Home /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Аллоҳи бениёз..

Аллоҳи бениёз..


Аллоҳи бениёз..

Бешак Аллоҳ бениёз аст.. {“(Эй Паёмбар) бигӯ: Ӯ Аллоҳи ягона аст (1) Аллоҳи бениёз аст (2)}..

[Сураи Ихлос, ояти 1-2].

“Бениёз: он Зоте, ки дар Асмо ва Сифоташ комил буда ва ҳеҷ гуна нақсу камбудӣ дар Ӯ нест.

“Бениёз”: он Зоти бениёз, ки ҳама ба Ӯ ниёзманданд ва Ӯ ба ҳеҷ кас ниёзе надорад.

{Ӯ рӯзӣ медиҳад ва ба Ӯ рӯзӣ дода намешавад}. [Сураи Анъом, ояти 14].

“Бениёз”: Парвардигори тадбиркунанда ва молики гардонанда.

“Бениёз”: дилҳо дар ҳолати ниёз ба сӯи Ӯ мутаваҷҷеҳ мешаванд, пас Ӯ ҳоҷотро бароварда мекунад ва ғамҳоро мезӯдояд ва дуоро иҷобат мекунад. Касоне, ки бо Ӯ қатъи робита кардаанд ва сипас Ӯро хостаанд, ононро бо худ муртабит сохтааст. Афроди хавфзада ба сӯйи Ӯ гароиш ёфтаанд, пас ононро амният дода ва аҳли тавҳид ба Ӯ умед бастаанд, пас умеди ононро бароварда сохтааст. Мусибатдидагон Ӯро ба фарёд хостаанд, пас ононро саломат доштааст, бандагон худро дар пешгоҳи Ӯ хор намудаанд, пас ононро барафрошта аст.

Бешак Аллоҳ бениёз аст..

“Якка ва ягона”..: он Зоте, ки тамоми камолотро дар худ дорад ба тавре, ки ҳеҷ кас бо Ӯ мушорикате надорад ва аз нигоҳи ақлӣ ва қавлию амалӣ бар бандагон лозим аст, то тавҳиди Ӯро баён кунанд ва ба камоли мутлақи Ӯ ва ягонагии Ӯ дар тавҳид ва хос донистани тамоми ибодот барои Ӯ, иқрор кунанд. “Бениёз”: он Зоте, ки тамоми бандагон дар тамоми ниёзҳо ва ҳолат ба сӯи Ӯ мераванд, зеро Ӯ соҳиби Зот, Сифот, Асмо ва афъоли камоли мутлақ аст.