Home /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Аллоҳ розиқ аст..

Аллоҳ розиқ аст..


Аллоҳ розиқ аст..

Бешак Аллоҳ розиқ аст..

{Бешак Аллоҳ раззоқ, соҳиби қуввати устувор аст}.

[Сураи Зориёт, ояти 58].

“Раззоқ”: он Зоте, ки ризқу хуроки бандагон дар дасти Ӯст ва Ӯ баландмартабаест, ки рӯзиро барои ҳар кас хоҳад фароху танг мекунад, он Зоте, ки тадбири умур ва калиди замину осмонҳо ба дасти Ӯст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

“Қаҳҳор”: Ӯ ба ҳар чиз қодири мутлақ аст, он Зоте, ки махлуқот дар баробари иззату қудрат ва камоли иқтидори Ӯ таслим шудаанд.

{Ва ҳеҷ чарандае дар замин нест, магар ин, ки рӯзияш бар (уҳдаи) Аллоҳ аст ва (Ӯ) қароргоҳу оромгоҳашро медонад}.

[Сураи Хӯд, ояти 6].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва басо ҷонваре, ки рӯзии худро бар дӯш намекашад, Аллоҳ ба онҳо ва шумо рӯзи медиҳад ва Ӯ шунаво ва доност}. {Сураи Анкабут, ояти 60}

Ва мефармояд:

{Бешак Парвардигорат рӯзиро барои касе, ки бихоҳад фарох мегардонад ва (бар касе хоҳад) танг мегардонад, бешак Ӯ ба (ҳоли) бандагонаш донову бино аст}.

[Сураи Исро, ояти 30]

Ва мефармояд:

{Ва Аллоҳ ҳар киро бихоҳад бешумор рӯзӣ медиҳад}.

[Сураи Бақара, ояти 212].

“Рӯзидиҳанда”:тамоми мардум фақиру ниёзманди Ӯ ва рӯзии Ӯ ҳастанд ва ба тамоми мардуми накӯкор ва бадкор, аввалин ва охирин рӯзӣ медиҳад.

“Рӯзидиҳанда”:ризқ медиҳад ҳар кӣ бо қалби солеҳ ба сӯи Ӯ иқбол кунад ва қалбҳои солеҳ комилтарин ризқро доро ҳастанд ва ҳар, ки Ӯро аз рӯи илму имон пурсад, ғизо медиҳад ва ризқи ҳалолеро медиҳад, ки барои ислоҳи қалб ва ислоҳи дин кӯмак мекунад барои касе, ки аз Ӯ талаб кунад.

Бешак Аллоҳ розиқ аст..