Аллоҳ иҷобаткунанда аст..

 Аллоҳ иҷобаткунанда аст..

Аллоҳ иҷобаткунанда аст..

Бешак Аллоҳи мутаол иҷобаткунанда аст.

{Бешак Парвардигорам наздик (ва) иҷобаткунанда аст}

[Сураи Ҳӯд, ояти 61].

“Иҷобаткунанда”: бандагонашро иҷобат мекунад ва дуои ононро мепазирад, онгоҳ ки ба Ӯ мутавассил шуданд ва аз Ӯхостанд он чиро, ки барои онон раво шумурдааст ва Ӯст он зоте, ки ононро ба дуо фаро хонда ва ба онон ваъдаи иҷобат додааст.

“Иҷобаткунанда”: зиндонӣ дар зиндон ба Ӯ мутавасил мешавад ва ғарқшуда дар дарё ва фақир дар ҳолати фақру нодориаш ва ятим дар холати ятимияш ва бемор дар ҳолати беморӣ ва ранҷу дарди худ ва бефарзанд дар ҳолати бефарзандӣ, ҳама ба Ӯ мутавассил мешаванд, пас Аллоҳ аст, ки ато мекунад ва иҷобат мекунад ва медиҳад ва нигаҳ медорад.

“Иҷобаткунанда”: дар тангноафтода ва садамадидаро иҷобат мекунад..

{На, балки (суол инаст) чӣ касе (дуои шахси) дармондаро вақте Ӯро мехонад, мепазирад ва сахтиро бармедорад}.[Сураи Намл, ояти 62].

Наздиктарин холати иҷобати дуо замонест, ки банда бо номҳо ва сифоти накӯяш бо Ӯ мутавассил шавад ва дуо кунад. Чӣ қадар зиндониён дар зиндон Ӯро ба дуо хонданд, пас озод шуданд ва дар баҳр ба Ӯ тавассул шуданд, наҷот ёфтанд, фақири зиёде аз Ӯ ризқ хост, пас ӯро ризқ дод ва ятимони зиёде Ӯро хостанд, пас онҳоро дар риъояти худ гирифт ва бузургашон кард ва беморони зиёде аз Ӯ шифо талаб карданд, пас онҳоро шифо дод ва саломатиро насибашон кард ва безуриётони зиёде аз Ӯ талаби фарзанд карданд, пас барояшон фарзанд насиб кард ва икромашон намуд.

Бешак Аллоҳ иҷобаткунанда аст..



Tags: