Аҳамияти донистани Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

 Аҳамияти донистани Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

Аҳамияти донистани Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол:

Аҳамияти донистани Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол ва шарафу мақоми баланди ӯ дар мавридҳои зайл ошкор мешавад:

Аввал:

Бошарафтарин ва муҳимтарин илм он аст, ки дар бораи Аллоҳ ва номҳои накӯ ва сифоти беҳтари Ӯ бошад. Ба ҳар мизон шинохти банда ба номҳои Аллоҳ ва сифоташ афзоиш ёбад, баҳраи ӯ аз убудият ва унс бо Аллоҳ ва муҳаббат ва таъзими Ӯ афзоиш меёбад.

Шинохти асмо ва сифоти Аллоҳ амрест, ки сабаби расидан ба растагорӣ ва хушнӯдӣ ва биҳишти Ӯ мешавад ва сабаби пирӯзӣ ба розигии Аллоҳ ва ҷаннат ва неъмати нигоҳ ба Зоти поки Аллоҳи мутаол дар биҳишт мебошад. Ин муваффақият ҷуз бо тавфиқ ва ёрии Аллоҳи мутаол амалӣ нахоҳад шуд.

Дуввум:

Дониш ва шинохти Асмо ва Сифоти накӯи Аллоҳ асл ва асоси тамоми донишу илм ва ҳамчунин асоси имон аст ва нахустин воҷиб ба шумор меравад. Ҳаргоҳ бандагон Парвардигорашонро шинохтанд, Ӯро он гуна, ки шоистаи Ӯст, ибодат мекунанд. Аллоҳи мутаол мефармояд:
{Пас бидон, ки маъбуди (ростине) ҷуз Аллоҳ нест}.
[Сураи Муҳаммад, ояти 19]

Саввум:

Шинохти Аллоҳи мутаол ба василаи Асмо ва Сифоташ сабаби афзоиши имон ва яқин ва амалӣ шудани тавҳид ва чашидани таъми убудият мегардад. Ин рӯҳи имон ва аслу ғояти он аст. Наздиктарин роҳ ба он тадуббур ва тафаккур дар номҳо ва сифоти Ӯст, ки дар Қуръон омадаанд, зеро, ки Аллоҳ- ҳамон Парвардигоре, ки таърифу ситоиши Ӯ бисёр баланду рафеъ аст—вақте, ки бихоҳад бандаашро иззату эҳтиром бидиҳад, дили ӯро бар муҳаббати худ гирд меоварад ва синаи ӯро барои пазириши сифоти бартараш гушода сохта ва ӯро аз равзани ваҳй баҳраманд месозад ва ҳаргоҳ аз ин равзан чизе ба ӯ бирасад, онро мепазирад ва бо хушнӯдӣ ва таслим шудан, онро дарёфт мекунад ва барои тоати ӯ тобеъ шуда ва қалбаш ба сабаби он равшан мешавад.

Ва синааш ба он гушоиш ёфта ва суруру шодӣ ба он ворид мешавад ва ба ин тартиб суруру шодии ӯ афзоиш ёфта, бениёзии ӯ қавӣ мешавад ва шинохти ӯ тақвият ёфта ва равони ӯ ба он оромиш ёбад, қалбаш ба он таскин пайдо карда ва дар майдонҳои шинохт сайр кунад, дидагони басирати ӯ дар боғу бӯстонҳои он хунук шавад, то ба ин яқин бирасад, ки шарафи илм ба шарафи мавзӯи он бастагӣ дорад ва ҳеҷ мавзӯе беҳтар ва дорои ҷойгоҳи бузургтар аз Парвардигори мутаол нест. Ӯ дорои сифоти бартар ва шарафу баланмақомии Ӯ ба ҳасби ниёз ба Ӯ аст. Бештарин чизе, ки руҳу равони одамӣ ба он ниёз дорад, шинохти холиқ ва офарандааш мебошад. Ӯ шадидан ба муҳаббат ва ёду шод будан бо Ӯ ва дархости васила ба сӯи Ӯ ниёз дорад ва роҳе барои расидан ба ин ҳадаф вуҷуд надорад, магар бо шинохти сифоту асмоаш, ҳар қадар шинохти банда ба ин мавридҳо бештар бошад, шинохти ӯ ба Аллоҳ афзоиш меёбад ва ҳар қадар шинохти ӯ камтар бошад, ба ҳамин миқдор нисбат ба Аллоҳ нодонтар ва дӯртар мебошад ва ҷойгоҳи банда назди Аллоҳ бастагӣ ба ҷойгоҳи Аллоҳ дар назди банда дорад.

Чаҳорум:

Касе, ки ба Аллоҳи мутаол доност, бешак бар афъолу қавонини Ӯ аз Асмо ва Сифоташ истидлол мегирад, зеро Аллоҳи мутаол чизеро анҷом медиҳад, ки он муқтазои Асмо ва Сифоти Ӯ буда ва афъоли Аллоҳи мутаол дар байни адл ва фазлу ҳикмат мегарданд. Ҳар қонунеро, ки вазъ мекунад, баробар бо муқтазои ҳикмат, фазл ва адли Ӯ мебошад ва тамоми хабарҳои Ӯ росту ҳақ ва дурустанд. Авомиру навоҳии Ӯ адл, ҳикмат ва раҳмат ҳастанд ва ин дониш ошкортар, бузургтар ва маъруфтар аз он аст, ки ниёзе ба тавзеҳ дошта бошад.

Панҷум:

Ҳамоҳангии бисёр мустаҳкаме дар байни Сифоти Аллоҳи мутаол ва байни ибодоти зоҳирӣ ва ботиние, ки иқтизо мекунанд, вуҷуд дорад, зеро ҳар сифат ибодоти хосеро иқтизо мекунад ва ин дар тамоми анвоъи ибодоти қалбӣ ва ҷисмӣ сидқ мекунад. Илми банда ба ин, ки сӯду зиён, бахшидану гирифтан ва офаринишу рӯзӣ додан, зинда кардану мирондан фақат аз ҷониби Аллоҳи доно мерасад, барояш ибодати таваккалро дар ботин ба бор оварда ва лавозими таваккал ва баҳраҳои онро дар зоҳир ба ҳамроҳ дорад. Илми банда ба самъу басари Аллоҳи мутаол ва ба ин, ки ҳеҷ заррае бар Ӯ пинҳон намемонад ва Ӯ бар асрору умури пинҳон дар синаҳо огоҳ аст, сабаби ҳифзи забон ва аъзои бадан ва васвасаҳои қалбӣ аз ҳар он чизе мешавад, ки Аллоҳ ба онҳо хушнӯд нест ва агар ин аъзоро ба умуре вобаста кунад, ки муҳаббат ва хушнӯдии Аллоҳро дар пай дорад, барояш шарму ҳаёи дарӯнӣ ба бор меоварад, ки ӯро аз анҷоми муҳаррамот боз медорад. Шинохти банда ба бениёзӣ, ҷӯду карам, некӣ ва эҳсон ва раҳмати Ӯ сабаби густариши умед ӯ мешавад ва ҳамчунин шинохти ӯ ба ҷалолу азамати Аллоҳ ва иззат сабаби эҷоди фурутанӣ ва хоксорӣ ва муҳаббат мегардад. Ин ҳолатҳои ботинӣ сабаби анвои мухталифе аз ибодатҳои зоҳирӣ мешаванд, ки муқтазои он шинохт ҳастанд. Пас бозгашти тамоми ибодатҳо ба сӯи муқтазои Асмо ва Сифот аст.

Шашум:

Ибодат бар асоси Асмо ва Сифоти Аллоҳ осори бисёр неке бар қалб ва саломатии ахлоқ ва рафтор дорад, ҳамон гуна, ки вониҳодани онҳо сабаби боз шудани дарвозаи амрози мухталиф мешавад.

Ҳафтум:

Маърифат ба Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол оромиши хотире барои бандааст, вақте, ки дар мусибатҳову мушкилот ва сахтиҳо ва номулоимот меафтад. Ҳаргоҳ банда донад, ки Парвардигори ӯ доно ва боҳикмату одил аст, бар ҳеҷ кас ситам раво намедорад, хушнӯд мешавад ва шикобоӣ пеша мекунад ва медонад, ки тамоми ин номулоимот, ки ба ӯ мерасад, навъе аз масолеҳ ва манофеъро дар пай доранд, агар чӣ ӯ онҳоро дарк накунад, аммо онҳо муқтазои дониш ва илму ҳикмати Аллоҳ ҳастанд, пас оромиш меёбад ва ба назди Парвардигораш ором мегирад ва кори худро ба Парвардигораш вомегузорад.

Ҳаштум:

Фаҳму дарки маъонии номҳои Аллоҳ ва сифоти Ӯ роҳе ба сӯи муҳаббат, таъзим, умедворӣ, тарс аз Ӯ, таваккалу эътимод бар Ӯ ва нозир донистани Ӯро ҳамроҳ дорад, ки албатта самараҳои шинохти Аллоҳи мутаол ва Асмо ва Сифоти Ӯ мунҳасир ба ин мавридҳо нест.

Нуҳум:

Андеша дар маъонии номҳи Аллоҳи мутаол ва сифоташ бузургтарин кӯмак ва ёрӣ барои тадаббур ва андеша дар китоби Аллоҳ аст, зеро Аллоҳи мутаол моро ба тадаббур ва андеша дар Қуръони Карим дастӯр додааст, онҷо, ки фармудааст:

{Китоби муборакест, ки онро бар ту нозил кардем, то (инсонҳо) дар оятҳояш тадаббур кунанд ва то хирадмандон панд гиранд}.
[Сураи Сод, ояти 29].

Ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки дар Қуръони Карим номҳо ва сифоти Аллоҳ фаровон зикр шудааст, пас бо тадаббур дар онҳо дарвозаи бузурге аз тадаббури Қуръон гушода мешавад. Ҳаргоҳ дар ин амр тадаббур кардӣ, подшоҳи побарҷо ва қудратманд, ки дар болои осмонҳо бар Арши худ қарор дорад, туро гувоҳ мегирад, ҳамоне, ки амри бандагонро тадбир карда ва амру наҳй мекунад, расулонро мефиристад ва китобҳоро нозил мекунад ва хушнӯд мешавад ва хашмгин мешавад, подош медиҳад ва ба кайфар мерасонад, мебахшад ва ато мекунад ва бозмедорад, азизу сарбаланд месозад ва хору залил мегардонад, боло мебарад ва поён мекашад, аз болои ҳафт осмон мебинад ва мешунавад ва ошкору пинҳонро медонад ва ба анҷоми ҳар чӣ бихоҳад тавоност ва ба ҳамаи сифоти камол васф мешавад ва аз ҳар айб поку муназзаҳ аст, ҳеҷ заррае ва бузургтар аз он ҳам бидуни ҳукми Ӯ намеҷунбад ва ҳеҷ барге берӯн аз илми Ӯ аз дарахт намеафтад ва Ӯ донои боҳикмат аст.

Даҳум:

Маърифати Асмо ва Сифоти Аллоҳи мутаол сабаби эҷоди адаб нисбат ба Аллоҳ ва ҳаё аз Ӯ мегардад. Адаб бо Аллоҳ ҳамон қиём ба анҷом додани дастуроти Ӯ, ороста шудан ба адаби зоҳирӣ ва ботинист ва барои ҳеҷ кас адаб бо Аллоҳ ҳосил намешавад, магар бо донистани се чиз: шинохти Асмо ва Сифоти Ӯ, шинохти дин ва шариати Ӯ ва огоҳӣ аз он чӣ, ки вай дӯст дорад ва он чӣ ки дӯст надорад. Нафси одамӣ чӣ аз ҷанбаи илмӣ ва амалӣ ва чӣ аз назари чигунагии қобилият ва истеъдод, пазириши ҳақро дорост.

Ёздаҳум:

Шинохти Аллоҳи мутаол бо таваҷҷӯҳ ба Асмо ва Сифоти Ӯ бандаро мутаваҷҷеҳи айбҳо ва нуқсонҳои нафси худ карда ва барои ислоҳи онҳо талош мекунад. Пояҳои инкори ҳақ чаҳор чиз аст: такаббур, ҳасодат, хашм ва шаҳват. Сарманшаъи ин чаҳор чиз ҷаҳли банда ба Аллоҳ ва ба худаш мебошад. Агар ӯ Парвардигори худро бо сифоти камол ва ҷалол бишносад ва ба нафси худ бо нақоис ва офоти мавҷуд дар он воқиф бошад, ҳаргиз такаббур ихтиёр накарда, барои он хашм намегирад ва бар ҳеҷ кас нисбат ба он чӣ Алоҳ ба ӯ додааст, ҳасодат намеварзад.

Ҳар, ки ба Аллоҳ расид, чӣ чизро аз даст додааст? ва ҳар, ки Аллоҳро аз даст дод, ба чӣ чиз расидааст?

Дувоздаҳум:

Адами маърифат ба Асмо ва Сифоти Аллоҳ ва ибодати Аллоҳ ба василаи онҳо, сабаби гумроҳӣ ва ҷаҳолат аст. Касе, ки Аллоҳро нашинохт, чӣ чизро шинохтааст? ва касе, ки ин ҳақиқатро дарк накард, кадом ҳақиқатро дарк кардааст? ва касе, ки маърифат ва шинохти Аллоҳ ва амал ба ризогии Ӯ ва шинохти роҳе, ки ба Ӯ мерасонад ва он чӣ баъд аз расидан бу Ӯ омода кардааст, ҳосил накардааст, кадом илму амалро ҳосил намудааст? Зиндагии воқеии инсон ба ҳаёти қалб ва рӯҳаш вобаста аст ва ҳаёти қалб бидуни маърифати холиқаш ва муҳаббати Ӯ ва ибодати Ӯ фақат ва баргашт ба сӯи Ӯ ва ором гирифтан ба сабаби зикри Ӯ ва ором гирифтан ба сабаби наздики Ӯ, муяссар намешавад. Касе ин ҳаётро аз даст додааст, тамоми некӣ ва хайрро аз даст додааст, агар чӣ дар ивази он тамоми дунёро бидиҳад.

Сездаҳум:

Шинохти Асмо ва Сифоти Аллоҳ сабаби ихлос дар тавҳид ва такмил шудани имон мегардад ва ба сабаби он аъмоли кулуб монанди ихлос, муҳаббат ва ҳавфу раҷо ва таваккал бар Аллоҳи ягона намоён мегардад. Бо вуҷуди ин, ки шинохти Асмо ва Сифот дарвозаи бузурге барои ислоҳи қулуб ва раҳоӣ ёфтан аз васвасаҳо ва офот аст, вале ба он кам эътино ва таваҷҷуҳ мешавад ва ҳар кас шариатро аз масодиру манобеаш мавриди баррасӣ қарор диҳад, иртиботи аъмоли зоҳирӣ бо аъмоли қалбиро мефаҳмад ва пай мебарад, ки аъмоли зоҳирӣ бидуни аъмоли қалбӣ сӯдманд нестанд ва аъмоли қалбӣ нисбат ба аъмоли зоҳирӣ бартар ва дар авлавият қарор дорад. Оё ба ҷуз аъмоли қалбӣ тафовуте байни мӯмин ва мунофиқ метавон ёфт? оё касе метавонад бидуни анҷоми аъмоли қалбӣ пеш аз анҷоми аъмоли зоҳирӣ ба Ислом ворид шавад? Ибодати қалбӣ бузургтар аз ибодати зоҳирии бадан ва бештару бодавомтар аст. Аъмоли қалбӣ роҳи анҷоми аъмоли зоҳирӣ ва сабаби он ҳастанд, ба ҳамин сабаб онҳо дар ҳар ҳол воҷиб мебошанд.

Шинохти Алллоҳи пок сабаби салоҳи қалб ва бадан аст.

Tags: