Home /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Аллоҳи пирӯзманд..

Аллоҳи пирӯзманд..


Аллоҳи пирӯзманд..

“Пирӯзманд”: он Зоте, ки тамоми иззат барои Ӯст, иззати қувват, иззати ғалаба, иззати боздоштан ва манъ кардан, пас монеъ шудааст, то касе аз бандагон ба заррае аз иззат бирасад ва тамоми мавҷудотро тобеи худ сохта ва тамоми махлуқот таслими Ӯ гашта ва дар баробари азамати Ӯ сари таслим хам кардаанд.

Бешак Аллоҳ пирӯзманд аст..

{Ва Аллоҳ пирӯзманди боҳикмат аст}. [Сураи Анфол, ояти 67].

Аллоҳ пирӯзманди тавонои ғолиб аст.

Зоте, ки ҳеҷ нерӯе ба Ӯ зарар намерасонад ва ҳеҷ нерӯе Ӯро оҷиз намегардонад, бобаракату баландмартабаи хабир аст Парвардигор.

“Пирӯзманд”: сарбаландӣ ва пирӯзмандии Ӯ комил шуда ва ҳама таслими Ӯ гаштаанд ва тамоми нерӯҳо дар баробари Ӯ заифу нотавон гаштаанд. Ҳар чиз ғайри Ӯ ночиз буда ва тамоми махлуқот дар баробари Ӯ хору залил ҳастанд.

“Пирӯзманд”: иззатро бар ҳар кас, ки бихоҳад медиҳад ва аз ҳар кас бихоҳад онро боз мегирад ва ҳар касро, ки бихоҳад хор мекунад ва тамоми хайр ба дасти Ӯст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бешак иззат ҳама аз они Аллоҳ аст}.

[Сураи Юнус, ояти 65].

Иззату ифтихор ба насабу нажод ва мол нест, балки иззат фақат аз ҷониби Аллоҳ аст.

“Пирӯзманд”: ҳеҷ кас иззатро ба даст намеорад, магар аз иззати Ӯ ва тавонманд намегардад, магар ба фазлу баракати Ӯ, пас ҳар касе мехоҳад ба чизе чанг бизанад, бояд ба Аллоҳ чанг бизанад ва касе хоҳони иззат бошад, пас бояд ба Аллоҳ бо қалби хеш рӯ оварад.

{Ва иззат хоси Аллоҳ ва Расул ва мӯминон аст}. [Сураи Мунофиқин, ояти 8].

Бешак Аллоҳ пирӯзманд аст