Онгоҳ, ки имон ба Аллоҳ рахт мебандад. 1

Онгоҳ, ки имон ба Аллоҳ рахт мебандад. 1

Онгоҳ, ки имон ба Аллоҳ рахт мебандад.

Имон ба Аллоҳ, нуқтаи дигаргунӣ дар зиндагии инсон аз бандагии омехта ба ғайри Аллоҳ, ба сӯи бандагии Зотест, ки лоиқи бандагист.

Онгоҳ, ки калиди имон аз зандагии бисёре аз мардум рахт мебандад, натиҷаи он ҳатман зиндагии сахту фалокатбор буда, ки сабаби ибдоъ ва ибтикори васоили нав дар худкушӣ ва раҳоӣ аз ин зиндагии сахт ва фалокатбор хоҳад гашт. Сипос Худовандро, ки неъмати Исломро арзонӣ намуд ва ин неъмат саромади ҳамаи неъматҳост ва он кофист. Ба хабари зер диққат кунед:

Равиши тоза барои берӯн рафтан аз ин дунё:

Филипп Ницшке, ҳомии куштани дилсӯзона дар Австралия мегӯяд: “дастгоҳи худкушӣ, ки (сандуқи реҳлат) ном дорад ва бо почта аз Канада хоста мешавад, ба теъдоди зиёде дар кишвар ба фуруш меравад.

Қимати ин дастгоҳ 30 доллари амрикоӣ буда ва ҳамроҳи он як кифи махсус сохташуда аз пластик қарор дорад, то ҷони одамиро ба наҳви хафа кардан бигирад.

Ницшке ба хабаргузории Бӣ Бӣ Сӣ изҳор доштааст, ки дастгоҳ то ҳадди зиёде дардовар, аммо дар ҷон гирифтан дақиқ ва қавӣ аст.

Ва афзудааст: ин дастгоҳ ба сурати бисёр густарда мавриди истифода қарор мегирад ва рӯзона афроди зиёде бо ман дар бораи ин дастгоҳ ва чигунагии истифода аз он суҳбат мекунанд.

Аз тарафи дигар яке аз занони бритониёӣ, ки ба як бемории асабӣ гирифтор шуда ва қодир ба ҳаракат нест, шикояте дар додгоҳи Лондон матраҳ сохтааст, то ба ҳамсараш иҷозат диҳанд то ӯро дар поён додан ба умраш кӯмак кунад.

Родиёи Лондон зикр мекунад, ки “Даён Принтии 42 сола ду сол қабл ба ҳамин беморӣ дӯчор шуда буд, ӯ ҳам баъд аз ин, ки қонун ҳеҷ тазминеро барои адами пайгирии қонунии ҳамсараш дар сурати кӯмак ба ӯ барои поён додан ба зиндагияш, напазируфт ба додгустарӣ паноҳ бурд.

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ҳар кас аз ёди ман рӯйгардон шавад, зиндагии танг хоҳад дошт}.[Сураи Тоҳо, ояти 124].


Ниёзи бандагони ниёзманд ба Худованди бениёз

Эй бандагони ман..

«Эй мардум! Шумо ба Аллоҳ ниёзмандед ва Худованд бениёзу сутуда аст». ]Сураи Фотир 15[.

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар он чӣ аз Парвардигори Азза ва Ҷалла ривоят мекунад, мефармояд:

«Эй бандагони ман! Ман ситамро бар худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо низ ҳаром қарор додаам, пас бар якдигар ситам макунед. Эй бандагони ман! ҳамаи шумо гумроҳед, магар касе, ки ман ӯро ҳидоят карда бошам, пас аз ман талаби ҳидоят кунед, то шуморо ҳидоят кунам. Эй бандагони ман! ҳамаи шумо гурусна ҳастед, магар касе, ки ман ӯро сер карда бошам, пас аз ман дархости серӣ кунед, то шуморо сер кунам. Эй бандагони ман! ҳамаи шумо лучу урёнед, магар касе, ки ман ӯро либос пушонда бошам, пас аз ман дархости пӯшиш кунед, то шуморо бипӯшонам. Эй бандагони ман! шумо шабу рӯз иштибоҳу гуноҳ мекунед ва ман тамоми иштибоҳоту гуноҳонатонро мебахшам, пас аз ман дархости бахшиш кунед, шуморо мебахшам. Эй бандагони ман! шумо тавони зиёну сӯд расондан ба ман надоред. Эй бандагони ман! агар ҳамаи шумо аз нахустин то охиринатон аз одамӣ ва ҷин дорои муттақитарин қалб бошед, ин бар мамлакати ман чизе намеафзояд ва агар ҳамаи шумо аз нахуст то охиринатон аз одамӣ ва ҷин бар гунаҳкортарин қалб бошед, ин чизе аз мамлакати ман намекоҳад. Эй бандагони ман! агар ҳамаи шумо аз нахустин то охирин, аз одам ва ҷин дар як майдон ҷамъ шавед ва хостаҳои худро аз ман бипӯрсед ва ман тамоми хостаҳои шуморо бароварда созам, ин аз мамлакати ман чизе кам намекунад, магар ба ҳамон андоза, ки фурӯ рафтани сӯзане дар уқёнус аз об кам мекунад. Эй бандагони ман! инҳо аъмолу кирдори шумо ҳастанд, ки ман онҳоро барои шумо мешуморам ва подошу кайфари шуморо медиҳам, пас ҳар кас хайре ёфт, Худовандро шукргузор бошад ва ҳар кас ҷуз ин ёфт, ҷуз худаш, касеро маломат накунад».(Ривоят аз Муслим аст).

Авомиру навоҳии Худовандро риоят кун, Худованд ҳам туро аз хашму ғазаби хеш эмин медорад:

Аз Абдуллоҳ бин Аббос (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ривоят шудааст, ки гуфт: “як рӯз ман бар саворе пушти Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) будам пас фармуд:

«Эй писар! ман калимотеро ба ту меомӯзам: авомиру навоҳии Аллоҳро риоят кун, Аллоҳ ҳам туро аз хашму ғазаби хеш эмин медорад. Аллоҳро фармон бар, то Ӯро ҳамеша дар баробари худ бубинӣ, ҳаргоҳ чизе пурсидӣ, фақат аз Аллоҳ бипурс ва чун ёрӣ талабидӣ, фақат аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва бидон, ки агар тамоми мардум гирди ҳам оянд, то ба ту сӯде бирасонанд, ки Аллоҳ онро нанавишта бошад, наметавонанд ба ту сӯде расонанд ва агар ҳамагӣ гирди ҳам оянд то ба ту зиёне бирасонанд, ки Аллоҳ онро муқаддар нанамудааст, наметавонанд ба ту зиёне расонанд. Қаламҳо аз навиштан бозмонда ва навиштаҳо хушк шудаанд».
(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

Касе, ки Аллоҳро бештар мешиносад, бештар аз Ӯ метарсад

Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу:

Аллоҳ, ки шаъну мақоми Ӯ бисёр арзишманд аст... он маъбуди сутудашудааст..

Ҳамаи осмонҳо ва ҳар он чӣ дар онҳост ва ҳамаи заминҳо ва ҳар он чӣ дар онҳост Ӯро меситоянд...

Ва шаб ва он чӣ дар он пинҳон аст ва рӯз ва он чӣ дар он ошкор аст... ва хушкӣ ва дарё... ҳамаи онҳо тасбеҳ ва покии Ӯро баён мекунанд.

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҳеҷ чиз нест, магар ин, ки бо ҳамди Ӯ тасбеҳ мегӯянд, вале шумо тасбеҳи ононро дарк намекунед}.
[Сурати Исро, ояти 44].

“Аллоҳ” шинохташудатарини маъруфҳост. Ӯ ниёзе ба муаррифӣ надорад... дилҳо Ӯро мешиносанд ва равони одамӣ дар баробари маърифати Ӯ шикаста ва муаддаб бар ҷой мемонад.

Дилҳо шефта ва шайдои “Аллоҳ” буда ва ба афву бахшиши Ӯ тамаъ ва умед дорад ва махлуқот ба ёди Ӯ унс мегиранд.

“Аллоҳ” дар дилҳои бандагони мукаллаф, парешонӣ ва ниёзмандии фитрӣ қарор додааст, ки он аз байн намеравад ва бениёз намешавад, магар замоне, ки банда ба Парвардигори арҷманд ва боазамат такя кунад.

“Аллоҳ” номи он Зоти илоҳист, ки тамоми сифоти накӯро дорост.

Ниёзи бандагон ба Аллоҳи боломартаба:

Банда ба маъво ва паногоҳе ниёз дорад, то ӯро дар ҳангоми андуҳу ғуса эмин дорад ва ӯ ба ҳамин сон офарида шудааст. Ба ҳамин сабаб ӯ дар тамоми ҳолатҳо ба Парвардигораш ниёз дорад ва барои ба даст овардани ризояти Ӯ саъй мекунад, зеро бо Ӯ дидор хоҳад кард.

Ҳаргоҳ банда ба Худованд эҳсоси ниёз кард ва барои анҷоми воҷиботи худ ба по хост ва ба он чӣ назди Аллоҳ аст, яқин кард ва бар он сабру шикебоӣ варзид, Аллоҳ ӯро аз ҷумлаи пешвоёни бандагон мегардонад ва ӯ пешвое мешавад, ки мавриди иқтидо қарор мегирад:

{Ва аз онон чун шикебоӣ варзиданд ва бо оёти мо яқин карданд, пешвоёне қарор додем, ки ба фармони мо ҳидоят мекарданд онгоҳ, ки сабр пеша карданд ва ба оёти мо яқин варзиданд}

[Сураи Саҷда, ояти 24].

Худованд шикебоӣ ва яқинро сабаби пешвоӣ дар дин қарор додааст.

Аз лутфу карами Худованд бар банда он аст, ки шинохти худашро барояш осон ва ҳамвор сохтааст.

Маълуқот ба пояи дилбастагӣ ба холиқи арҷманд ва боазамат офарида шудаанд ва ҳамчунин нисбат ба некӣ ва эҳсонкунанда ҳиси дӯстӣ доранд ва бузургтарин хайрхоҳ ва некикунанда ба онон, ки Аллоҳ, ҳамон зоти арҷманду бо азамат аст.

Ҳар тӯшае ҷуз имон поён меёбад ва ҳар пушту паноҳ ва ёваре ҷуз Аллоҳ, аз байн хоҳад рафт.

Ифтихори шинохти Худованд:

Ифтихори донишу шинохт, ба ифтихори мавриди шинохташуда аст ва ҳеҷ чиз аз Парвардигори арҷманд ва боазамат ва шинохти номҳо ва сифоти Ӯ ва шинохти ҳикмат ва ҳаққи Ӯ бар бандагон бузургвортар нест. Ба ҳамин сабаб тавҳид мағзи дин буда ва сеяки Қуръон ба шакли возеҳ тавҳидро исбот мекунад.

Дар ҳар чиз барои Ӯ нишонае ҳаст:

Худованд дар ҳар чиз аз махлуқоташ нишона ва суроғае барои расидан ба вуҷуду ягонагӣ ва камолу азамати хеш ниҳодааст, поку баландмартаба аст Худованд. Ӯ ба тафаккур ва тадаббур дар ин нишонаҳо фаро хонда ва ба мо хабар додааст, ки ин нишонаҳо барои соҳибони ақлу хирад, афроди доно ва орифу мутафакиронанд.

Нигоҳи кӯтоҳ ба бархе аз оёт дар китоби Худованд меандозем, оёте, ки барои соҳибони ақлу хирад буда ва онҳоро ба сӯи имон ба Аллоҳи яктои бениёз фаро мехонад. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва дар замин барои аҳли яқин нишонаҳоест (20) ва низ дар вуҷудатон (нишонаҳост) оё наменигаред (21)}.

[Сураи Зориёт, оёти 20-21].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: бингаред, ки чӣ чиз дар осмон ва замин аст}.
[Cураи Юнус, ояти 101].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Парвардигори шумо Аллоҳест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, онгоҳ бар Арш мустақар шуд. (Ӯ) кори (ҳастӣ)ро тадбир мекунад ҳеҷ шафоаткунандае нест, магар баъд аз дастури вай. Инаст Аллоҳ, Парвардигори шумо, пас Ӯро бандагӣ кунед, оё панд намегиред? (3) бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ӯст. Худованд ба ваъдаи ростин (ваъда намудааст). Ӯ офариниши (ҳастӣ)ро оғоз мекунад, сипас онро боз мегардонад, то ононеро, ки имон овардаанд ва кирдори шоиста анҷом доданд, ба инсоф подош диҳад ва ононе, ки кофир шудаанд, барояшон ошомиданӣ аз оби гарм ва ғизои дарднок (дар пеш) дорад (4) Ӯ Зотест, ки хуршедро дурахшон ва моҳро равшан қарор дод ва барои он (моҳ) манзилҳо муқаррар намуд, то шумо солҳо ва ҳисобро бидонед. Худованд инро ҷуз ба ҳақ наёфаридааст. Оёти (хеш)ро барои касоне, ки медонанд, ба равшанӣ баён мекунад (5) бешак дар омаду рафти шабу рӯз ва он чӣ Аллоҳ осмонҳову замин офаридааст дар осмонҳову замин, нишонаҳост барои гуруҳе, ки парҳезгорӣ мекунанд(6)}[Сураи Юнус, оёти 3-6],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шабу рӯз, нишонаест барои хирадмандон (190) онон, ки истода ва нишаста ва бар паҳлӯи хеш Аллоҳро ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин андеша мекунанд (ва мегӯянд) Парвардигоро! инро ботил наёфаридаӣ, покӣ барои туст, пас моро аз азоби оташи (ҷаҳаннам) ҳифз намо (191)}.
[Сураи Оли Имрон, оёти 190-191],

Ва ҳамчунни мефармояд:

{Ва (низ) дар офаринишатон ва (дар) офариниши он чӣ аз ҷонварон пароканда месозад, нишонаҳоест ба барои қавме, ки яқин мекунанд}.
[Сураи Ҷосия, ояти 4],

Ва мефармояд:

{Оё дар замин сайру гашт накардаанд, то дилҳое дошта бошанд, ки бо он (дилҳо) дарёбанд, ё гӯшҳое, ки бо он бишнаванд}.[Сураи Ҳаҷ, ояти 46],

Ва мефармояд:

{Оё ба сӯи осмон нанигаристанд, ки онро чӣ гуна сохта ва оростаем ва дар он ҳеҷ шигофе нест}.[Сураи Қоф, ояти 6],

Ва мефармояд:

{Офариниши он Аллоҳ, Зоте, ки ҳама чизро дар камоли устуворӣ падид овардааст}[Сураи Намл, ояти 88],

Ва мефармояд:

{Бегумон дар ин (амр) барои хирадмардон нишонаҳост}.
[Сураи Тоҳо, ояти 54].