Аллоҳ бахшанда ва сахӣ аст..

 Аллоҳ бахшанда ва сахӣ аст..

Аллоҳ бахшанда ва сахӣ аст..

Бешак Ӯ Аллоҳи бахшанда ва сахӣ аст.. Эй бахшандаи неъматҳо, эй бахшандаи орзӯҳо, эй бахшандаи некиҳо!

Бар ман хушнӯдӣ бибахш... маро осоишу амният ато фармо ва ба ман хушбахтӣ ва лутфу марҳамат насиб фармо..

Бар мо саховату фазл ато кун, зеро тӯ аҳли фазлу саховат ва карам ҳастӣ..

{Ва бар мо аз назди худ раҳмат ато намо, бешак ту бахшандаӣ}.[Сураи Оли Имрон, ояти 8].

«Бешак Аллоҳ карим аст ва бузургманишӣ ва ахлоқи волоро дӯст дорад ва аз ахлоқи паст ва ҳақирона мутанаффир аст»
(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

“Бисёр бахшанда”: ба ҳар кас, ки бихоҳад ато мекунад ва аз ҳар кас, ки бихоҳад боз медорад.

“Ҷаввод”: бахшиши Ӯ ҳадду андозае надорад ва касе наметавонад фазли Ӯро рад кунад, ба ҳар чизе мегӯяд: {Мавҷӯд шав, пас (бедаранг) мавҷӯд мешавад}. [Сураи Бақара, ояти 117].

“Бисёр бахшанда”: рӯзии ҳиссӣ ва маънавӣ мебахшад ва бо фазлу карамаш саховатмандона мебахшад, аз ин намуна аст он чӣ Аллоҳ аз андешаҳо ва ҳаяҷоноти накӯ ва солеҳ ва донишу ҳидоят ва муваффақияту пазириши дуо ба бандаи худ мебахшад ва тамоми ин умур рӯзиҳои манънавӣ ба шумор меравад, ки ба бисёре аз мардум бахшидааст.

“Бисёр бахшанда”: ба касе дода ва аз касе боздошта, якеро боло бурда ва дигареро поён оварда, касеро пайваст карда ва касеро мунқатеъ аз раҳмати худ сохтааст, тамоми хайр дар дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳамаи умур тавоност.



Tags: