“Бешак Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст”.

 “Бешак Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст”.

“Бешак Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст”.

Барои мо аз модаронамон меҳрубонтар аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) бо ишора ба модаре, ки бачаи худро шир медод, фармуд:

«Оё шумо фикр мекунед имкон дорад ин модар бачаи худро дар оташ бияндозад?, посӯх додем, ки на. Фамруд: Аллоҳи мутаол нисбат ба бандагон аз ин модар ба фарзандаш меҳрубонтар аст».(Ривоят аз Бухорӣ аст).

“Бешак Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст”.

Бар тамоми махлӯқот раҳиму дилсӯз аст ва як раҳмати хосе бар мӯминон дорад, ки онҳоро бо он мутомоиз гардонидааст”.

{Ва бар мӯминон меҳруон аст}.[Сураи Аҳзоб, ояти 43]

“Бешак Ӯ меҳрубон аст”..

Ва аз ҷумлаи раҳмат ва меҳрубонии Ӯст, ки Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро ба унвони ҳидояткунандаи башар ва раҳмате барои тамоми ҷаҳониён фиристода, то муҳофизи масолеҳи динӣ ва дунявии онҳо бошад.

“Бешак Ӯ меҳрубон аст”..

Касе наметавонад монеи расидани раҳмати Ӯ бошад ва ҷуз Ӯ касе тавони фиристодани раҳмат надорад.

{(Дари) раҳатмеро, ки Аллоҳ барои мардум боз кунад, барои он (раҳмат) ҳеҷ боздорандае нест ва он чиро боз дорад, онро ҳеҷ гушояндае ҷуз Ӯ нест ва Ӯ ғолиби боҳикмат аст}. [Сураи Фотир, ояти 2]. Бешак Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст..



Tags: