Аллоҳ поку муназзаҳ аст..

 Аллоҳ поку муназзаҳ аст..

Аллоҳ поку муназзаҳ аст..

Бешак Аллоҳ бисёр поку муназзаҳ аст..

Дар рифъату баданмартабагияш поку муназзаҳ ва дар мадҳу санояш арҷманд ва неъматҳои Ӯ бисёр бузург ҳастанд..

{Ӯ Аллоҳ аст, Зоте, ки илоҳе ҷуз Ӯ нест, подшоҳи поку солим (аз айб) аст}. [Сураи Ҳашр, ояти 23].

Бо азамат ва мубаррост Парвардигори фариштагон ва Ҷибрил, мубаррост подшоҳи бо азамат.

“Бешак Аллоҳ қуддӯс аст”

Поку муназзаҳ аз ҳар айбу нуқсон ва аз ҳар сифате, ки шоистаи Ӯ нест, бо азамату пок мебошад.

“Бешак Ӯ муназзаҳ аст”: муттасиф ба сифати камол ва ҷамолу ҷалол аст ва аз ҳар камбуду айб мубаррост ва ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва ҳеҷ кас ба Ӯ баробар нест ва ҳеҷ камоле болои камоли Ӯ нест ва ҳеҷ кас ба ҷойгоҳи Асмо ва Сифоти Ӯ намерасад.

“Бешак Ӯ муназзаҳ аст”: Зоте, ки дилҳо Ӯро муназзаҳу мубарро сохта ва тамоми хостаҳои худро бар Ӯ вобаста кардаанд ва забонҳо Ӯро муназзаҳ сохта ва ҳамеша тасбеҳи Ӯро баён мекунанд.

“Малик, Молик”.. Зоте, ки подшоҳӣ аз они Ӯст ва Ӯ ба сифати малик мавсуф аст ва он сифати азамат, кибирё, тасаллут ва тадбир аст. Ӯ ҳаққи тасарруфи мутлақ дар офариниш ва дастӯр ва кайфар дорад ва тамоми ҷаҳони ҳастии боло ва поён аз они Ӯст ва ҳама бандагон ва бардагони Ӯ ва муҳтоҷи Ӯ ҳастанд. “Ал-қуддӯс, Салом” боазамат ва муназзаҳ аз тамоми сифоти нақс ва аз ин, ки бандае бо Ӯ шабеҳ бошад. Ӯ аз тамоми айбҳо муназзаҳ ва дӯр буда ва аз ин пок аст, ки касе дар сифоти камол монанди Ӯ бошад.

“Бешак Ӯ поку муназзаҳ аст”: соҳиби хайру баракат ва бахшиш ва фазлу сано аст. Аз тарафи Ӯст хайр ва ба сӯи Ӯст баракат ва Ӯст баракате, ки бар бандагонаш раҳмат карда ва дар ҳар он чӣ бихоҳад аз бахшиш ва рушду намо, ба онон ато мекунад.

Бешак Аллоҳ поку мубаррост..



Tags: