъиро дарк мекунад, на ором мегардад, магар ба ибодати Парвардигораш ва дӯстӣ бо Ӯ ва руй овардан ба Ӯ.

(Шайхулислом)