3) Тарс:

 3) Тарс:

3) Тарс:

“Ва Аллоҳ шуморо аз (кайфари) худаш барҳазар медорад”. [Сураи Оли Имрон, ояти 30]

Мафҳуми он:

Тарс аз Аллоҳ аз ҷумлаи ибодоти бузурги қалб аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ин фақат шайтон аст, ки (шуморо) аз дӯстонаш метарсонад, пас агар мӯмин ҳастед, аз онон матарсед ва аз ман битарсед}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 175]

Ин оят ба вуҷуби хавфи танҳо аз Аллоҳ далолат мекунад ва бар ин таъкид мекунад, ки ин аз ҷумлаи лавозими имон буда ва банда ба миқдори имонаш аз Аллоҳ метарсад.

Аз Модари мӯминон, Ойиша (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки фармуд:

“Аз Паёмбари Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) пурсидам:
{Ва касоне, ки он чиро бояд (дар роҳи Аллоҳ) бидиҳанд, медиҳанд ва дилҳояшон бимнок аст}.оё онон касоне ҳастанд, ки шароб менӯшанд ва дӯздӣ мекунанд? Фармуд: на эй духтари Сиддиқ! балки онон касоне ҳастанд, ки рӯза мегиранд ва намоз мехонанд ва садақа медиҳанд ва метарсанд, ки аз онон пазируфта нашавад”.(Ривоят аз Тирмизӣ аст)

Ангезаҳои тарс аз Аллоҳ:

1– Бузург доштани Аллоҳи мутаол ва эҳтирому такрими Ӯ, зеро аз Асмо ва Сифоти Ӯ огоҳанд. {Аз Парвардигорашон, ки бар онон чира аст, метарсанд}
[Сураи Наҳл, ояти 50]

2- Тарс аз ин, ки саранҷомаш ногувор шавад ва гирифтори азоби дардноки ҷаҳаннам шавад ва бисёр бад баргашт аст.

3– Эҳсоси ӯ нисбат ба кӯтоҳияш дар робита бо вазоифе, ки бар ӯҳдаи ишон гузошта шудааст, аз он ҷо, ки аз дониш ва огоҳии Худованд бар худаш ва аз қудрати Ӯ огоҳ аст, беш аз он, ки ба кӯчакии гуноҳ бингарад, ба бузургӣ ва азамати Зоте менигарад, ки нофармонии Ӯро кардааст.

4- Тадаббур дар каломи Аллоҳи пок, ки пур аз ҳушдору таҳдид барои касест, ки нофармонӣ карда ва аз шариат ва қонуни Ӯ дӯрӣ меварзад ва нӯреро, ки барояш фиристода шуда, раҳо месозад.

5- Тадаббур дар каломи Парвардигор ва фиристодаи Ӯ ва нигаристан дар сират ва зиндагиномаи Ӯ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод).

6- Тафаккур дар азамати Аллоҳи мутаол. Ҳар кас дар ин замина фикр кунад ба сифоти кибирёӣ пай мебарад ва ҳар кас қалбаш азамати Худовандро гувоҳӣ дод, онгоҳ ҷойгоҳи ҳӯшдори Худовандро мутаваҷҷеҳ мешавад ва бидуни тардид аз Аллоҳ метарсад. Худованди мутаол мефармояд:

{Ва Аллоҳ шуморо аз (кайфари) хеш барҳазар медорад}.

[Сураи Оли Имрон, ояти 28]

Ва Парвардигори арҷманд ва боазамат мефармояд:

{Ва Худовандро он чунон, ки сазовори бузургии Ӯст, арҷ наниҳоданд ва рӯзи қиёмат замин як ҷо дар қабзаи (қудрати) Ӯст ва осмонҳо дар дасти (қудрат)и Ӯ печида шаванд}
[Сураи Зумар, ояти 67]

Лозимаи тарс аз Аллоҳ дониш нисбат ба Ӯст ва лозимаи илму дониш ба Ӯ тарс аз Ӯст ва лозимаи таср аз Ӯ, тоату пайравӣ аз Ӯст.

7- Тафаккур дар бораи марг ва шиддати он ва ин, ки ҳеҷ роҳи фироре аз он нест: {Бигӯ: он марге, ки аз он мегурезед, (бидонед) ки он ба шумо хоҳад расид}.
[Сураи Ҷумъа, ояти 8]

Ин амр тарс аз Аллоҳро лозим мегардонад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Аз байнбарандаи лаззатҳо (яъне марг)-ро зиёд ёд кунед, зеро ки ҳар кас онро дар тангӣ ёд кунад, барояш гушоиш хосил мешавад ва ҳар кас дар гушоиш онро ёд кунад, барояш тангӣ ҳосил мешавад». (Ривоят аз Табаронӣ аст).

