Имон ба Расулоне, ки Худованд онҳоро муаррифӣ кардааст:

 Имон ба Расулоне, ки Худованд онҳоро муаррифӣ кардааст:

Имон ба Расулоне, ки Худованд онҳоро муаррифӣ кардааст:

Худованд бандагонашро беҳуда наёфарида ва онҳоро ба худ во нагузоштааст. Ба ин ҳадаф Аллоҳи мутаол Расулонро фиристода, то Ӯро бо камол ва ҷалолаш шиносонда ва шариату қонуни Ӯро муаррифӣ кунанд. Аллоҳи мутаол беҳтарин инсонҳоро барои ин кор фиристодааст ва расулони зиёде ҳам ирсол кардааст, аз он ҷумла Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо (дуруду саломи Аллоҳ бар онҳо бод) ва поёнбахши паёмбарон Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аст. Бо ҳамаи онон нишонаҳое қарор дод, то ба сидқу ростии онон далолат кунад. Пас онҳо амонатро расонданд ва рисолатро адо карданд ва Худованди холиқро ба бандагонаш муаррифӣ намуданд. Ҳар кас, ки ба онҳо имон наёварад ва онҳоро тасдиқ накунад, ба Худованд имон наёвардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Расули (Аллоҳ) ба он чӣ аз (сӯи) Парвардигораш бар Ӯ нозил шуда, имон овардааст ва мӯминон (ҳам) ҳар як ба Худованд ва фариштагонаш ва китобҳояш ва фиристодагонаш имон овардаанд},[Сураи Бақара, ояти 285].

Зеро онҳо паёмрасонони Худованди пок ҳастанд ва мо ба ҳамаи онҳо имон дорем. Аллоҳи мутаол мефармояд: {(ва гуфтанд:) байни ҳеҷ як аз фиристодагонаш фарқ намегузорем}.[Сураи Бақара, ояти 285].

Аллоҳи мутаол ҳамроҳи расулони худ китобҳое фиристод, то нӯре барои башарият бошанд. Ҳамроҳи Иброҳим саҳифаҳое фуру фиристод ва Забурро ба Довӯд дод ва Тавротро ба Мӯсо ва Инҷилро ба Исо бахшид ва ба Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар ҳамаи онҳо бод) Қуръонро эҳдо кард, ки он муъҷизаи ҳамешагии ӯст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ин китобест, ки оёташ устувор, онгоҳ равшаншуда аст аз назди (Аллоҳ)и фарзонаи огоҳ (нозил) гаштааст}.
[Сураи Ҳуд, ояти 1],

Ва Худованди пок онро нӯр, баракат, далел ва сабаби ҳидоят қарор дод. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва ин китоби муборакест, ки мо онро нозил кардаем, пас аз он пайравӣ кунед ва тақво пеша кунед, то мавриди раҳмат қарор гиред}.
[Сураи Анъом, ояти 155],

Ва ҳам чунин мефармояд: {Эй мардум! ба ростӣ бароятон аз (ҷониби) Парвадигоратон бурҳоне омад ва нӯри ошкор ба сӯи шумо нозил кардем}.[Сураи Нисо, ояти 174].

Аллоҳи мутаол дар калимаи шаҳодат имон ба Хотами паёмбарон ва расулон ва беҳтарини башарро мутассил ба имон ба ваҳдонияти хеш қарор додааст. “Ашҳаду ан ло илоҳа иллАллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ”. Худованд Ӯро раҳмате барои тамоми ҷаҳониён фиристода ва ба василаи Ӯ онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нӯр берун кард ва аз ҷаҳлу нодонӣ ба самти дониш бурд ва аз гумроҳӣ ба самти ҳидоят ва имон, пас Ӯ амонатро расонд ва барои уммат хайрхоҳӣ намуд. Ӯ барои умматаш бисёр ҳарис буд.

Аллоҳи мутаол мефармояд: {Бешак расуле аз худатон ба сӯи шумо омад, ранҷатон бар Ӯ душвор мебошад, бар шумо ҳарис (ва) ба мӯминон рауфу меҳрубон аст}.[Сураи Тавба, ояти 128]

Аллоҳи мутаол ба паёмбар ва расулаш ҳуқуқеро дод, ки шоистаи Ӯ буд. Ӯ беҳтарини башар ва сарвари онҳо аст. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ман сарвари фарзандони Одам ҳастам ва албатта дар ин фахре нест».(Ривоят аз Ибни Моҷҷа аст).

Аз ҷумлаи ҳуқуқи он Ҳазрат (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод):

1. Имон ба ин, ки Ӯ банда ва фиристодаи Худованд буда ва ин, ки Худованд Ӯро раҳмат барои ҷаҳониён фиристодааст ва Ӯ амонатро расонда ва рисолатро адо кардааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Пас ба Аллоҳ ва расулаш ва нӯре, ки нозил кардаем, имон биёваред}.
[Сураи Тағобун, ояти 8]

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Савганд ба он Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳар яке аз ин уммати яҳудӣ ё масеҳӣ, ки хабари беъсати ман ба онҳо мерасад ва имон намеорад, аз аҳли оташ хоҳанд буд».(Ривоят аз Муслим аст).

2. Тасдиқ ва пазириши он чӣ, ки Расули Аллоҳ (с) аз тарафи Худояш овардааст ва яқин ба ин, ки он ҳақ буда ва Ӯ бидуни тардид аз тарафи Худояш иблоғ намудааст. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Мӯминон танҳо онҳоеанд, ки ба Худо ва расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд}.[Сураи Ҳуҷурот, ояти 15],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Савганд ба Парвардигорат (дар ҳақиқат) имон намеоранд, магар ин, ки дар ихтилофе, ки байни онон рӯх дода, туро довар қарор диҳанд, онгоҳ аз он чӣ файсала намудӣ дар нафсҳои худ ҳеҷ дилтангие наёбанд ва комилан таслим ва гардан ниҳанд}.[Сураи Нисо, ояти 65].

3. Муҳаббат бо Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод): {Бигӯ агар падаронатон ва фарзандонатон ва бародаронатон ва ҳамсаронатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки онро ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касодаш метарсед ва хонаҳое, ки онҳоро меписандед, назди шумо аз Аллоҳ ва расулаш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ маҳбубтар бошанд, пас дар интизор бошед, то Худованд ҳукмашро дар байни шумо оварад ва Худованд гуруҳи нофармонро ҳидоят намекунад}.
[Сураи Тавба, ояти 24],

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «Ҳеҷ яке аз шумо мӯмин намешавад, то замоне, ки ман аз падару модар ва фарзандаш ва тамоми мардум дар назди ӯ маҳбубтар набошам».
(Ривоят аз Бухорӣ аст)

4. Эҳтиром ва икрому арҷ гузоштан ба Ӯ. Аллоҳи мутаол мефармояд: {То (шумо эй мардум) ба Аллоҳ ва расулаш имон оваред ва (дини) Ӯро ёрӣ диҳед ва Ӯро бузургу виқор доред}.
[Сураи Фатҳ, ояти 9],

Ва ҳамчунин мефармояд: {Пас ононе, ки ба Ӯ имон оварданд ва Ӯро гиромӣ доштанд ва Ӯро ёрӣ доданд ва аз нӯре, ки бо Ӯ нозил шудааст, пайравӣ карданд, онҳоянд растагору комёб}.
[Сураи Аъроф, ояти 157].

5. Дӯстию маваддат ва гиромидошти Аҳли байти Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод): касоне, ки Исломро пазируфтанд ва бар суннат ва роҳу равиши Ӯ ҳаракат карданд, васияту супоришҳои паёмбарамон Муҳаммад (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро фаҳмиданд, он ҷо, ки мегӯяд: «Ба хотири Аллоҳ Аҳли байти маро гиромӣ доред, ба хотири Аллоҳ Аҳли байти маро гиромӣ ва муроот кунед, ба хотири Аллоҳ Аҳли байти маро муроот кунед».
(Ривояти аз Муслим аст).

Аҳли байти Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аз бузургони мардум буданд, касоне монанди ҳамсаронаш ва хешовандону фарзандонаш, ки садақа бар онҳо ҳаром ва таҳқиру тавҳин намудани онҳо ҷоиз набуда, ҳамчунин даъвои исмат барои онон ҷоиз набуда ва норавост, ки ононро ба ҷойи Аллоҳ ба кӯмак талабем.

6. Муҳаббат бо ёрони Ӯ, касоне, ки ба Ӯ имон оварданд ва Ӯро тасдиқ карданд ва ба бадӣ зикр накардани онҳо. Аллоҳ мутаол ононро сутудааст.

7. Ба бадӣ зикр накардани Саҳоба ва сирати онҳо, касоне, ки Ӯро тасдиқ карда ва ба Ӯ имон оварданд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳи мутаол ононро сутуда, мефармояд: {Муҳаммад Расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо Ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгир ва дар байни худ меҳрубонанд. Ононро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Худованд фазлу хушнӯдӣ меҷӯянд. Нишонаи (дурусткорӣ)и онон аз асари саҷда дар чеҳраҳояшон пайдост}.[Сураи Фатҳ, ояти 29].

Ва Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар бораи онон фармуд: «Ёрони маро дашном мадиҳед, ёрони маро дашном мадиҳед! савганд ба он Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар яке аз шумо ба андозаи куҳи Уҳуд дар роҳи Аллоҳ тило харҷ кунад, ба андозаи ду мушт харҷе, ки онҳо кардаанд, намерасад ва ба ними ин миқдор ҳам намерасад».(Ривоят аз Муслим аст).

Ва беҳтарини саҳоба Хулафои рошидин ҳастанд: Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (Аллоҳ аз онон ва аз дигар Саҳоба хушнӯд бод). Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва гузаштагони нахустин аз Муҳоҷирин ва Ансор ва касоне, ки ба накӯӣ аз онон пайравӣ карданд, Худованд аз онон хушнӯд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнӯд шуданд ва барояшон боғҳое, ки аз зери онҳо дарёҳо ҷорист, омода карда, дар онҷо ҳамеша ҷовидонанд, ин комёбии бузург аст}.[Сураи Тавба, ояти 100]

Ҳамаи онон илм ва динро аз Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) нақл карданд, то ба мо расид.



Tags: