Home /Парвардигори ман Аллоҳ аст /Дуввум: Худованде, ки ҷуз Ӯ маъбуди ростине нест, бишнос / 1- Муҳаббат ва дӯстӣ:

1- Муҳаббат ва дӯстӣ:


1- Муҳаббат ва дӯстӣ:

Мафҳуми дӯстӣ бо Аллоҳ

Муҳаббати Аллоҳ

Ин дустӣ иборат аст аз оромиш ва унси дил ва майли он ба сӯи Худованд ва пазириши ҳар он чӣ мехоҳад ва чира шудани ёд ва зикри Аллоҳ бар дил.

Ҳақиқати муҳаббат ва дӯстӣ бо Аллоҳи мутаол

Муҳаббат ва дӯстӣ бо Аллоҳ, ҳамон муҳаббати парастиши Ӯ ва фурутанӣ дар баробараш ва эҳтиром нисбат ба Ӯ мебошад. Дар дили бандаи дӯстдор чунон муҳаббат ва азамате аз Аллоҳ бошад, ки ба сабаби он дастӯрҳои Ӯро гардан ниҳода ва аз манҳиёти Ӯ дӯрӣ гузинад. Ин муҳаббат асли имон ва тавҳид буда ва бар ин муҳаббат фазилатҳои фаровоне ҳосил мешавад ва аз осори муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаол муҳаббат ва дӯстӣ бо замону макон, афрод, корҳо ва суханон ва дигар маворидест, ки Худованд дӯст медорад.

Ҳамчунин лозим аст, ки муҳаббати Аллоҳ бояд холис барои Аллоҳи мутаол бошад. Дӯстиҳои табиъӣ монанди дӯстии фарзанд бо падару модар ва падару модар бо фарзанд ва донишомӯз бо муаллим ва дӯстии хурдану нӯшидан, издивоҷ, либос, дӯстон ва дигар чизҳо бо дӯстии Аллоҳ дар таъоруз нест.

Аммо муҳаббат ва дӯстии ҳаром ба монанди ширк қарор додан дар муҳаббати Аллоҳ ҳастанд, монанди муҳаббат ва дӯстӣ бо мушрикин ва бутҳои онон, ё тарвиҷ додани хоҳишоти нафсонӣ бар умури мавриди писанди Аллоҳ, ё дӯст доштани амокин, ашхос, корҳо ва суханоне, ки Аллоҳ намеписандад, ки ин умур аз ҷумлаи муҳликот ҳастанд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва аз ҷулмлаи мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷои Аллоҳ ҳамтоёнеро (барои Ӯ) қарор медиҳанд ва онҳоро монанди дӯстдоштани Аллоҳ дӯст медоранд ва мӯминон Аллоҳро бештар дӯст медоранд}[Сураи Бақара, ояти 165]

Аз ҷумлаи фазилатҳои муҳаббат ва дӯстӣ бо Аллоҳи мутаол:

1– Муҳаббат асли тавҳид ва яктопарастист ва рӯҳи тавҳид, холис сохтани муҳаббат ва дӯстӣ барои Аллоҳи яктост, балки он ҳамон ҳақиқати ибодат аст ва тавҳид такмил намешавад, то муҳаббати банда бо парвардигораш такмил нашавад ва бар тамоми дӯстиҳо сабқат бигирад ва бар онҳо чира шуда ва бар ҳама ҳукм кунад, ба тавре, ки дӯстии бандагон тобеъ ва пайрави ин муҳаббат бошад. Яъне ҳамон муҳаббате, ки саодат ва растагории банда дар он аст.

2- Дилбардори дӯстдор дар вақти мусибат: дӯстдор лаззати ин муҳаббатро дарк мекунад ва тамоми мусибатҳоро аз ёд бурда ва сахтиҳоро барояш осон месозад.

Ҳеҷ ибодате ба монанди дӯстӣ ва муҳаббати Худованд ва биму умед нисбат ба Ӯ нест. Шавқ ба сӯи Аллоҳ ва дидори Ӯ насимест, ки бар қалб мевазад, то шавқи дунёро аз байн барад.

3- Авҷу пурагии неъмат ва шодию шодмонӣ: ин амр ҷуз бо муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаол ба даст намеояд. Дил бениёз намешавад ва парешонии ӯ бартараф намегардад ва гуруснагии он поён намепазирад, магар бо муҳаббат ва рӯйоварӣ ба сӯи Аллоҳи мутаол, агар чӣ тамоми лаззатҳои ӯ фароҳам бошад, аммо унсу оромиши ӯ дар гарави муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаол мебошад. Дӯстии ӯ биҳишти дилҳост ва ҳеҷ чиз назди дилҳои солим ва равонҳои пок ва ақлҳои роҳёфта ва пок ширинтар ва лазизтару поктар ва шодибахштар аз муҳаббат ва унс гирифтан бо Ӯ ва шавқи дидори Ӯ нест. Шириние, ки мӯмин дар дили худ меёбад, болотар аз ҳар ширинӣ, неъмат ва сурур аст, он аз ҳар неъмате комилтар ва лаззате, ки аз он ҳосил мешавад, аз ҳар лаззате болотар аст.

«Се вижагианд, ки агар дар ҳар кас бошанд, ширинии имонро ёфтааст: Аллоҳ ва расули Ӯ аз ҳар кас дар наздаш маҳбубтар бошанд, дӯстии ӯ бо ҳар кас фақат ба хотири Аллоҳ бошад ва бозгашт ба куфр барои ӯ баъд аз он, ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дод, ба монанди суқут ва фурӯ рафтан дар оташ, сахт ва ногувор бошад».(Ривоят аз Бухорӣ, Муслим ва Насоӣ ҳаст)

Ба таври содда ҳеҷ кас бадбахттар аз касе нест, ки аз оромиш ва унс бо Аллоҳи мутаол маҳрум бошад.

Асбобе, ки муҳаббати Аллоҳи мутаолро ҷалб мекунанд:

Парвардигори боазамат дӯст медорад касеро, ки Ӯро дӯст медорад ва ба Ӯ тақарруб меҷӯяд. Нахустин амре, ки сабаби ҷалби муҳаббат ва дӯстии Худованд мешавад онаст, ки банда Худояшро беш аз ҳама дӯст дошта ва ҳеҷ махлуқеро монанди Ӯ дӯст надошта бошад. Тафсили асбобе, ки сабаби муҳаббати Худованд мешавад, ба шарҳи зер аст:

1- Қироати бо тадаббури Қуръон ва фаҳми маъонӣ ва мафоҳими он. Ҳар кас ба китоби Худованд пардохт ва ба он амал намуд, дилаш ба муҳаббати Худованд обод мешавад.

2– Тақарруб ҷӯстан ба Худованд ба василаи навофил баъд аз анҷоми фароиз:

«Ҳамеша бандаи ман бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд, то ин, ки ӯро дӯст мегирам ва онгоҳ, ки ӯро дӯст гирифтам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он кор мекунад ва пои ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Агар чизе аз ман бихоҳад, ба ӯ медиҳам ва агар аз ман паноҳ биталабад, ӯро паноҳ медиҳам».(Ҳадиси қудсӣ, Бухорӣ ривоят кардааст).

3- Мудовамат кардан ба ёд ва зикри Аллоҳ дар ҳар ҳол, чӣ бо забон ва дил ва чӣ бо ҳол ва дар ҳар кор ва амале, ки анҷом медиҳад.

4- Муқаддам шумурдани он чӣ Аллоҳ дӯст медорад, бар хоҳишот ва майлҳои нафси одамӣ.

{Онҳоро дӯст медорад ва (онҳо низ) Ӯро дӯст медоранд}.
[Сураи Моида, ояти 54]

5- Мутолиаи амиқи Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол ва шинохти онҳо.

6- Мушоҳидаи некӣ ва эҳсону неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Ӯ.

7- Фурутании куллии дил дар баробари Аллоҳи мутаол ва бо азамат.

8– Хилват гӯзидан бо Аллоҳи мутаол дар як саввуми охири шаб, онгоҳ, ки Парвардигор ба осмони дунё фуруд меояд, бо Худованд хилват гӯзида ва бо Ӯ муноҷот карда ва китоби ӯро бихонад ва муаддабона дар баробари Ӯ ба намоз бипардозад ва онро бо тавба ва истиғфор поён диҳад.

9- Ҳамнишинӣ бо дӯстони содиқи Аллоҳ ва истифода аз самараҳои суханони поку накӯи онон ва сухан нагуфтан магар ҳангоме, ки маслиҳати он ғолиб буда ва барояш ошкор шуд, ки манфиати он бештар ва барои дигарон сӯдманд аст.

10- Дӯрӣ аз ҳар чизе, ки сабаби дӯрии ӯ аз Аллоҳи мутаол мешавад.

Аз ҷумлаи самараҳои муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаол бо банда:

- Ҳар киро Худованд дӯст бигирад, ӯро ҳидоят карда ва ба худ наздик мекунад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Аллоҳи мутаол мефармояд: Ман назди гумони бандаам ба ман ҳастам, ҳаргоҳ маро ёд кард, бо ӯ ҳастам, агар маро дар танҳоӣ ёд кард, ӯро назди худам ёд мекунам ва агар маро дар назди ҷамъе аз мардум ёд кард, ман ӯро дар ҷамъи беҳтаре аз он ёд мекунам ва агар як ваҷаб ба ман наздик шавад, ман ду ваҷаб ба ӯ наздик мешавам ва агар ним метр ба ман наздик шавад, ман як метр ба ӯ наздик мешавам ва агар ӯ ором ором ба сӯи ман биёяд, ман давон давон ба сӯи ӯ меравам».(Ривоят аз Бухорӣ аст)

Пас ҳар қадар банда аз Худояш тарсад ва тақво пеша кунад, Худованд ҳидояти ӯро меафзояд ва ҳаргоҳ, ки ӯро ба дӯстӣ бигирад, ҳидояти ӯро меафзояд ва ҳаргоҳ ӯ ҳидоят шуд, тақвояшро меафзояд.

- Ҳар касеро Худованд дӯст бигирад, ӯро дар замин мақбули ҳама мегардонад:

Манзур аз мақбулияти ин банда, ки Худованд ӯро дӯст гирифта, тамоюл ба сӯи ӯ ва ризояту хушнудӣ аз ӯ ва таърифу мадҳ ва сано аз ӯ аст, ки аз ҳар тараф сарозер мешавад. Ҳама ӯро дӯст мегиранд, магар фарди кофир, зеро ӯ дӯстӣ бо Худовандро инкор кардааст, пас чӣ гуна ӯ бо дӯстони Аллоҳи мутаол дӯст мешавад? Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Ҳаргоҳ Худованд бандаеро дӯст гирифт, Ҷибрилро фаро мехонад ва мегӯяд: ман фалон бандаамро дӯст дорам, пас ту ҳам ӯро дӯст бидор. Мефармояд: пас Ҷибрил ӯро дӯст медорад, сипас дар осмон бонг мезанад ва мегӯяд: ҳамоно Худованд фалон бандаро ба дӯстӣ гирифта, пас шумо ҳам ӯро дӯст бигиред, пас аҳли осмон ӯро дӯст мегиранд. Мефармояд: баъд аз он ӯ маҳбуби ҳамагон ва мавриди пазириши ҳама қарор мегирад».(Ривоят аз Муслим аст)

Ва ҳамчунин ҳар вақте, ки Худованд бандаеро дӯст гирифт, риоят ва инояти худро шомили ҳоли ӯ карда ва ҳама чизро дар хидмати ӯ ниҳода ва ҳар сахтиро барояш осон месозад. Ҳар амри дӯреро барояш наздик ва дастёфтанӣ сохта ва кори дунёро барояш осон мекунад ва ӯ эҳсоси хастагӣ ва дармондагӣ намекунад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, (Аллоҳи) Раҳмон барои онҳо муҳаббате (дар дилҳо) қарор медиҳад}.
[Сураи Марям, ояти 96]

- Ҳар касеро Худованд дӯст бигирад, маъияти худро шомили ӯ мекунад:

Он гоҳ, ки Худованд бандаеро дӯст гирифт, ӯро пуштибонӣ карда ва ба иноят ва таваҷуҳи худ ӯро фаро мегирад ва касеро бар ӯ мусаллат намекунад, то ӯро биёзоранд ё азият кунанд. Дар ҳадиси қусдӣ омадааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳамоно Худованд фармуд: ҳар кас бандаи манро ба душманӣ гирифт, ман бо ӯ эълони ҷанг мекунам ва ҳаргиз банда наметавонад бо чизе беҳтар аз фароиз ба ман тақарруб ҷӯяд, ҳамеша банда бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд, то ман ӯро дӯсти худ қарор медиҳам ва чун ман ӯро дӯст қарор додам, гӯши ӯ мешавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он кор мекунад ва пои ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад ва агар аз ман дархосте бикунад, ба ӯ медиҳам ва агар ба ман паноҳ бибарад, ӯро паноҳ медиҳам. Ман ҳаргиз дар анҷоми чизе тардид накардаам, магар дар гирифтани рӯҳи бандае, ки маргро намеписандад ва ман нороҳатиашро дӯст надорам».(Ривоят аз Бухорӣ аст)

Имони ростин, зиндагӣ ва ҳаёти рӯҳ ва майдони шодиҳост, ҳамонсон, ки куфр варзидан ба Аллоҳи мутаол марги пешҳангом ва майдони ғаму ғӯса ва андуҳ аст.

- Ҳар касеро Худованд дӯст бигирад, дуои ӯро иҷобат мекунад:

Аз ҷумлаи далоили дӯстии Аллоҳ бо банда онаст, ки дуои ӯро иҷобат намуда ва ба муҷарради барафроштани дасташ ба сӯи Аллоҳ ва гуфтани “ё Раб” дуои ӯро мепазирад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва чун бандагонам дар бораи ман аз ту бипурсанд (бигӯ) бешак ман наздик ҳастам, дуои дуокунандаро ҳангоме, ки маро (ба дуо) бихонад, иҷобат мекунам, пас бояд, ки аз ман фармон пазиранд ва ба ман имон оваранд, бошад, ки роҳ ёбанд}.[Сураи Бақара, ояти 186]

Аз Салмони Форсӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Бешак Аллоҳ бисёр бо ҳаё ва шарм ва бузургвораст ва шармаш меояд, ки банда дастонашро ба сӯи Ӯ баланд кунад ва Ӯ онҳоро холӣ баргардонад».
(Ривоят аз Тирмизӣ аст)

Ҳар вақте Аллоҳи мутаол бандаеро дӯст гирифт, ба фариштагон амр мекунад, то барои ӯ истиғфор кунанд. Фариштагон барои ҳар касе, ки Аллоҳи мутаол ӯро дӯсти худ бигирад, истиғфор мекунанд ва аз Аллоҳи мутаол барои ӯ раҳмат металабанд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Касоне, ки Аршро ҳамл мекунанд ва ононе, ки гирду атрофи он (Арш) ҳастанд, бо ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва ба Ӯ имон доранд ва барои мӯминон омурзиш мехоҳанд (мегӯянд:) Парвардигоро! бахшоиш ва дониши ту ҳама чизро фаро гирифтааст, пас онҳоеро, ки тавба кардаанд ва аз роҳи ту пайравӣ кардаанд, биёмӯрз ва ононро аз азоби дӯзах наҷот деҳ}.
[Сураи Ғофир, ояти 7]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Наздик аст, ки осмонҳо аз фарозашон бишкофанд ва фариштагон бо ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва барои заминиён омӯрзиш мехоҳанд. Бидонед, ки Худованд бахшандаи меҳрубон аст}.[Сураи Шӯро, ояти 5]

Он гоҳ, ки Худованд бандаеро дӯст гирифт, ӯро ҳангоме қабзи рӯҳ мекунад, ки машғули анҷоми кори нек ва солеҳ аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Онгоҳ, ки Худованд ба бандае қасди хайру некӣ кунад, ӯро “асал” мекунад. Гуфта шуд: манзур аз “асал мекунад” чист? Фармуд: пеш аз марг кори солеҳ ва некеро барои ӯ насиб мекунад ва сипас ӯро бар он мемиронад».(Ривоят аз Аҳмад аст).

- Ҳаргоҳ Худованд бандаеро дӯст бигирад, ӯро ҳангоми марг оромиш мебахшад:

Ҳаргоҳ, ки Худованд бандаеро дӯст гирифт, ӯро дар дунё оромиш мебахшад ва дар ҳангоми марг оромишу собитқадамиро насиби ӯ мегардонад ва сипас фариштагонро ба сӯяш мефиристад, то ӯро қабзи рӯҳ кунанд ва ӯро ба биҳишт муждаҳ медиҳанд. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак касоне, ки гуфтанд: Парвардигорамон Аллоҳ аст, онгоҳ устувор монанд, фариштагон (бо ин паём) бар онҳо нозил мешаванд, ки натарсед ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешӯдед, хӯш бошед}
.
[Сураи Фусиллат, ояти 30].

- Ҳаргоҳ, ки Худованд бандаеро дӯст гирифт, ӯро дар биҳишти ҷовидон қарор медиҳад:

Ҳар касро Худованд дӯст гирифт, ӯро дар охират дар биҳишт ҷой медиҳад. Лутфу карами Худованд бар дӯстонаш дар сарои дигар ба зеҳни касе хутур накарда ва намекунад. Аллоҳи мутаол дӯстонашро ба биҳиште ваъда додааст, ки дар он ҳар он чӣ нафси одамӣ майл кунад, вуҷуд дорад, ҳамон гуна ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст, Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

“Худованд мефармояд: барои бандагони солеҳам омода кардаам он чиро, ки ҳеҷ чашме надида ва ҳеҷ гӯше васфи онро нашунида ва бар зеҳни ҳеҷ башаре хутур накарда аст, бихонед агар хостед: {Ҳеҷ нафс намедонад он чиро, ки аз хунукии чашм барояшон пинҳон нигаҳ дошта шудааст}.
(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Дунё ҳаргиз гуворо намешавад магар бо дӯстӣ ва муҳаббати Аллоҳи мутаол ва пайравӣ аз Ӯ ва биҳишт ҷуз бо дидор ва мушоҳидаи Ӯ гуворо нахоҳад шуд.

Аз ҷумлаи самароти муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаол дидори Ӯст:

Парвардигори боазамат бо нӯраш бар бандагоне, ки дӯсташон дорад, ошкор мешавад ва онон чизе маҳбубтар аз он нахоҳанд ёфт. Ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба моҳи шаби чаҳордаҳ нигариста ва фармуданд: “Бешак Парвардигоратонро хоҳед дид, ҳамон гуна, ки ин моҳро мебинед ва дар дидани он дӯчори издиҳом намешавед, пас намози пеш аз тулӯ ва ғуруби офтобро аз даст надиҳед. Сипас ин оятро хонд: {Бо ҳамд Парвардигоратро пеш аз тулӯи хуршед ва пеш аз ғуруб тасбеҳ бикун}.(Ривояти Бухорӣ аст).

Нуктаҳо ва аҳкоме пиромуни муҳаббат ва дӯстӣ бо Аллоҳ:

1- Муҳаббат ва дӯстии Худованд бо банда монеи омадани бало ва мусибат бар ӯ нест. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудааст:

«Бузургии подош, ҳамроҳи бузургии озмоиш ва бало аст, ҳаргоҳ Аллоҳи мутаол қавмеро дӯст гирифт, онро меозмояд, пас ҳар кас хушнӯд шуд ва ризоят дод, хушнӯдӣ ва ризоят насиби ӯ мешавад ва ҳар кас нохушнӯд шуд, пас нохушнӯдӣ насиби ӯ мешавад».
(Ривоят аз Тирмизӣ аст)

Аллоҳи мутаол бандаро ба анвои мусибатҳо мубтало месозад, то ӯро аз палидии гуноҳҳо пок ва ҷило диҳад ва дили ӯро аз пардохтан ба дунё фориғ созад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ба ростӣ шуморо меозмоем, то муҷоҳид ва шикебоёни шуморо маълум кунем ва авзоъ (ва аҳволи) шуморо биёзмоем}.
[Сураи Муҳаммад, ояти 31]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак шуморо бо чизе аз (қабили) тарсу гуруснагӣ ва коҳиши амвол ва ҷонҳо ва меваҳо меозмоем ва ба бурдборон (бар ин озмӯн) мужда бидеҳ (155) (ҳамон) касоне, ки чун мусибате ба онон бирасад, бигӯянд: “инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун” (156) инҳоянд, ки аз ҷониби Парвардигорашон дурудҳо ва раҳмате бар онон аст ва ҳаминҳо роҳёфтагонанд (157)}.
[Сураи Бақара, оёти 155-157]

2- Гуноҳ ва наформонии банда сабаби коҳиш ёфтани муҳаббат ва дӯстии Аллоҳи мутаол ва поён омадани камоли он хоҳад шуд. Муҳаббат ба монанди имон аст ва асле барои худ дорад ва онро камолу баландист ва баробар бо гуноҳон аз камолу баландияш коста мешавад ва ҳар гоҳ фард дар марҳалаи ихтилоф ва нифоқи бузург ворид шуд, асли он аз байн меравад ва нобӯд мегардад. Касе, ки дар дилаш муҳаббати Аллоҳи мутаол ва боазамат нест, ӯ кофир ё муртад ва ё мунофиқ аст, мунофиқи дорои нифоқи бузургро баҳрае аз дин нест, аммо наметавон ба гунаҳкорон гуфт, ки онҳо аз муҳаббати Аллоҳ холӣ ҳастанд, балки метавон гуфт, ки муҳаббати онҳо бо Аллоҳи мутаол ноқис аст ва бар ҳамин асос бо онҳо бархурд мешавад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: «Агар шумо муртакиби ҳеҷ гуноҳе нашавед, Аллоҳи мутаол қавми дигареро меофарад, то гуноҳ кунад ва сипас талаби бахшиши гуноҳони худро намояд ва Худованд гуноҳони онҳоро бахшояд».(Ривоят аз Аҳмад аст).

“Озодии ҳақиқӣ, озодии қалб аз ширк, шаҳват ва шубуҳот аст ва парастиш, ки амали қалб аст, набояд барои ғайри Аллоҳ бошад”.

3- Муҳаббат ва дӯстӣ бо Аллоҳи мутаол дар тазод бо дӯстиҳои табиъӣ, ки нафси одамӣ ба онҳо тамоюл дорад, нест, монанди дӯстии хуроку нушиданӣ ва занон ва ғайра. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Аз чизҳои дунё барои ман занону хушбӯӣ писанд шудаанд». (Ривоят аз Аҳмад аст).

Пас дар дунё як идда умуре ҳастанд, ки дӯстӣ ва муҳаббати онҳо ширк нест, зеро Паёмбари Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) онҳоро дӯст гирифтааст. Ба ҳамин хотир барои инсон раво аст, то чизҳоеро аз дунё дӯст дошта бошад, албатта ба шарте, ки аз умури ҳаром набошанд.

4- Ҳак касе, ки шахсеро ё чизеро ҳамчуноне, ки Аллоҳро дӯст медорад, дӯст бидорад, ӯ мушрик аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва аз ҷумлаи мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷои Аллоҳ, ҳамтоёнеро (барои Ӯ) қарор медиҳанд, ки онҳоро монанди дӯст доштани Аллоҳ дӯст медоранд ва касоне, ки имон овардаанд дар дӯстӣ бо Аллоҳ қавитар ва сахтаранд ва агар (ин) ситамкорон ҳангоме, ки азобро мебинанд, бубинад, (ки шариконашон сӯде намебахшанд, хоҳанд донист) ки ҳамаи тавону қувват аз они Аллоҳ аст ва ин, ки Аллоҳ сахткайфар аст}.[Сураи Бақара, ояти 165]

Дар оят ҳушдори сахте барои касест, ки муҳаббати шахси дигареро бо муҳаббати Аллоҳ баробар қарор медиҳад ва ба ӯ монанди Аллоҳ эҳтиром мегузорад ва ба ӯ таъзим мекунад.

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Бешак маҳбубтарини аъмол дар назди Аллоҳ дӯстӣ барои Худованд ва дӯшманӣ барои Ӯст» (Ривоят аз Аҳмад аст).

Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: агар падаронатон ва фарзандонатон ва бародаронатон ва ҳамсаронатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки онро ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодаш метарсед ва хонаҳое, ки онҳоро меписандед, дар назди шумо аз Аллоҳ ва Расулаш ва ҷидод дар роҳи Ӯ маҳбубтар бошанд, пас дар интизор бошед, то Аллоҳ ҳукмашро дар миён оварад ва Аллоҳ гуруҳи нофармоёнро ҳидоят намекунад}.[Сураи Тавба, ояти 24]

Дар ин оят ҳушдори бисёр ҷиддӣ барои касест, ки яке аз ин мавориди ҳаштгона дар назди ӯ маҳбубтар аз Аллоҳ ҳастанд. Аз Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: «Ҳеҷ яке аз шумо мӯмин намешавад, то замоне, ки ман аз фарзанд ва падар ва тамоми мардум назди ӯ маҳбубтар набошам».(Ривоят аз Ибни Моҷҷа аст).

5- Дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо мушрикин ва раҳо кардани мӯминон, бо дӯстии Худованд дар тазод аст. Дӯстӣ ба хотири Аллоҳ ва душманӣ ба хотири Ӯ асли бузурги дин аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Мӯминон набояд кофиронро ба ҷои мӯминон дӯст ва валии худ бигиранд ва ҳар кас чунин кунад, бо Аллоҳ ҳеҷ робитае надорад (ва аҳду паймони ӯ бо Аллоҳ гусаста шудааст), магар ин, ки (аз озору азияти) онҳо битарсед (дар зоҳир бо онон дӯстӣ кунед)}.[Сураи Оли Имрон, ояти 28]

Худованд мӯминонро аз дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кофирон боз дошта ва таъкид мекунад, ки ҳар кас чунин амалеро муртакиб шавад, ӯ ҳеҷ баҳрае аз дӯстии Худованд надорад. Дӯстӣ бо дӯстон ва дӯстӣ бо душманон дар тазод бо ҳам қарор доранд: {магар ин, ки (аз озору азияти) онҳо битарсед (дар зоҳир бо онон дӯстӣ кунед)}.
[Сураи Оли Имрон, ояти 28]

Аллоҳи мутаол дар дӯстӣ бо онон дар замони тарс иҷозат додааст, зеро ҳамзистии накӯ ҷуз ба ин тариқ бо онон имкон надорад. Дар ин мавриди хос ҳамзистии зоҳирӣ бо онон ҷоиз аст, дар ҳоле, ки қалб ба имон устувор ва ором дошта бошад ва дар дил аз кофирон мутанаффир бошад, ҳамон гуна, ки Аллоҳ мефармояд: {Магар касе, ки водор (ба куфр) шавад ва дилаш ба имон мутмаин бошад}.[Сураи Наҳл, ояти 106]

Дурахшиши муҳаббат

Вақте Паёмбари мо (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) байни зиндагии дунё ва дидори Парвардигор ихтиёр дода шуд, фармуд: «На! балки ман он дӯсти волоро тарҷеҳ медиҳам»(Ривоят аз Аҳмад аст)

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дӯстӣ ва муҳаббати Аллоҳи мутаол ва дидор бо Ӯ ва фазлу раҳмати Ӯро бар дӯстии дунё ва лаззату баҳраҳои он тарҷеҳ дод.

Нишонаи дӯстӣ бо Аллоҳ касрати ёди Ӯ ва шавқи дидораш аст. Ҳар кас чизеро дӯст бидорад, онро зиёд ёд мекунад ва дӯст дорад онро дидор карда ва ба он бирасад.

Рабеъ бин Анас