Аллоҳ зоти бениёз ва бениёзкунанда аст..

 Аллоҳ зоти бениёз ва бениёзкунанда аст..

Аллоҳ зоти бениёз ва бениёзкунанда аст..

Бешак Аллоҳ зоти бениёз ва бениёзкунанда аст..

“Бениёз”: Ӯ бо Зоти худ аз ҳама бениёз аст ва Ӯ дорои бениёзии комил ва мутлақ буда ва ба ҳеҷ сурат нақсу айбе ба сифот ва камоли Ӯ ворид намешавад. Ӯ ҳамеша ғанӣ ва бениёз аст, зеро бениёзӣ аз лавозими зоти Ӯст, ҳамон гуна, ки ҳамеша Ӯ холиқи тавоно ва розиқи накӯкор аст ва ба ҳеҷ сурат ниёзманд намешавад. Ӯ бениёз аст, бениёзе, ки ганҷинаҳои осмону замин ва дунёву охират аз они Ӯст ва тамоми бандагонашро ба таври умум бениёз мегардонад.

“Бениёз”: аз бандагонаш бениёз аст, аз онҳо хуроку нӯшинданӣ намехоҳад, онҳоро наофарида то бо онон қувват гирифта ва аз танҳоӣ хориҷ шавад, балки онҳо дар обу ғизо ва дигар умури худ ба Ӯ ниёз доранд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва ҷину инсонро наёфаридам, магар барои ин, ки маро бандагӣ кунанд аз онон ҳеҷ рӯзи намехоҳам ва намехоҳам ба ман хурок бидиҳанд }. [Сураи Зориёт, оёти 56-57].

“Бениёзкунанда”: мардумро аз фақру низёмандӣ бениёз мегардонад ва аз додан камӣ намеёбад ва бандагонаш ба ғайри Ӯ ниёзманд намешаванд, ҳамчуноне, ки дар ҳадиси қудсӣ омадааст:

«.. агар аввалину охирин шумо, инсу ҷини шумо дар саҳрое гирд оянд ва аз ман дархост кунанд, пас ман дархостҳои ҳамаи онҳоро иҷобат кунам ва бидиҳам, ин амр чизе аз мулки ман кам намекунад, магар ҳамон гуна, ки фурӯ бурдани сӯзан дар баҳр сабаби коҳиши он шавад..».
(Ривоят аз Муслим аст).

“Бениёзкунанда”: бархе аз бандагонро бо ҳидоят ва ислоҳи қалб, шинохти худ, таъзиму муҳаббати хеш бениёз мегардонад ва ононро бо он чӣ комилтар аз ислоҳи дунёст, бениёз мегардонад.

Эй Зоте, ки бахшишу ато аз ту чизе кам намекунад! моро бо ҳалол аз ҳаром бениёз гардон, зеро, ки Парвардигори бениёз ва бениёзкунанда ҳастӣ.

Бешак Аллоҳ бениёз ва бениёзкунанда аст..



Tags: