Home /Дуввум: Худованде, ки ҷуз Ӯ маъбуди ростине нест, бишнос / Аввал: осори хос бар фард:

Аввал: осори хос бар фард:


Аввал: осори хос бар фард:

Таҳорат ва покӣ:

Бузургтарин чизе, ки мӯмин баъд аз тавҳид ба даст меоварад, покӣ ва таҳорат аст, ба ҳамин сабаб Аллоҳ онро дӯст медорад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак Аллоҳ тавбакунандагон ва поконро дӯст медорад}.[Сураи Бақара, ояти 222],

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Покӣ нисфи имон аст».(Ривоят аз Муслим аст).

Пас покӣ нисфе аз имон аст, зеро он яке аз муҳимтарин анвои имон буда ва Аллоҳ тамоми анвои покӣ ва таҳоратро дӯст медорад ва фарқе намекунад, ки:

1: Таҳорати маънавӣ: ки манзӯр аз он покии нафс аз осори гуноҳ ва нофармонӣ ва ширк ба Аллоҳ аст, ки бо тавбаи ростин ва содиқ ва пок сохтани қалб аз палидиҳои ширк, шак, ҳасад, кина, фиребу такаббур ҳосил мешавад ва ин поксозӣ ҳосил намешавад, магар ин, ки аъмоли худро бо ихлоси дуруст барои Аллоҳ ва дӯстдошани некӣ ва хубӣ ва бурдборӣ ва фурутанӣ ва ростӣ анҷом бидиҳад.

2: Таҳорати ҳиссӣ: ки ки манзур аз он бартараф кардани он навъ палидист, ки сабаби бетаҳоратӣ ва нопокӣ мешавад:

- Бартараф кардани чизҳои нопок:

Ин бо бартараф кардани чизҳои палид ба василаи оби пок аз либос, бадан, макон ва он чӣ дар ҳукми макон аст, сурат мегирад.

- Бартараф кардани нопокӣ:

Манзур аз он вузӯ, ғусл ва таяммум барои намоз ё қироат ё тавофи Байтуллоҳ ё ёду зикри Аллоҳи мутаол ва ғайра мебошад.

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Покӣ нисфе аз имон аст”. (Ривоят аз Муслим аст).

Намоз:

Тавҳиди Аллоҳи мутаол дар намоз ошкор мешавад ва он робитае байни банда бо Парвардигораш аст, ки дар он банда тоату муҳаббат ва хузуъу фурутанӣ ва хоксории худро барои Парвардигораш эълон мекунад ва ин бузургтарин рукни Ислом баъд аз гувоҳии тавҳид ва нубувати Муҳаммад аст ва он имоду сутуни дин ва нӯри яқин аст, ки нафс дар он поку муаттар шуда ва сина гушоиш меёбад ва қалб ором мегирад. Он монеъе барои корҳои зишт ва мункарот аст ва сабабе барои аз байн рафтани гуноҳон ва бадиҳост. Намоз иборат аст аз аъмоли хос дар авқоти хос, ки бо такбир оғоз ва бо салом хотима меёбад.

Таркунандаи намоз ва мункири он, такзибкунандаи Аллоҳ ва Расул ва мункири Қуръон аст. Ин бо асли имон дар тазод мебошад, аммо касе, ки вуҷуби онро медонад ва ба сабаби танбалӣ ва касолат онро тарк мекунад, ӯ худро дар маърази хатари бузург ва ҳушдори ҳавлнок қарор додааст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Фосила байни инсон ва куфру ширк, тарки намоз аст».(Ривоят аз Муслим аст).

Ва баъзеҳо гуфтаанд: он куфр аст, аммо куфри бузург нест, локин ба ҳар ҳол тарки намоз ё куфрест, ки фардро аз ойини Ислом берӯн мекунад ва ё ин, ки аз гуноҳони бузург ва аз бузургтарии муҳликот аст.

Намоз осори бисёр бузурге дорад, аз он ҷумла:

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Намоз нӯр аст”. (Ривоят аз Байҳақӣ аст).

1- Аз фаҳшо ва мункар ва корҳои зишт боз медорад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {“(Эй Муҳаммад) бихон он чӣ ба ту аз китоби (осмонӣ) ваҳй шудааст ва намозро барпой дор, зеро намоз аз (корҳои) нописанд ва ношоиста боз медорад ва бешак зикри Аллоҳ бузург аст ва Аллоҳ он чиро мекунед, медонад}.
[Сураи Анкабут, ояти 45].

2– Намоз беҳтарин аъмол баъд аз шаҳодатайн аст, бино ба ҳадиси Абдуллоҳ бини Масъуд (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод), ки фармуд:

«Аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) пурсидам: “кадом амал беҳтар аст?”, фармуд: намоз дар вақташ. Сипас пурсидам: баъд он кадом аст? фармуд: некӣ ба падару модар. фармуд: сипас пурсидам: баъд аз он кадом? гуфт: ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ».
(Ривоят аз Муслим аст).

Намоз беҳтарин амалест, ки бандаро ба Аллоҳ наздик мекунад.

3- Намоз гуноҳонро мешӯяд, бино ба ҳадиси Ҷобир (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод), ки мегӯяд: Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст: «Мисоли намозҳои панҷгона, монанди як рӯди равони пур аз об дар хонаи яке аз шумо аст, ки рӯзе панҷ бор дар он ҷон мешӯяд».(Ривоят аз Муслим аст).

4- Намоз дар дунё ва дар охират нӯре барои соҳибаш ҳаст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи намоз мефармояд: «Ҳар касе, ки бар намоз пойбанд бошад, барои ӯ нӯр, бурҳон, далел ва сабаби наҷот ва раҳоии ӯ дар рӯзи қиёмат мешавад ва ҳар кас, ки бар он пойбанд набошад, ӯро нӯр, бурҳон ва наҷоте нахоҳад буд ва дар рӯзи охират ҳамроҳи Қорӯн, Фиръавн, Ҳомон ва Убай бин Халаф хоҳад буд».(Ривоят аз Аҳмад аст).

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Намоз нӯр аст».(Ривоят аз Байҳақӣ аст).

5- Аллоҳ ба василаи намоз дараҷа ва мақоми фардро боло мебарад ва иштибоҳоту хатоҳоро аз байн мебарад, ба далели ҳадиси Савбон, мавлои Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), ки Расули Аллоҳ бар ӯ гуфт: «Саҷдаи фаровоне бар худ лозим дор, зеро ту ҳеҷ саҷдае ба ҷо намеорӣ, магар ин, ки Аллоҳ бо он дараҷаи туро боло бурда ва гуноҳони туро аз байн мебарад».(Ривоят аз Муслим аст).

6- Намоз аз бузуругтарин асбоби вуруд ба биҳишт ва ҳамроҳӣ бо Расули Аллоҳ аст, ба далели ҳадиси Рабиъа бин Каъби Асламӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод), ки фармуд:

«Ман шабро назди Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) гузарондам, пас оби вузӯ ва чизҳои мавриди ниёзи Ӯро фароҳам кардам, пас ба ман гуфт: чизе дархост кун. Гуфтам: дархости ман ҳамроҳии шумо дар биҳишт аст. Фармуд: чизи дигаре бихоҳ! Ман гуфтам: ман ҳаминро мехоҳам. Фармуд: Пас маро бо саҷдаи фаровон ёрӣ кун».
(Ривоят аз Муслим аст).

Намоз робита байни Парвардигори тавоно ва бандаи нотавон аст, то бандаи нотавон бо тавони Парвардигори қудратманд, қавӣ ва тавоно шуда ва қалби ӯ ба Аллоҳ муртабит гардад ва ин аз муҳимтарин аҳдофи намоз аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва барои ёд кардани ман, намоз барпо кун}.[Сураи Тоҳо, ояти 14]

Закот:

Закот пок кардан ва афзоиш додани нафс ва молу ҷомеа аст.

Аз рушд ва татҳир (пок кардан) гирифта шудааст. Таҳорати нафси бандаи муваҳҳид ӯро вомедорад, то бо молаш худро пок карда ва бо закот онро сайқал диҳад, то пок гардад. Пас закот ҳаққи воҷиб дар моли сарватмандон аст, ки бояд ба фақирон ва касоне, ки дар ҳукми онҳо ҳастанд, дода шавад, то ризояти Парвардигори олам ҳосил шуда ва равони одамӣ пок гардад ва ба ниёзмандон некӣ ва эҳсон кунад.

Закот дар Ислом аҳамияти бузурге дорад ва ҳикмати ташреъи он ба хубӣ аҳамияти онро ошкор мекунад ва касе, ки дар ин ҳукм таъаммул ва диққат кунад, ба зӯдӣ мутаваҷҷеҳи аҳамияти ин рукни бузург ва таъсироти он хоҳад шуд. Аз ҷумлаи ин осор иборатанд аз:

1- Пок кардани нафси башарӣ аз палидии бухл, хасисӣ ва ҳирсу тамаъ.

2- Ҳамдардӣ бо фақирон ва бартараф кардани ниёзҳои ниёзмандон ва бечорагону маҳрӯмон.

3- Барпо кардани масолеҳи умумӣ, ки зиндагӣ ва ҳаёти уммат ва саодаташ бар он устувор аст.

4- Ҷилавгирӣ кардан аз анбоштани амвол дар назди сарватмандон ва бозаргонон, то амвол фақат дар дасти як иддаи маҳдуде аз мардум хазина нашуда, ё фақат дар дасти сарватмандон даст ба даст нагардад.

5- Закот ҷомеаи исломиро ба монанди як хонавода қарор медиҳад, ки фарди тавоно бар нотавон ва сарватманд бар фақир меҳру шафқат мекунад.

6- Закот сабаби аз байн рафтани уқда, кина, хашмҳои саркуфтшуда бар сарватмандон ва ҳасодату дӯшманӣ нисбат ба неъматҳое, ки Аллоҳ ба онҳо додааст, мешавад.

7- Закот монеъе барои ба вуҷуд омадани ҷароими молӣ, монанди дӯздӣ ва чаповулу ғорат мешавад.

8- Сабаби рушд ва покии мол мешавад.

Нусуси фаровоне дар Китоб ва Суннат омадааст, ки бо шакли возеҳ ба вуҷуби закот далолат мекунад ва Паёмбари Ислом (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) баён мекунад, ки он яке аз пояҳои мустаҳкам ва устувори Ислом аст, ки бар он бино ниҳода шуда ва он рукни саввуми дин аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва намозро барпо доред ва закот бипардозед ва бо рукукунандагон руку кунед}.[Сураи Бақара, ояти 43],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ҳар хайреро, ки аз пеш барои худатон мефиристед, (подоши) онро дар назди Аллоҳ хоҳед ёфт, бешак Аллоҳ ба он чӣ мекунед, биност}.
[Сураи Бақара, ояти 110]

Ва дар ҳадиси машҳури Ҷибрил омадааст: «Ислом онаст, ки гувоҳӣ бидиҳӣ, ки маъбуди ростине ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Ӯст, намозро барпо дорӣ ва закот бидиҳӣ ва Рамазонро рӯза бигирӣ ва агар тавони онро доштӣ, ҳаҷ адо кунӣ».
(Ривоят аз Муслим аст)

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: гувоҳии “لا اله الا الله” ва рисолати Муҳаммад аз тарафи Худованд, барпо доштани намоз ва додани закот ва адо намудани ҳаҷ ва рӯзаи Рамазон».(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Ва монанди ин нусус ба равшанӣ бар ин далолат мекунанд, ки закот яке аз аркон ва усули бузурги Ислом аст, ки бидуни он такмил намешавад.

Рӯза:

Аллоҳ рӯзаро фарз гардонда ва онро яке аз аркони Ислом қарор додааст ва он иборат аст аз: имсок ба маънои хештандорӣ ва имтино варзидан аз умуре, ки сабаби шикасти рӯза мешаванд, ба нияти ибодати Аллоҳ аз тулуъи фаҷр, то ғуруби офтоб. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бихуред ва бинӯшед, то вақте, ки риштаи сафед (ки фаҷр аст) аз риштаи сиёҳ (ки шаб аст) ошкор шавад, онгоҳ рӯзаро то шаб ба поён расонед}.
[Сураи Бақара, ояти 187],

Ва ором гирифтани имон дар қалби банда ва ҷой гирифтани тавҳиди Аллоҳ, сабаби фармонпазирӣ аз он чӣ Аллоҳ барояш воҷиб кардааст, мешавад. Ин оят баёнгари ин вуҷуб аст: {Эй мӯминон! Рӯза бар шумо фарз шудааст, он чуноне, ки бар пешиниён фарз буд, шояд, ки тақво пеша кунед}.[Сураи Бақара, ояти 183]

Пас инсони муваҳҳид ба рӯза доштан шодмон шуда ва бо шавқ ба сӯи он мешитобад. Аллоҳи мутаол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд:

«Тамоми корҳои фарзандаи Одам барои худаш аст, магар рӯза, ки он барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам...».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Осори рӯза бар банда фаровон аст, аз он ҷумла:

Рӯза мадрасае барои сохтани имон дар дил аст.

1- Он роз байни банда ва холиқаш аст, ки дар он унсури муроқабат ва мувозабати ростин дар замири мӯмин намоён мешавад, зеро ҳаргиз имкон надорад риё ба он сироят кунад. Рӯза муроқабати Аллоҳ ва хашяти Ӯро дар мӯмин парвариш медиҳад ва ин ҳадафи барҷаста ва бузург аст, ки орзӯҳои бисёре аз мардум ба он намерасад.

2- Ба уммат назм ва якпорчагӣ, дӯстӣ, адлу мусовотро одат медиҳад ва дар байни мӯминон отифа ва эҳсоси раҳмат ва ахлоқи накӯ ва эҳсонро ба вуҷуд меоварад ва ҳамчунин ҷомеаро аз шарру фасод маҳфӯз нигаҳ медорад.