8- Тафаккур дар бораи баъд аз марг пиромӯни қабр ва ҳаводиси тарсноки он. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ман шуморо аз зиёрат кардани қабрҳо боз дошта будам, аммо акнун онҳоро зиёрат кунед, зеро ки сабаби зуҳд дар дунё ва ёдоварии охират мешавад». (Ривоят аз Ибни Моҷҷа аст)

Аз Баро ривоят шудааст, ки фармуд: «Ҳамроҳи Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар як ташъеи ҷаноза будем, пас бар канори қабр нишасту гирист, то ҳадде, ки хок тар шуд ва сипас фармуд: “эй бародаронам! хештанро барои ин чунин рӯз омода созед».(Ривоят аз Ибни Моҷҷа аст)

Ва Парвардигори арҷманд ва боазамат фармудааст: {Эй мардум! аз Парвардигоратон битарсед, ки ҳеҷ падаре аз фарзандаш кифоят накунад ва не ҳеҷ фарзанде нест, ки битовонад чизеро аз падараш кифоят кунад. Бешак ваъдаи Аллоҳ ҳаққу рост аст, пас зиндагии дунё шуморо нафиребад ва шайтони фиребкор шуморо нисбат ба Аллоҳ мағрур насозад}.
[Сураи Луқмон, ояти 33]

9- Тафаккур дар бораи саранҷоми гуноҳони кӯчак, гуноҳоне, ки мардум онҳоро ҳақир мешуморанд, дар ҳоле, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) чунин мисоле мезанад, ки як қавм дар як биёбон чодар мезананд ва барои ҷамъ кардани ҳезӯм пароканда мешаванд ва ҳар кас пораи чӯбе меоварад ва он қадар чӯб ҷам мешавад, ки нони худро мепазанд. Инҷо иртиботе байни чӯбҳои нозук ва равшан шудани оташ ва байни гуноҳон ва пухта шудани пусти гунаҳкорон вуҷуд дорад: {Ҳар бор пӯстҳояшон пухта шавад}.[Сураи Нисо, ояти 56]

10– Бояд банда бидонад, ки имкон дорад байни ӯ ва тавба марги ногаҳонӣ фосила монеъ шавад, он ҳангом афсусу ҳасрат сӯде надорад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {То онгоҳ, ки марг ба сӯи касе аз онон ояд, гӯяд: Парвардигоро! маро бозгардон}. [Сураи Мӯминун, ояти 99]

Ва мефармояд: {Аз (фаро расидани) рӯзи ҳасрат (ва пӯшаймонӣ) онҳоро ҳӯшдор деҳ}.[Сураи Марям, ояти 39]

11- Андешидан дар саранҷоми бад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Фариштагон бар рӯйҳо ва пуштҳояшон мезананд}.
[Сураи Анфол, ояти 50].

12- Бо касоне ҳамнишин шавед, ки хашят ва тарс аз Аллоҳро дар дилатон афзоиш диҳанд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва худро ҳамроҳ бо касоне, ки Парвардигорашонро субҳу шом дар ҳоле, ки хушнӯдии Ӯро меҷӯянд, ба (дуо мехонанд) пойбанд кун}.
[Сураи Каҳф, ояти 28]

Тарс аз Аллоҳ ба ду мавзуъ марбут аст:

А- Тарс аз азоби Ӯ:

Ба касе ҳушдор медиҳад, ки ба Ӯ шарике қоил шавад ва нофармонии Ӯро карда ва аз тақво ва итоати Ӯ хориҷ шавад.

Б- Тарс аз Худованд:

Ва он тарси донишмандон ва касонест, ки Худовандро мешиносанд: {Ва Аллоҳ шуморо аз (кайфари) хеш барҳазар медорад}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 28]

Ҳаргоҳ шинохт ба Аллоҳ афзоиш ёбад, бар тарси ӯ азфуда шавад. Аллоҳи мутаол мефармояд:{Ҷуз ин нест, ки бандагони донишманд аз Аллоҳ метарсанд}.
[Сураи Фотир, ояти 28]

Зеро ҳар вақте, ки шинохти онон аз Аллоҳ ва Асмо ва Сифоти Ӯ такмил шавад, тарс бар онон чира мешавад ва асари он бар қалбашон ошкор ва сипас бар аъзои бадан таъсир мегузорад.

