2. Далоили вуҷуди Раб:

 2. Далоили вуҷуди Раб:

2. Далоили вуҷуди Раб:

Тамоми ҳастӣ бар ин иқрор карда ва онро тасдиқ намуда ва ба он эътироф ва имон дорад ва ба вуҷуди Аллоҳ сухан мегӯяд. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Расулонаш гуфтанд: оё дар (вуҷуди) Худованд шак ҳаст, ки офарандаи осмонҳо ва замин аст! шуморо фаро мехонад, то гуноҳонатонро барои шумо биёмурзад ва то муддати муайян (аҷали) шуморо ба таъхир андозад. Гуфтанд: шумо ҷуз башаре монанди мо нестед, мехоҳед, ки моро аз он чӣ ниёгонамон мепарастиданд, боз доред, пас барои мо далели ошкор биёваред}.
[Сураи Иброҳим, ояти 10],

Ва чӣ гуна барои вуҷуди касе далел мехоҳанд, ки Ӯ худ далели ҳар чиз аст, соҳиби ҷалолу иззат.

Агар бо сарфи назар аз ин дар пайи далел барои Раб ва Парвардигор бигардем, ин маворидро хоҳем ёфт:

Мӯмин: касест, ки яқин дорад Аллоҳ Парвардигори тавоно буда ва яқин дорад, ки Ӯ маъбуди яктост. Ӯро ҷуз ба фазлу эҳсонаш зикр намекунад ва намеситояд ва ту дар ҳар ду ҳолат ба Ӯ ҷалла ҷалолуҳу ниёз дорӣ.

Далели фитрат:

Махлуқот фитратан бар имони ба Холиқ офарида шудаанд ва фақат касоне аз ин имон рӯйгардон мешаванд, ки фитрати ҳақиқии онҳо маҳв шудааст. Аз бузургтарин далоили гароиши фитрат ба Аллоҳи мутаъол он сухани Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аст, ки мефармояд:

«Ҳар навзоде бар асоси фитрат аз модар таваллуд мешавад, пас падару модараш ӯро яҳудӣ, масеҳӣ ва ё маҷӯсӣ мекунанд. Монанди ҷаҳорпоён, ки бачаи хешро мезоянд, оё дар миёни онон гӯшбуридае мебинӣ?».
(Ривоят аз Бухорӣ аст).

Ҳар махлуқ бинобар фитраташ ба тавҳид эътироф мекунад. Худованди арҷманду боазамат мефармояд:

{Пас рӯйи (дил)атро бо ҳақгароии тамом ба сӯи ин дин бигардон, аз фитрати илоҳӣ, ки мардумро бар асоси он падид овардааст (пайравӣ кун) офарининиши Худованд дигаргӯнӣ намепазирад, дини устувор инаст, вале бештари мардум намедонанд}. [Сураи Рӯм, ояти 30],

Инҳо далоили фитрат бар вуҷуди Аллоҳи мутаол ҳастанд.

Далелҳои фитрат ба вуҷуди Аллоҳи мутаъол аз ҳар далеле қавитар аст, албатта барои касе, ки мавриди ҳуҷуми шайтон қарор нагирифта бошад. Ба ҳамин сабаб Аллоҳи мутаъол фармудааст:

{Фитрати илоҳӣ, ки мардумро ба асоси он падид овардааст}.
[Сураи Рӯм, ояти 30],

Ва инро баъд аз ин сухан изҳор дошт: {Пас рӯи (дил)атро бо ҳақгароии тамом ба сӯи ин дин бигардон}. [Сураи Рӯм, ояти 30],

Фитрати солим ба вуҷуди Аллоҳи мутаъол гувоҳӣ медиҳад ва касе, ки мавриди ҳуҷуми шайтон қарор гирифтааст, ба таври оддӣ аз ин далел истифода намекунад ва замоне ба он ниёз пайдо мекунад, ки дар мушкил ва вартаи бузурге биафтад, дар ин ҳангом дастон, чашмон ва дилаш ба сӯи осмон мутаваҷҷеҳ мешавад ва бо фитрат ва офариниши устувораш мустақиман аз Парвардигораш ёрӣ ва кӯмак меҷӯяд.

Аллоҳ номест, ки дар фитрат нақш баста ва ниёз ба далеле расотар аз ин намебошад.

Далели ақлӣ:

Аз ҷумлаи қавитарин ва мустадалтарин далел бар вуҷуди холиқ, далелҳои ақлӣ аст, ки ҷуз фарди мункир ва кофар каси дигаре наметавонад онҳоро инкор кунад, аз ҷумла:

1. Ҳар махлуқ холиқ ва офардандае дорад ва чун инҳо офаридашудаанд, пас бояд офарандае дошта бошанд, ки онҳоро офаридааст, зеро ҳеҷ чиз наметавонад худашро ба вуҷуд биёварад ва ҳамчунин намешавад ба таври тасодуфӣ ба вуҷуд омада бошад, наметавонад худашро ба вуҷуд биёварад, зеро ба ҳукми ақл ҳеҷ чиз наметавонад офарандаи худ бошад, чун он пеш аз ба вуҷуд омадан, маъдум аст ва чӣ гуна метавонад офаранда ва холиқи худ бошад, дар ҳоле, ки вуҷуд надорад. Пас чун ҳар чизе, ки мавҷуд аст, бояд бавуҷудоварандае дошта бошад ва аз сӯи дигар офариниши ӯ бо ин низоми шигифт, бадеъ, ҳамоҳанг, мутаҳид ва самимона буда ва низоми асбобу мусаббабот байни махлуқот ҳоким гашта, пас ба таври қатъ маҳол аст, ки ба шакли тасодуфӣ ба вуҷуд омада бошад. Ҳар офаридае офарандае дорад ва агар ин махлуқот наметавонанд худашонро биёфаранд ва имкони ба вуҷуд омадан ба шакли тасодуфӣ низ вуҷуд надорад, пас мемонад ин, ки ононро офарандаест, ки ӯ Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён аст. Аллоҳи мутаол ва боазамат ин далели ақлӣ ва ин бурҳонро дар Қуръон ин чунин зикр кардааст:

{Оё беофаридагоре офарида шудаанд, ё ин, ки худ офардидагонанд}. [Сураи Тӯр, ояти 35],

Яъне онҳо бидуни офаридагор офарида нашудаанд ва худашон ҳам худро наёфаридаанд. Пас бояд онҳо холиқ ва офарандае дошта бошанд ва он Аллоҳи баландмартаба аст. Дар ривоят омадааст, ки онгоҳ, ки Ҷубайр бин Мутъим шунид Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) сураи Турро мехонад ва ба ин оёт расид: {Оё беофаридагоре офарида шудаанд, ё ин, ки худ офардидагонанд (35) оё осмонҳо ва заминро офариданд (на) балки онон яқин намекунанд (36) оё хазонаҳои Парвардигорат назди онон аст ё онон чира ҳастанд (37)}. [Сураи Тӯр, оёти 35-37],

Ва Ҷубайр дар он вақт мушрик буд ва гуфт: «Қариб буд қалбам аз ҷо канда шавад». (Ривоят аз Бухорӣ аст).

2. Нишонаҳои ошкори Худованд дар ҳастӣ ва офариниши Ӯ: Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: бингаред, ки чӣ чиз дар осмонҳо ва замин аст}. [Сураи Юнус, ояти 101],

Зеро нигаристан дар осмонҳо ва замин сабаб мешавад, то шахс ба ин натиҷа бирасад, ки Аллоҳ ҳамон холиқ аст ва ба рубубияти Парвардигораш яқин кунад. Аз як аъробӣ дар биёбон пурсиданд: Худоятро ба чӣ чиз мешиносӣ? Гуфт: асари по ба равандае далолат мекунад ва саргини шутур бар вуҷуди шутур, оё ин осмони дорои бурҷҳо ва замини дорои дараву куҳҳо ва дарёҳои пурмавҷ бар Парвардигори шунавои бино далолат намекунад?!

Башарият дар баробари пардаҳои ғайб ва пӯшида барои ҳамеша оҷиз ва нотавон боқӣ мемонад, ҳар чанд, ки дониши моддӣ, заминии ӯ авҷ бигирад. Танҳо имон ба Аллоҳ аст, ки ин мавзуро ҳал мекунад.

3. Муназзам будани амри дунё ва мустаҳкам будани ин назму тартиб ва ин далолат мекунад, ки тадбиркунандаи он як маъбуди якто буда ва соҳиб ва молики ягона буда ва Парвардигору Раб якест ва ғайр аз Ӯ маъбуд ва рабби дигаре вуҷуд надорад, ҳамон гуна, ки вуҷуди ду парвардигор ва маъбуду офаранда, ки дар тамоми умур мисл ва монанди ҳам бошанд, маҳол аст. Расидан ба ин маърифат, ки ҳастиро ду худои монанди ҳам офаридаанд, номумкин буда ва бар асоси фитрати башарӣ ва дониши одамӣ маҳол аст. Пас вуҷуди ду маъбуд ботил мебошад.

Далели шаръ:

Тамоми қавонини осмонӣ бар вуҷуди офаранда ва бар камоли илм, ҳикмат ва раҳмати Ӯ далолат мекунад, зеро ин қавонин бояд қонунгузоре дошта бошанд ва қонунгузор Аллоҳи мутаоласт. Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Эй мардум! Парвардигоратонро, ки шумо ва пеш аз шуморо офаридааст, парастиш кунед, то (аз хашми Худо) эмин монед (21) он зоте, ки заминро (монанди) бисоте ва осмонро (монанди) сақфе бароятон қарор дод ва аз осмон обе фуруд овард ва ба сабаби он аз (анвои) меваҳо ризқе барои шумо офарид, пас дар ҳоле, ки медонед, ҳамтое барои Худованд муқаррар накунед (22)}.
[Сураи Бақара, ояти 22-23],

Ва тамоми китобҳои осмонӣ ин чунин изҳор медоранд.

Далели ҳиссӣ:

Аз боризтарин ва ошкортарин бурҳон бар вуҷуди Холиқи поку баландмартаба, далели ҳис аст, ҳиссе , ки барои ҳар соҳиби ақлу басират ошкору малмус аст:

1. Пазириши дуоҳо: инсон Аллоҳи арҷманду боазаматро ба дуо мехонад ва мегӯяд: эй Парвардигор ва аз Ӯ чизе мехоҳад ва баъд мушоҳида мекунад, ки дуояш пазируфта шудааст ва ин далели малмус ва қобили дарк бо ҳисси башарӣ бар вуҷуди Раб аст. Ӯ ҷуз Аллоҳ касеро нахонда ва Худованд дуои ӯро пазируфтааст ва чӣ басо борҳо инро мушоҳида намудаем ва намунаҳое аз ин пазиришро борҳо дар бораи гузаштагон ва дар ҳоли ҳозир шунидаем, ки Аллоҳ дуои онҳоро пазируфта ва хостаҳои ононро лабайк гуфтааст ва ин кори оддист, ки далолат бар вуҷуди холиқ мекунад ва ин гуна мисолҳо дар Қуръон фаравон аст, аз ҷумла: {Ва Аюбро (низ ба ёд ор) чун Парвардигорашро нидо кард, ки: осебе ба ман расидааст ва ту меҳрубонтарини муҳрубонон ҳастӣ (83) пас (дуояш)ро иҷобат кардем (84)}. [Сураи Анбиё, оёти 83-84],

Ва оятҳои фаровоне дар ин бора вуҷудо дорад.

Илҳод як беморӣ дар ақл ва халале дар тафаккуру андеша аст.

2. Ҳидояти махлуқот ба он чӣ дар он рози зиндагиашон аст: чӣ касе инсонро дар ҳангоми вилодат ба сӯи пистони модар раҳнамуд мекунад, то аз он шир бинӯшад ва чӣ касе ҳудҳудро ба дидани ҷойгоҳи зери замин роҳнамоӣ мекунад, дар ҳоле, ки ҷуз ӯ касе мутаваҷҷеҳи он намешавад? ҳамоно Ӯ ҳамон Аллоҳ аст, ки мегӯяд:

{Гуфт: Парвардигори мо зотест, ки ба ҳама чиз (ҳайати) офаринишро дода, онгоҳ ӯро (ба ҷустуҷӯи ниёзҳояш) ҳидоят кардааст}.
[Сураи Тоҳо, ояти 50].

3. Оёт ва нишонаҳое, ки Паёмбарону Расулон овардаанд: ва онҳо ҳамон муъҷизаҳое ҳастанд, ки Худованд бо онҳо Расулон, Паёмбарон ва баргузидагони хешро бар дигар одамиён таъйид ва тақвият намудааст. Ҳар расулеро, ки Худованд ба сӯи қавме фиристодааст, ӯро бо муъҷизае таъйид намуда, то барои онон собит шавад, ки он чиро расул мегӯяд, аз тарафи Холиқи Маъбуд аст ва парвардигору маъбуде ҷуз Ӯ нест.

Илҳод як беморӣ дар ақл ва халале дар андеша ва тафаккур ва зулмату торикӣ дар қалб ва сабаби зоеъ шудани зиндагӣ аст.

Tags: