Home /Парвардигори ман Аллоҳ аст /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Алллоҳи ҷаббор..

Алллоҳи ҷаббор..


Алллоҳи ҷаббор..

Бешак Аллоҳи мутаол ҷаббор аст..

{Ӯ Аллоҳест, ки маъбуди (ростин) ҷуз Ӯ нест, подшоҳи поку солим (аз ҳар айб) амндиҳанда, иҳотакунанда, пирӯзманд, ҷаббор, мутакаббир, покаст Аллоҳ аз он чӣ ба Ӯ шарик меоваранд}.
[Сураи Ҳашр, ояти 23].

“Ҷаббор”: ҷубронкунандаи дили шикаста, ёвари асир, бениёзкунандаи бенаво, росткунандаи лағжишҳои лағжишгарон ва бахшандаи гуноҳони гунаҳкорон ва озодкунандаи афроди дар азоб буда ва ислоҳкунандаи дилҳои ошиқону фурӯтанон.

“Ҷаббор”: он Зоте, ки бартарӣ ва азамати Ӯ такмил шуда ва неъмати Ӯ бар ҳар чиз густарда шудааст.

“Ҷаббор”: Зоте, ки ҳамаи чиз мутеъ ва тобеи Ӯ шуда ва ҳамаи чиз дар баробари Ӯ гардан ниҳода ва ҳеҷ чизе Ӯро аз чизи дигаре машғӯл насохтааст.

“Ҷаббор”: соҳиби қудрати мутлақ, соҳиби подшоҳӣ ва салтанат ва азамату маҷд.

“Ҷаббор”: ситамкорон дар баробари Ӯ сари таслим хам карданд ва гарданкашон дар баробари Ӯ шикаста шуда ва шоҳону бузургон дар баробари Ӯхору залил шудаанд ва бадкорони зулмпеша дар баробари Ӯ шикастаанд.

“Зинда”: ҷомеи сифоти Зот аст ва “Қаюм” ҷомеи тамоми сифот аст.

Бешак Аллоҳ Ҷаббор аст: “Ҷаббор” ба маънои баланду баландмартаба ва ба маънои қаҳҳору мусаллат ва ба маънои меҳрубон аст. Ҷубронкунандаи дилҳои шикасташуда ва нотавон ва барои ҳар касе, ки ба Ӯ паноҳ барад ва мутавассил шавад.