Онгоҳ, ки тарс дар қалб ҷой гирифт, ҷойгоҳи шаҳватро дар он месӯзонад ва дунёро аз он берӯн месозад.

Аз ҷумлаи самараҳои тарс аз Аллоҳ:

А- Дар дунё:

1- Тарс аз Аллоҳ яке аз асбоби қудратёбӣ дар замин ва афзоиши имон ва итминон мебошад, зеро ҳаргоҳ, ки ба он чӣ ваъда дода шудаӣ, расидӣ беш аз пеш ба Худованд эътимод мекунӣ. Аллоҳи мутаъол мефармояд: {Ва касоне, кофир шуданд ба паёмбаронашон гуфтанд: албатта шуморо аз сарзамини худамон берӯн хоҳем кард ё (ин, ки бояд) ба дини мо боз гардед, сипас Парвардигорашон бар онон ваҳй фиристод, ки “яқинан ситамгоронро нобӯд хоҳем кард (13) ва пас аз онон шуморо дар ин сарзамин сокин хоҳем кард ва ин (ваъда) барои касест, ки аз истодан дар пешгоҳи ман метарсад ва аз ваъиди (азоби) ман биҳаросад (14)}.
[Сураи Иброҳим, ояти 13-14]

2- Тарси Аллоҳ ба амали солеҳ ва ихлос дар он ташвиқ мекунад ва ин, ки дар баробари аъмоли худ дар дунё чизе наталабад ва музди худ дар охиратро кам накунад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

{(Мегӯянд:) бешак барои касби хушнӯдии Аллоҳ ба шумо хурок медиҳем, аз шумо подош ва сипосе намехоҳем (9) мо дар рӯзе, ки (рӯйҳо) туруш шаванд ва бас душвор аст, аз Парвардигорамон метарсем (10)}.
[Сураи Инсон, ояти 9-10]

Ва мефармояд: {Дар хонаҳое, ки Аллоҳ иҷозат додааст, ки номи Ӯ онҷо баланд ва ёд шавад, Ӯро субҳу шом дар онҷо тасбеҳ мегӯянд (36) мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фуруше ононро аз ёди Аллоҳ ва барпо доштани намоз ва пардохтани закот боз надорад, аз он рӯзе метарсанд, ки дилҳо ва дидагон дар он (рӯз) нигарон шаванд (37)}.
[Сураи Нӯр, оёти 36-37]

Яъне ба ҳаракат ва ҷунбиш дар меояд ва онҳоро ба амал вомедорад. Наҷот ва раҳоӣ мехоҳанд ва аз ҳалокат ва барбодӣ бимноканд ва аз ин метарсанд, ки номаи аъмолашон ба дасти чап дода шавад.

Ҳаргоҳ, ки тарс қалбро ором кард, ҷойгоҳи шаҳватҳоро дар он месӯзонад ва дунёро аз он берӯн месозад. Ҳар кас аз Аллоҳ тарсад, он тарс ӯро ба тамоми умури хайр раҳнамоӣ мекунад.

Б- Дар охират:

1- Банда дар рӯзи охират зери сояи арш қарор мегирад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «... ва марде, ки зани зебо ва соҳибмақом ӯро барои бадкорӣ хост ва ӯ гуфт ман аз Аллоҳ метарсам...».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Зоҳири ҳадис гӯёи онаст, ки ӯ ин суханро мегӯяд, то занро ҳӯшдор диҳад ва нафси худро ҳӯшдор ёдоварӣ кунад ва баъд аз элони мабодӣ ва усули худ, аз онҳо боз намегадад. «... ва марде, ки дар танҳоӣ Аллоҳро ёд кард ва дидгоҳаш пур аз ашк шуданд...».(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Тарсе, ки мунҷар ба ҷорӣ шудани ашк шавад, сабаб мегардад, то дар рӯзи охират оташ он чашмро ламс накунад.

2- Ва ҳамчунин тарс аз ҷумлаи асбоби мағфират аст ва гувоҳи ин ҳадиси Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аст:

«Марде аз гузаштагонро Аллоҳ молу сарват дода буд ва он ҳангом, ки замони маргаш фаро расид, фарзандонашро гуфт: ман барои шумо чӣ гуна падаре будам? Гуфтанд: беҳтарин падар. Фармуд: ман ҳаргиз кори неке анҷом надодаам, пас вақте, ки ман мурдам маро бисӯзонед ва бикӯбед ва дар як рӯзи тӯфонӣ хокистари маро бод диҳед. Онон чунин карданд, пас Худованди мутаъол ӯро гирд овард ва зинда сохт ва аз ӯ пурсид, ки чаро чунин кардӣ? ангезаи ин дастӯр чӣ буд? Гуфт: тарс аз ту. Пас Худованд ӯро бо раҳмати худ баргирифт».(Ривоят аз Бухорӣ аст)

Худованд ӯро ба сабаби ҷаҳлу нодонияш маъзур донист ва тарси ӯ аз Парвардигораш сабаби шафоат гардид вагарна касе, ки мункири баъсу растохез бошад, кофир аст.

3- Тарс соҳиби худро ба биҳишт мерасонад, зеро Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст: «Ҳар кас битарсад, зуд ҳаракат мекунад ва ҳар кас зуд ҳаракат кунад, ба манзили мақсуд мерасад. Огоҳ бошед, ки матои Аллоҳ гаронбаҳост, огоҳ бошед, ки матои Аллоҳ гаронбаҳост».(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

4- Ёфатани амнияту оромиш дар рӯзи растохез. Аллоҳи мутаол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд:

«Савганд ба иззатам, ки ман ҳаргиз ду тарс ва ду амнро бар бандаам, якҷо намекунам, агар дар дунё аз ман битарсад, дар қиёмат ӯро амният медиҳам ва агар дар дунё аз ман эҳсоси амният намуд, дар охират ӯро метарсонам».(Ривоят аз Байҳақӣ аст).

5- Шомил шудан дар он чӣ Аллоҳ аз бандагони мӯминаш дар оёте монанди ин оят, зикр намудааст: {Мардон ва занони мусалмон ва мардону занони мӯмин ва мардону занони фармонбардор ва мардону занони ростгӯ ва мардону занони бурдбор ва мардону занони фурӯтан ва мардону занони садақадиҳанда ва мардону занони рӯзадор ва мардону занони покдоман}.
[Сураи Аҳзоб, ояти 35]

Ҳамаи онҳо калимаҳое шариф ва пурмаъно ҳастанд, ки лозим аст барои ба даст овардани он маъонӣ саъй шавад.

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Паҳлуҳояшон аз бистарҳо дӯр мешавад, бо биму умед Парвардигорашонро дуо мекунанд ва аз он чӣ ба онон рӯзӣ додаем, нафақа мекунанд (16) пас ҳеҷ кас намедонад, ки аз он чӣ мояи равшании чашм аст, чӣ чизе барояшон ниҳон дошта шудааст, ба (поси) он чӣ мекарданд, (подош ёфтанд) (17)}.
[Сураи Саҷда, оёти 16-17]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Оё (касе, ки шарҳашро гуфтем беҳтар аст) ё касе, ки ӯ дар лаҳзаҳои шаб саҷдакунон ва истода ба ибодат мепардозад, дар ҳоле, ки аз охират метарсад ва ба бахшоиши Парвардигораш умед дорад. Бигӯ: оё ононе, ки медонанд ва ононе, ки намедонанд, баробаранд. Танҳо хирадмандон панд мепазиранд}.
[Сураи Зумар, ояти 9]

Ва мефармояд: {Ва ононе, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд (27) бешак азоби Парвардигорашон эминнопазир аст (28)}.
[Сураи Маъориҷ, оёти 27-28].

Худованд наздиктарини бандагонашро, ки ҳамоно Паёмбаронанд, ба сабаби хавфу тарсашон нисбат ба хеш сутудааст: {Бешак онон ба накӯкорӣ мешитобанд ва моро бо умеду бим (дуо) мекунанд, дар ҳоле, ки фурутану тарсонанд}
.
[Сураи Анбиё, ояти 90].

Ҳатто худи фариштагон ҳам аз Парвардигорашон метарсанд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Аз Парвардигорашон, ки бар онон чира аст, метарсанд ва он чиро, ки дастӯр меёбанд, анҷом медиҳанд}.[Сураи Наҳл, ояти 50 ].

6- Хушнӯдӣ аз ҷониби Аллоҳи мутаол: {Аллоҳ аз онон хушнӯд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнӯд шуданд. Ин (подоши) касест, ки аз Парвардигораш метарсад}.
[Сураи Байнаҳ, ояти 8].

Тарси касоне, ки Худовандро мешиносанд ва ба Ӯ шинохту маърифат доранд.

Бешак орифони Аллоҳ бо вуҷуди некии кирдорашон ва умеди онон ба Аллоҳ, аз Ӯ метарсанд ва бештарин тарсу хашият аз Ӯ доранд. Аз ҷумлаи мисолҳои он иборатанд аз:

- Гиряи Расули Аллоҳ (дуруду саломи Алоҳ бар Ӯ бод) дар ҳоли намоз, то ҷое, ки аз дили Ӯ садое монанди садои деги ҷӯшон ба гӯш мерасид. (Ривоят аз Абӯдовуд ва Насоӣ аст).

- Абӯбакр (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) забонашро мегирифт ва мегӯфт: «Инаст, ки манро ба ҳалокат меандозад».

Ва мегӯяд: «Эй кош ман дарахте мебудам, ки бар он такя мекарданд».

- Умар (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) мефармояд: «Кош ман чизи қобили зикре намебудам, эй кош модарам маро ба дунё намеовард».

Ва мефармуд: «Агар шутуре бар канораи Фурот гум шавад ва бимирад, ман метарсам, ки Аллоҳ дар рӯзи қиёмат маро мавриди бозхост қарор бидиҳад».

Ва мефармуд: «Агар нидокунандае аз осмон нидо кунад, ки эй мардум ҳамаи шумо вориди биҳиш мешавед, ҷуз як нафар, метарсам, ки он як нафар ман бошам».

- Усмон бин Аффон (Аллоҳ аз ӯ розӣ бошад) мегӯяд: «Дӯст дорам баъд аз марг дубора барангехта нашавам».

Дар ҳоле, ки ӯ шабро ба намоз ва хондани Қуръон ва ёди Аллоҳ субҳ мекард.

- Модари мӯминон, Ойиша (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) ин оятро мехонд:{Пас Аллоҳ бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби оташи сӯзон наҷот дод}[Сураи Тӯр, ояти 27]

Дар намозаш мегиристу мегирист. {Агар ононро азоб кунӣ, онон бандагони ту ҳастанд ва агар ононро биёмурзӣ, пас бешак ту пирӯзманди фарзонаӣ}.
[Сураи Моида, ояти 118].

Аҳком хавф ва огоҳиҳо доир ба он:

1- Хашят аз хавфу тарс хостар аст. Хашят аз он касест, ки шинохташ ба Аллоҳ бештар бошад:

{Бешак бандагони дониманди Аллоҳ аз Ӯ метарсанд, бешак Аллоҳ пирузманду омӯрзанда аст}.
[Сураи Фотир, ояти 28].

Тарсе, ки бо шинохт ҳамроҳ бошад, Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд:

«Аммо савганд ба Аллоҳ, ки ман парҳезгортарини шумо ҳастам ва баштар аз ҳама аз Ӯ метарсам».
(Ривоят аз Муслим аст).

Ва ба андозаи шинохт аз Аллоҳи мутаол ва Сифоту Асмо ва камолу ҷалол ва маъарифати Ӯ, хавфу хашят мебошад.

2– Хавфу тарс замоне сӯдманд мебошад, ки ба саъю талош ва тавбаву пӯшаймонӣ ва раҳо кардани кирдорҳои ношоиста мунҷар шавад. Пас хавф аз шинохти зиштии кори бад ва ҷиноят ва бовар кардан ба ҳушдориҳо ва шинохти Аллоҳи бузург ба вуҷуд меояд, ва наметавон тарсе аз Худовандро тасаввур кард, ки ба амал ва саъю талош вонадорад.

3- Тарс аз Аллоҳ аз воҷибот ва муқтазаёти имон аст. Ин амр аз воломақомтарин манозили роҳ ва сӯдмандтарини он барои қалб аст. Ин бар ҳар фард фарз аст, ки ба василаи он аз гуноҳон ҷилавгирӣ карда ва аз дунё, дӯстони нобоб, ғафлат ва аз қасовати қалб ҷилавгирӣ мекунад.

{Ҷуз ин нест, ки бандагони донишманди Аллоҳ аз Ӯ метарсанд ва бешак Аллоҳ пирӯзманди омӯрзанда аст}. [Сураи Фотир, ояти 28]. Касе, ки аз Аллоҳ битарсад, ҳеҷ кас ба ӯ зиён намерасонад ва касе, ки аз ғайри Аллоҳ тарсад, ҳеҷ кас ба ӯ сӯде намерасонад.

Фузайл бин Аёз



Tags: