Аллоҳи доно, борикбин, фарогирандаи ҳамаи чиз аст..

 Аллоҳи доно, борикбин, фарогирандаи ҳамаи чиз аст..

Аллоҳи доно, борикбин, фарогирандаи ҳамаи чиз аст..

Бешак Аллоҳ донои борикбин, иҳотакунанда аст..

“Доно, борикбин, иҳотакунанда”

Зоте, ки дониши Ӯ ба зоҳиру ботин иҳота дорад ва ошкору пинҳонро медонад, умури лозим ва воҷиб, умури маҳолу мумкинро медонад, ҷаҳони боло ва поён ва гузаштаву ояндаро медонад, ҳеҷ чиз аз нигоҳи Ӯ пинҳон намемонад.

“Доно ва бохабар”: {бешак дониши (замон ва чигунагии) рӯзи қиёмат назди Аллоҳ аст ва боронро нозил мекунад ва он чӣ дар раҳмҳост медонад ва ҳеҷ кас намедонад фардо чӣ ба даст меоварад ва ҳеҷ кас намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад, бешак Аллоҳ доно (ва) огоҳ аст}.[Сураи Луқмон, ояти 34].

“Аллоҳ доно ва иҳотакунанда аст”.

{Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва он чиро, ки пинҳон медоред ва он чиро ошкор месозед, медонад ва Аллоҳ ба рози дилҳо доност}. [Сураи Тағобун, ояти 4].

Пас Ӯ ба тамоми чиз доност.. {Аллоҳ зотест, ки ҳафт осмонро офарида ва аз замин (низ) монанди онҳо (офаридааст), фармони (Аллоҳ) байни онҳо (осмону замин) фуруд меояд, то бидонед, ки Аллоҳ бар ҳар коре тавоност ва он, ки Аллоҳ дар дониш бар ҳама чиз иҳота дорад}. [Сураи Талоқ, ояти 12]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ин, ки Аллоҳ дар дониш бар ҳама чиз иҳота дорад}.
[Сураи Талоқ, ояти 12].

Бешак Аллоҳ донои огоҳ ва иҳотакунанда аст.



Tags: