Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрату нерӯ аст..

 Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрату нерӯ аст..

Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрату нерӯ аст..

Бешак Аллоҳ тавоно, соҳиби қудрат ва нерӯманд аст..

{Ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност}. [Сураи Бақара, ояти 284]

{Дар мақому манзалати ростин, дар назди фармонравои муқтадиру тавоно}. [Сураи Қамар, ояти 55]

{Бигӯ: Ӯ тавоност}. [Сураи Анъом, ояти 65].

“Қудратманд”: соҳиби қудрати устувори комил буда ва бар анҷоми ҳар коре ва бо ҳар кас тавоност.

“Тавоно”: дорои қудрати комил, зинда мекунад ва мемиронад ва мавҷудотро ба вуҷуд оварда ва онҳоро мудирият мекунад ва ҳукми Ӯ дар байни онҳо ҷорист.

“Қодири мутлақ”: бо қудрати худ бармеангезад ва подош медиҳад ва дилҳоро ҳар тараф, ки хоҳад мегардонад.

“Тавоно”: дорои қудрати комил, бо қудрату тавони Ӯ ҳеҷ гуна нотавонӣ ва нақсе ҳамроҳ нест.

“Тавоно”.. Дорои қудрати комил аст, Ӯ бо қудрати худ мавҷудотро офарида ва бо қудрати хеш онҳоро тадбир карда ва ононро мустаҳкам ва мураттаб месозад ва бо қудрати худ зинда мекунад ва мемиронад ва накӯкорро ба сабаби эҳсонаш подош медиҳад ва бадкорро ба сабаби бадкориаш. Ӯ зотест, ки ҳар вақт ба вуҷуди чизе ирода намояд, мегӯяд: бош, пас мешавад ва бо тавону нерӯи худ дилҳоро ба он шакле, ки мехоҳад мегардонад.

“Тавоно”: Зоте, ки махлуқоташро идора мекунад ҳар сон, ки бихоҳад ва ин аз интиҳои қудрат ва фарогирӣ сурат мегирад.

“Бешак Аллоҳ қудратманди пуртавони нерӯманд аст..



Tags: