Home /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Аллоҳ боазмат ва бузургу боҳайбат аст..

Аллоҳ боазмат ва бузургу боҳайбат аст..


Аллоҳ боазмат ва бузургу боҳайбат аст..

Бешак Аллоҳ боазамат ва бузургу боҳайбат аст..

Ӯ Аллоҳи мавсуф ба сифоти бузургӣ ва кибирёӣ ва азамату ҷалол аст, он Зоте, ки аз ҳама чиз бузургтару олитар ва бартар аст ва эҳтирому таъзим ва бузургии Ӯ дар қулуби дӯстону баргузидагони Ӯст, дилҳои онҳо аз эҳтиром ва иҷлолу фурутанӣ ва хушуъ, барои кибирёии Ӯ пӯр гаштааст.

Чӣ қадар поку беолоиш ҳастӣ эй Чӣ қадар поку беолоиш ҳастӣ эй Парвардигори бузург!! чӣ қадар бузургу олӣ ҳастӣ!!

{Пас номи Парвардигори бузургатро ба покӣ ёд кун}.[Сураи Воқеа, ояти 96].

Эй Парвардигори арҷманду боазамат! эй Зоти олимақом! мо тавони шумориши ситоишу азамати туро надорем.

Ӯ бузург аст дар Зоти боломақом ва асмо ва сифоташ.

{Чизе монанди Ӯ нест}[Сураи Шӯро, ояти 11]

Ӯ соҳиби мақоми олӣ ва боазамат аст, ҳар кас дар чизе аз он бо Ӯ даргир шавад, Ӯро аз байн мебарад ва камарашро мешиканад. Ҳамчуноне, ки Аллоҳи мутаол дар ҳадиси қудсӣ мефамояд:

«Кибирё либоси ман аст ва азамат изори ман, пас ҳар кас дар яке аз ин ду бо ман даргир шавад, ӯро дар оташ меандозам». (Ривоят аз Аҳмад аст).