Аллоҳ эминдиҳандаи нигаҳбон аст..

 Аллоҳ эминдиҳандаи нигаҳбон аст..

Аллоҳ эминдиҳандаи нигаҳбон аст..

Бешак Аллоҳ амондиҳандаи нигаҳбон аст..

{Ӯст он Аллоҳе, ки маъбуди (ростине) ҷуз Ӯ нест, подшоҳи ниҳоят поки саломат (аз ҳар айб) амондиҳадаи нигаҳбон}.

[Сураи Ҳашр, ояти 23].

“Амндиҳанда”: он Зоте, ки амниятро дар байни бандагон ва махлуқоташ панҳ мекунад ва оромишу сакинаро ба воситаи ваҳйи хеш паҳн мекунад.

{Ва онҳоро аз тарсу хавф амну амон бахшид}. [Сураи Қурайш, ояти 4].

“Амндиҳанда”..: амини нигаҳбон ва гувоҳ бар махлуқот ба он чӣ аз онҳо сар мезанад.

“Амндиҳанда”: аз подоши касе кам намекунад ва бар кайфари касе намефзояд, Ӯ шоистаи фазл ва некию накӯкорист.

“Нигаҳбон”: нигаҳбони бандагонаш аст, бар онон чира ва мусаллат шуда ва ҳаққи ононро риоят карда ва бар кирдори онон ва ҳолоташон огоҳ гашта аст, Ӯ бар онон иҳота дорад ва ҳар амре бар Ӯ осон ва тамоми чиз ниёзманди Ӯ ҳастанд.

{Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавои биност}..

[Сураи Шӯро, ояти 11].

Бешак Аллоҳ амондиҳандаи нигаҳбон аст”.

“Амондиҳанда”: он Зоте, ки худро ба доштани сифоти камол ва ба камоли ҷалолу ҷамол сутудааст ва он Зоте, ки паёмбаронашро фиристода ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далоил нозил карда ва ҳар яке аз паёмбаронашро бо далелу ҳуҷҷат таъйид намуда, то далеле бар дурустии чизе бошад, ки онҳо овардаанд. “Нигаҳбон”: Зоте, ки бар умури пӯшида ва махфӣ ва асрори пинҳони дилҳо иттилоъ дорад, зоте, ки бар тамоми чиз доност.

Tags: