Home /Дуввум: Худованде, ки ҷуз Ӯ маъбуди ростине нест, бишнос / 2) Умед:

2) Умед:


2) Умед:

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Осон бигиред ва сахтгирӣ накунед, башорат бидиҳед ва танаффур эҷод накунед”. (Ривоят аз Бухорӣ аст)

Мафҳуми он:

Умед иборат аст аз:

Эҳсос намудан ба вуҷуди Аллоҳ ва фазлу раҳмати Ӯ ва шодӣ нисбат ба мутолиаи караму эҳсони Ӯ ва эътимод нисбат ба Ӯ, дилҳоро ба сӯи Аллоҳ ва биҳишти Ӯ мебарад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ҳар касе, ки бадие кунад, ё бар хештан ситам раво дорад, баъд аз он аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳад, Аллоҳро омӯрзандаи меҳрубон хоҳад ёфт}
[Сураи Нисо, ояти 110]

Анвои он:

Умед бар се навъ аст: ду навъи он писандида ва як навъи он нописанд аст:

1 – Умед ба амале, ки дар ростои итоати Аллоҳ буда ва бар асоси нӯре аз ҷониби Ӯст, ки умеди расидан ба савобро аз тарафи Ӯ дорад.

2- Умедвории касе, ки гуноҳе муртакиб шуда ва сипас тавба намудааст. Умеди мағфирати Аллоҳ ва маҳви гуноҳон ва гузаштан аз онҳо ва пӯшида мондани онҳоро дорад.

3- Умедории касе, ки дар гуноҳон фурӯ рафта ва дар онҳо аз ҳад гузашта, ӯ умеди раҳмат ва мағфирати Парвардигорашро дорад, аммо бидуни ҳеҷ гуна амале ва ин як ғурур ва орзӯ ва авҳому хаёлот аст, умеди дуруғин, ки ҳаргиз писандида ба шумор намеравад. Умеди мӯминон ҳамроҳ бо амал аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ба ростӣ ононе, ки имон овардаанд ва ононе, ки ҳиҷрат кардаанд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод намудаанд, инҳоянд, ки ба раҳмати илоҳӣ умедворанд ва Аллоҳ омӯрзандаи меҳрубон аст}[Сураи Бақара, ояти 218]

Мартабаҳои он:

Умед мартабаҳо ва дароҷоте дорад, ки аз фард то фарди дигар мутафовит аст ва ин мартабаҳо иборатанд аз:

1 – Умеде, ки фардро ба саъй дар ибодат ташвиқ мекунад ва дар назди соҳибаш лаззати анҷоми ибодотро ба вуҷуд меоварад, ҳатто агар бо машақату сахт бошад, аз ҷумлаи умуре, ки ӯро аз гуноҳон ва мункарот дӯр нигаҳ медорад.

2- Умеди муҷтаҳидин дар тарки он чӣ ба он одат кардаанд ва нафси онон ба он хӯ гирифтааст ва ҳамчунин умуре, ки ононро аз хостаи Парвардигорашон дӯр нигаҳ медорад ва дилҳояшонро барои Аллоҳ поку холис мегардонад.

3- Умеди соҳибони дил: ин умеди дидори холиқи ҳастӣ, ҳамроҳ бо шавқу алоқа ва иртиботи қалб ба Ӯ буда ва ин беҳтарин ва бартарин анвои умед аст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас касе, ки ба лиқои Парвардигораш умедвор аст, бояд ки кори писандида анҷом диҳад ва дар парастиши Парвардигораш касеро шарик қарор надиҳад}.
[Сураи Каҳф, ояти 110]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Касе, ки ба лиқои Аллоҳ умед дошта бошад, (бидонад, ки) миъоди Аллоҳ омаданист ва Ӯ шунавову доност}.[Сураи Анкабут, ояти 5]

Ҳар кас ба чизе умед дошта бошад, онро дархост мекунад.

Иртиботи умед ба шинохти Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

Фарде, ки дар ӯ сифати умед ва раҷо вуҷуд дошта бошад, дар ибодоти худаш мулозимат мекунад ва бар муқтазаёти имон амал карда ва умедвор аст, ки Аллоҳи мутаол ӯро гумроҳ накунад, аъмолашро бипазирад ва онҳоро ба сӯяш барнагардонад ва подоши ӯро чанд баробар кунад ва ба ӯ музд бидиҳад. Ӯ аз тамоми асбобе, ки метавонад истифода мекунад ва умеди раҳмати Парвардигорро дорад, зеро ӯ Аллоҳи мутаъол ва Асмо ва Сифоти Ӯро мешиносад ва медонад, ки ӯ бо худои меҳрубон ва дӯстдор ва шукргузору карим ва бахшанда ва мағфираткунанда ва латиф мувоҷеҳ аст. Ӯ дар ин дунё дилсӯз буда ва онгоҳ, ки ба назди Парвардигори арҷманд ва боазамат ворид шавад, умеди амон аз Ӯ дорад.

Самароти умед:

1- Талош барои анҷоми корҳои нек ва тоъотро дар назди соҳибаш тақвият мебахшад.

2- Соҳиби умед ба пойбандӣ бар тоъот одат мекунад, ҳар чанд, ки авзоъ тағйир карда ва ё дар тангно бошад.

3- Соҳиби умед ҳамеша ба Аллоҳ рӯ карда ва бо Ӯ муноҷот мекунад ва дар талабу дархост аз Ӯ бисёр латофат ба харҷ дода ва бо исрор аз Ӯ мехоҳад.

4- Ӯ бандагии муваффақе ба намоиш мегузорад ва ниёзи банда ба Парвардигарашро ошкор месозад. Ӯ аз фазлу эҳсони Аллоҳи мутаол лаҳзае бениёз нест.

5- Илм ва яқин ба вуҷуди Аллоҳи мутаол ва карами Ӯ. Худованди пок бахшандатарин зотест, ки аз Ӯ дархост шуда ва додани Ӯ аз ҳама густардатар ва бештар аст. Ӯ дӯст дорад бандагонаш аз Ӯ бихоҳанд ва ба Ӯ умед дошта ва бар он пофишорӣ варзанд.

6- Умед бандаро дар чаҳорчуби муҳаббати Аллоҳи мутаол кашонда ва ӯро ба сӯи камол мебарад. Умедаш афзоиш меёбад ва он чиро, ки орзӯ дошт, ба дасташ мерасад. Дӯстии ӯ бо Парвардигораш ва шукргузорӣ ва хушнӯдияш аз Ӯ афзоиш меёбад ва ин аз муқтазаёт ва аркони убудият аст.

Фарди умедвор ҳамеша хоҳони фазли Парвардигораш аст ва ба Парвардигораш гумони нек дошта ва умеди расидан ба онро дорад. Мӯмин беҳтарин гумонро ба Парвардигораш дошта ва корҳояшро накӯ гардондааст ва гунаҳкор ба Парвардигораш гумони бад намуда ва кори баде анҷом додааст. Аз ҷумлаи некгумонӣ ба Аллоҳ онаст, ки бидонӣ, ки Аллоҳ касеро, ки ба Ӯ паноҳ бибарад, зоеъ ва нобуд намесозад.

7- Бандаро ба мақоми шукргузорӣ мерасонад, зеро ӯро барои расидан ба мақоми сипосгузорӣ аз неъматҳо ташвиқ мекунад ва ин хулосаи убудият аст.

8- Шинохти Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол: Худованд меҳрубон, карим, ҷаввод, муҷиб, ҷамил, ғанӣ ва пок аст. Худованд чӣ қадар бо азамат аст!

9– Сабаби расидани банда ба чизе мешавад, ки умеди онро дорад ва расидани банда ба амри матлуб, ӯро ба суолу дархости бештар ва исрор ва иқбол ба сӯи Аллоҳ ташҷеъ мекунад ва ҳамчунин банда дар афзоиши ҳамешагии имон ва тақарруб ба сӯи Худовади меҳрубон қарор мегирад.

10– Хурсандии мӯминон дар рӯзи растохез барои расидан ба ризогии Худованди пок аст. Ҳамаи ин маврид бастагӣ ба миқдори умеди бандагон ва тарси онон аз Худованд дар дунё дорад.

Аҳком ва гушзадҳое дар бораи умед:

1 – Лозимаи тарс, умед ва лозимаи умед тарс аст ва ба ҳамин хотир накӯст дар ҷое умед дошта бошем, ки интизори тарс меравад: {Шуморо чӣ шудааст, ки барои Аллоҳ бузургӣ (ва шукуҳ) қоил намешавед}.
[Сураи Нуҳ, ояти 13]

Ва Парвардигори арҷманду боазамат мефармояд: {(Эй Паёмбар!) ба мӯминон бигӯ: аз (лағжишҳои) касоне, ки ба аёми Аллоҳ (рӯзҳои гирифту пирӯзии имон бар куфр) умед надоранд, даргузаранд}.
[Сураи Ҷосия, ояти 14]

Яъне аз фуруд омадани азоби Аллоҳ ба сарашон наметарсанд, ҳамон гуна, ки бар умматҳои гузашта омад ва ононро ҳалок ва барбод сохт.

2- Умед давоест, ки ба он дар мавриди зер ниёз дорем:

- Замоне, ки ноумедӣ бар банда чира шавад, ибодотро раҳо мекунад.

- Тарс бар фард тавре чира шавад, ки ба худ ва хонаводааш зиён мерасонад ва тарси ӯ аз миқдори шаръии матлуб таҷовуз мекунад. Дар ин ҳангом ҳатман бояд таъдил шуда ва бо чизе тақвият шавад, то таъодул дар он барқарор гардад ва он ҳамон ҳолати умедворӣ аст, ки ҳолати табиъӣ дар назди мӯминон аст.

3 – Умед зидди яъсу ноумедист. Ноумедӣ ва яъс ёдоварии аз даст рафтани раҳмати Аллоҳи мутаол аст, ба гунае, ки дигар қалби банда аз Ӯ дархост ва илтимосе намекунад ва ин ҳолат сабаби гумроҳӣ ва куфр мешавад. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва аз раҳмати Аллоҳ ноумед магардед, зеро, ки ҷуз гуруҳи кофирон аз раҳмати Аллоҳ ноумед намегарданд}.
[Сураи Юсуф, ояти 87]

Агар тарозӯе оварда шавад ва тарсу умеди мӯминон вазн шавад, ҳар ду дар як андоза хоҳанд буд. Дӯст надорам, ки ҳисоби маро ба падарам ҳавола кунанд, Парвардигорам аз падарам барои ман беҳтару дилсӯзтар аст.

Имом Сафёни Саврӣ

Ибодат ҷуз бо хавфу раҷо (тарсу бим) такмил намешавад. Бо тарс банда аз гуноҳ даст мекашад ва бо умед бар корҳои нек ва тоъот меафзояд.

Имоми Ибни Касир