Home /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Аллоҳ бисёр афвкунанда ва бахшоянда аст..

Аллоҳ бисёр афвкунанда ва бахшоянда аст..


Аллоҳ бисёр афвкунанда ва бахшоянда аст..

Бешак Аллоҳ афвкунандаи бахшоянда аст...

{Бешак Аллоҳ афкунандаи бахшоянда аст}. [Сураи Ҳаҷ, ояти 60].

“Аллоҳ афвкунанда ва бахшанда ва даргузарандаи бисёр аст”..

Зоте, ки ҳамеша ба доштани афв ва меҳрубонӣ маъруф буда ва ба сифати бахшиш ва гузаштан аз бандагон мавсуф аст. Ҳар як ниёзманди афв ва бахшиши Ӯст, ҳамчуноне, ки ниёзманди раҳмату карами Ӯст.

Эй зоте, ки ба мағфирату афв барои касе, ки асбоби онро фароҳам сохта, ваъда додаӣ. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва бешак ман омурзандаам барои касе, ки тавба кунад ва имон биёварад ва амали солеҳ анҷом дода ва роҳи ҳидоят ёбад}. [Сураи Тоҳо, ояти 82]

Эй бахшанда! аз ту мехоҳем тавбаи ростинро бар мо рӯзӣ гардонӣ, то бо он гуноҳони худро решакан созем ва аз иштибоҳоту хатоҳои худамон пӯшаймон шуда ва ба тоату ибодат ва тарки гуноҳони ту, камари ҳиммат бандем ва моро бубахш эй Парвардигори бахшанда..

Бори илоҳо! бешак ту соҳиби афву меҳрубонӣ ҳастӣ, пас моро афв бикун. Бори илоҳо! бешак ту моро огоҳ сохтӣ, ки бахшандаи меҳрубонӣ..

{Бандагонамро огоҳ кун, ки ман бахшандаи меҳрубонам}..
[Сураи Ҳиҷр, ояти 49].

Пас моро раҳм кун ва моро бубахш эй бахшанда.

Бешак Аллоҳ афвкунандаи бахшандаи даргузар аст.

“Тавбапазир”: он Зоте, ки ҳамеша тавбаи тавбакунандагонро мепазирад ва аз гуноҳони тавбакунандагон дар мегузарад, пас ҳар кас, ки ба сӯи Аллоҳ тавбаи насӯҳ анҷом диҳад, Аллоҳ Ӯро мебахшад, ҳар кас ба сӯи Ӯ баргардад, Аллоҳ ҳам ба сӯи ӯ бармегардад ва тавбаашро мепазирад ва ба онон тавфиқи тавба медиҳад ва дилҳои онҳоро ба сӯи худ моил месозад ва баъд аз тавба гуноҳону иштибоҳоти онҳоро мебахшад.