Home /Худовандро бо номҳои накӯ ва сифоташ бишнос / Осори имон ба Асмо ва Сифот бар банда:

Осори имон ба Асмо ва Сифот бар банда:


Осори имон ба Асмо ва Сифот бар банда:

1. Парастиш бар асоси асмо ва сифоти Ӯ:

Банда ҳар вақте онҳоро шинохт ба онҳо имон оварда ва маънои онро дарк мекунад ва ин сабаб афзоиши имони ӯ мешавад. Ҳар кас Аллоҳро бишносад, дар дилаш аз эҳтироми зиёде бархурдор мешавад ва ба ҳамин сабаб гуфта шудааст: “ҳар касе Аллоҳро бештар бишносад, аз Ӯ бештар метарсад”.

2. Афзоиши имон:

Шинохти номҳои накӯ ва сифоти Парвардигор сабаби эҷоди эҳсоси азамат нисбат ба Аллоҳ дар қалби банда мешавад, ки имон ва фурутании ӯро нисбат ба Аллоҳи мутаол афзоиш медиҳад.

{Ва касоне, ки роҳ ёфтаанд (Худованд) бар ҳидояташон афзӯд}.

[Сураи Муҳаммад, ояти 17].

3. Зикру ёди Аллоҳ:

Ҳар касе, ки Аллоҳро шинохт, Ӯро дӯст мегирад ва ҳар кас Парвардигорашро дӯст гирифт, Ӯро зиёд ёд мекунад, зеро Ӯ бо муҳаббат ва дӯстӣ қалбашро соҳиб шудааст, то дараҷае, ки муҳаббати ӯ ва танаффури ӯ фақат бар асоси муҳаббат ва танаффур бо Парвардигор шакл мегирад.

4 . Муҳаббати Аллоҳи мутаол: Аллоҳи мутаол мефармоед:

{Аз ҷумлаи мардум касоне ҳастанд, ки бо ҷои Аллоҳ ҳамтоёнеро (барои Ӯ) бармегиранд, ки онҳоро монанди дӯст доштани Аллоҳ дӯст медоранд ва касоне, ки имон овардаанд дар дӯстии Аллоҳ қавитаранд}.
[Сураи Бақара, ояти 165]

Ҳар вақте, ки банда сифоти бузурги Парвардигорро шинохт, нафсаш ба самти Ӯ майл карда ва ба Ӯ вобаста мешавад ва равони ӯ бо Парвардигораш, ки соҳиби камолу ҷалол аст, шоду масрур мегардад. Банда ба лаззат бурдан аз каломи Аллоҳи Раҳмон оғоз мекунад ва ба василаи дуо бо Ӯ улфат мегирад, ба Ӯ умедвор мешавад ва аз Ӯ бимнок мегардад, зеро муҳаббати ӯ бо Аллоҳ ӯро ба ин амр мекашонад, пас ӯро мебинӣ, ки Аллоҳро дӯст дорад ва он чӣ Аллоҳ дӯст медорад ва ҳар киро Аллоҳ дӯст медорад.

5. Шарм аз Аллоҳи мутаол:

Пас шинохти Аллоҳи мутаол сабаби эҷоди ҳайбат дар дили ӯ мешавад. Ҳар қадар ҳайбати Аллоҳ дар дили ӯ бештар шавад, шарми ӯ афзоиш меёбад, пас банда худро аз он чӣ мавриди наҳйи Ӯст, ҳизф мекунад, маргро ёд карда ва ба тазарруъ рӯй меоварад, аъзои худро ҳифз мекунад, то Аллоҳи мутаол хушнӯд гардад.

6. Фурутанӣ ва хоксории нафс дар баробари Аллоҳ:

Ҳар вақте, ки иззату бузургии Аллоҳи мутаолро шинохтӣ, хорӣ ва зиллат ва кӯчакии худро дарк мекунӣ ва онгоҳ, ки ба қудрати Ӯ пай бурдӣ мутаваҷҷеҳи заъфи худ мешавӣ ва чун подшоҳии Ӯро шинохтӣ, пас фақру ниёзи худро бишнос ва чун камолро шинохтӣ, нақси худро дарёб ва чун авсофи камолу ҷамоли Ӯро шинохтӣ, пас авҷи фақру ниёзмандии худ ва кӯчакиатро бишнос ва бидон, ки ту ҷуз бандае беш нестӣ.

Барои ҳеҷ касе шоиста нест, то дар бораи зоти илоҳӣ сухан бигӯяд ва ӯро ба чизе ҷуз он чӣ худаш худро ба он сутуда ва васф кардааст, васф намояд ва бо раъй ва назари худ дар бораи Ӯ сухане бигӯяд.

Барои ҳеҷ касе шоиста нест, то дар бораи зоти илоҳӣ сухан бигӯяд ва ӯро ба чизе ҷуз он чӣ худаш худро ба он сутуда ва васф кардааст, васф намояд ва бо раъй ва назари худ дар бораи Ӯ сухане бигӯяд.

Имом Абӯҳанифа