Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

 Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

Бешак Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

{Бешак Парвардигори ман барои (тадбири) он чӣ бихоҳад, тадбири нексозанда аст}
[Сураи Юсуф, ояти 100].

Латиф: он Зоте, ки махлуқотро барои бандагонаш тобеъ мекунад ва ин ба сабаби лутфу меҳрубонӣ ва дӯстии Ӯст.

Латиф: Зоте, ки бисёр некӣ мекунад ва ҷӯду бахшиши фаровон дорад.

Латиф: нисбат ба бандагонаш бисёр меҳрубон аст.

{Аллоҳ ба бандагонаш меҳрубон аст}.

[Сураи Шӯро, ояти 19].

Ба онон медиҳад он чӣ барои дину дунёи онон беҳтар аст ва ононро аз он чӣ дар дину дунёи онон бад аст, боз медорад.

“Латиф”: дидагон Ӯро дарк намекунанд ва Ӯ дидагонро дармеёбад.

{Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯ меҳрубони огоҳ аст} [Сураи Анъом, ояти 103].

“Латиф”: умури пӯшидаро медонад ва кирдорҳои бисёр нозуку резаро мешуморад ва дар шабу рӯз ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида нест. Масолеҳи кӯчаку бузурги бандагонашро медонад ва ба онон меҳрубон аст.

“Латиф”: дар вақти қазоват дар умури бандагонаш латифу меҳрубон аст ва чун амреро тақдир кунад, ба онон ёрӣ мерасонад ва чун кор сахту баста шавад, дарвозаҳои гушоишро барояшон боз мекунад ва дар вақти сахтӣ корро барояшон осон мекунад, поку муназзаҳ аст он Зот.

Бешак Аллоҳ латифу меҳрубон аст..

Латиф”: он Зоте, ки дониши Ӯ ба тамоми асрору розҳо ва умури пӯшида иҳота ёфтааст ва умури пӯшида ва розҳои дарӯнӣ ва нуктаҳои пинҳону резаро медонад ва ба бандагони мӯминаш бисёр меҳрубон аст ва бо лутфу эҳсонаш аз роҳҳое, ки намедонанд, масолеҳро ба онон мерасонад.

Tags: