Home /Парвардигори ман Аллоҳ аст /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос /Зиндагӣ ҳамроҳ бо Аллоҳи пок ва Асмо ва Сифоти Ӯ: / Аллоҳ ҳаким аст..

Аллоҳ ҳаким аст..


Аллоҳ ҳаким аст..

Бешак Аллоҳ ҳаким аст..

{Оё Аллоҳ аҳкамулҳокимин нест}. [Сураи Нӯр, ояти 8].

“Ҳаким”: Зоте, ки тамоми чизҳоро мустаҳкам ва побарҷо мениҳад ва ононро ба тақдири худ дар ҷойгоҳи шоиста қарор медиҳад.

“Ҳаким”: шариат ва қавонинро бар асоси ҳикмате гузоштааст, пас шариати Ӯ қонуни дорои ҳикмати фарогир ва шомили мақосид, асрор ва авоқиби дунявӣ ва уҳравӣ аст.

“Ҳаким”: ҳаким аст дар он чӣ муқаддар ва қазоват кардааст, ҳаким аст дар фақри фақир ва бемории бемор ва тангдастии қарздор, дар тақдиркардаи Ӯ ҳеҷ халале ворид намешавад ва дар ақволу афъолаш ҳеҷ нақсу халале роҳ надорад, пас Ӯрост ҳикмати фарогиру шомил..

“Ҳаким”: Зоте, ки ҳикмат ва маърифат, виқор ва ниҳодани ҳар чиз дар ҷои худро ба бандагонаш илҳом мекунад.

Аллоҳ аҳкамулҳокимин аст, дар ҳастӣ ҳеҷ чиз бидуни хости Ӯ рӯх намедиҳад ва умури ҳалолу ҳаромро Ӯ муайян месозад, пас ҳукм онест, ки Ӯ муқаррар кардааст ва дин он чизест, ки Ӯ ба он амр ва наҳй кардааст, ҳеҷ кас салоҳияти бозхости хукми Ӯро надорад ва ҳеҷ кас тавони бозгардондани қазо ва қадари Ӯро надорад.

“Ҳаким”: касеро зулм намекунад, Ӯ дар авомиру навоҳӣ ва хабарҳояш одил аст.

Бешак Аллоҳ аҳкамулҳокимин аст.

Ҳаким зотест, ки ҳикмати бартар дар офариниш ва дастӯр аз Ӯст, пас ҳеҷ чизро беҳӯда намеофарад ва ҳеҷ қонунеро бефоида намегузорад, зоте, ки ҳукму дастӯр дар аввалу охир аз они Ӯст.