3- Рӯза сабаб мешавад, ки мусалмон дарди бародарашро эҳсос кунад ва ин эҳсос ӯро ба бахшиш ва эҳсон ба фуқаро ва масокин во медорад ва дар натиҷаи он муҳаббати бародарона байни мусалмонон ба вуҷуд меояд.

4- Он як тамрини амалӣ барои контроли нафс ва таҳаммули масъулияту сахтиҳост.

5- Рӯза пуштибони инсон аз фурӯ рафтан дар гуноҳон буда ва ҳачунин барои он подоши нек мебарад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Рӯза сипар аст аз рафтори зишт ва корҳои ҷоҳилона ва агар касе бо ӯ даргир шуд ва ё ӯро баду бероҳа гуфт, пас бояд бигӯяд: “ман рӯзадорам” ва инро ду бор такрор кунад, савганд ба он Зоте, ки ҷонам ба дасти Ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор дар назди Аллоҳ аз бӯйи мушку анбар беҳтар аст, хурду хурок ва нӯшиданӣ ва майли ҷинсии худро ба хотири ман раҳо мекунад, рӯза барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам ва як некӣ ба даҳ ҳасана баробар аст».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Ҳаҷ:

Тавҳиди Аллоҳ дар ҳаҷ намоён мешавад ва ҳаҷ аз ибодотест, ки сабаби афзоиши тавҳиди фарди муваҳҳид мешавад ва дар он зебогии имон ороста мешавад. Ҳоҷӣ аз оғози маросим бонги “Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лаббайк”-ро садо медиҳад ва онро дар тамоми маросим такрор мекунад, то ба маросими ҳаҷ поён диҳад, дар ҳоле, ки ба монанди рӯзи таваллуд аз тамоми гуноҳон пок шудааст. Ӯ барои Парвардигори якто холис шуда ва тавҳиди Ӯро нидо додааст. Ҳаҷ қасди Байтуллоҳил-ҳаром намудан дар аёми ҳаҷ мебошад, ҳамчуноне, ки Аллоҳ фармудааст ва Расул анҷом додааст. Ҳаҷ фаризае аз тарафи Аллоҳ бар бандагонаш аст, ки нусуси Китоб ва Суннат ва иҷмоъ бар он далолат мекунад.

Аз ҷумлаи осори Ҳаҷ бар зиндагии банда:

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст: “тавоф гирди Каъба, саъй байни Сафо ва Марва ва санг задан, ба хотири барпо доштани зикри Аллоҳи мутаол аст”. (Ривоят аз Аҳмад аст).

1- Ҳаҷ сабаби аз байн рафтани гуноҳон ва иштибоҳот аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст: «Оё надонистӣ, ки Ислом тамоми гуноҳони пешинро аз байн мебарад ва ҳиҷрат ҳар чиро, ки пеш аз он буда, маҳв месозад ва Ҳаҷ тамоми гуноҳони қаблии фардро аз байн мебарад».(Ривоят аз Муслим аст).

2- Ҳаҷ фармонпазирӣ аз дастӯри Аллоҳ аст, хонаводаи худро тарк мекунад, фарзандони худро тарк карда ва либоси худро мебарорад ва тавҳиди Парвардигорро эълон мекунад. Ҳамаи ин корҳо барои пазириши амри Аллоҳ аст ва ин аз бузургтарин нишонаҳои имтисоли амри Аллоҳ аст.

3- Ҳаҷ сабаби ризояти Аллоҳи мутаол ва духул ба биҳишт аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳаҷҷи мақбул ва некӯ, подоше ҷуз биҳишт надорад».(Ривояти мутафақун алайҳи аст).

4- Ҳаҷ изҳори амалии асли мусовот ва адл дар байни мардум аст. Ҳар вақте, ки ҳамаи мардум дар як ҷо дар саҳрои Арафот меистанд, дар ҳоле, ки дар байни онон ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад ва ҳамагӣ дар як либос зоҳир шуда ва ҷуз дар тақво ва парҳезгорӣ тафовуте бо ҳам надоранд.

5- Дар Ҳаҷ асли шинохт ва ҳамкорӣ тақвият меёбад, ба тавре, ки шинохт афзоиш меёбад ва машварат ба даст омада ва табодули оро мумкин мешавад ва ин сабаби боло рафтани ҷойгоҳи раҳбарии уммат дар байни умматҳо ва сабаби таҳрики ӯ мешавад.

6- Ҳаҷ одамиро ба тавҳиду ихлос фаро мехонад, амре, ки комилан бар зиндагии ӯ таъсир гузошта ва фақат Аллоҳро ба яктоӣ эълон мекунад ва ҷуз Аллоҳ касеро ба дуо намехонад.