Аллоҳ дӯстдор аст..

 Аллоҳ дӯстдор аст..

Аллоҳ дӯстдор аст..

Бешак Аллоҳ дӯстдор аст.. {ва Ӯ омӯрзандаи дӯстдор аст}

[Сураи Буруҷ, ояти 14].

Аллоҳ дӯстдори бандагонаш аст, ононро дӯст медорад ва ба худ наздик карда ва ононро хушнӯд месозад ва аз онон хушнӯд мешавад..

{Ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд}

[Сураи Моида, ояти 54].

Парвардигор ба онон дӯстии мардумро насиб мекунад, пас Ӯ онҳоро дӯст мегирад ва аз онон он чиро наздашон аст, мепазирад.

“Дӯстдор”: наздик, дӯстдор, хостори хайр барои бандагон аст.

“Дӯстдор”: бандагонаш Ӯро дӯст дошта ва муштоқи дидори Ӯ ҳастанд, ва дар ҳадис омадааст:

«Ҳар кӣ дидори Аллоҳро дӯст дорад, Аллоҳ низ дидори ӯро дӯст медорад». (Ривоят аз Бухорӣ аст).

“Дӯстдор”: ба ту амр мекунад, то дилатро пок кунӣ ва сафо бахшӣ ва онро аз нафрату кина пок созӣ ва чирки иноду кинатӯзиро бо оби муҳаббат ва дӯстӣ бишӯӣ ва оташи ҳасодатро бо сардии ишқу муҳаббат хомӯш созӣ.

Бешак Аллоҳ дӯстдор аст..



Tags: