4- Илҳод ва хатарҳои он:

 4- Илҳод ва хатарҳои он:

4- Илҳод ва хатарҳои он:

Илҳод ҳамон инкори Холиқи арҷманди боазамат аст, ки фақат ба сабаби фикри бемор ё нигоҳи суст ё рӯйгардонӣ ва иноду саркашӣ рӯх медиҳад.

Ин як навъ беморӣ дар ақлу тафаккур ва халале дар андеша ва зулмату торикӣ дар қалб аст, ки сабаб мешавад то нигоҳи мулҳидро суст ва нотавон карда ва қалби ӯро торик гардонад, ба шакле, ки аз ӯ тавони дидан ва дарки умури ғайри маҳсус ва модиро мегирад, пас афкору боварҳои андешаи модигарӣ бар ӯ татбиқ пайдо мекунад ва дар натиҷа бадбахт ва гумроҳ мешавад. Чунин гумон мебарад, ки инсон фақат як мавҷуди моддӣ аст, ки фақат қавонини моддӣ бар ӯ иҷро ва татбиқ пайдо мекунад.

Тамоми инҳо хатаре бар башарият ба ҳисоб меравад, ки ӯро ба самти майли моддии маҳз ва ақлонияти хушк бидуни саодату хушбахтӣ тела медиҳанд. Чун мулҳид ба вуҷуди маъбуд ва илоҳе бовар надорад, ҳар кор, ки бихоҳад дар ҳар замону макон, бидуни ҳеҷ гуна хавфу тарс аз азоб анҷом медиҳад, зеро ӯ аз ҳеҷ маъбуде ҳарос дар дил надорад. Ин вазъ мунҷар ба фасоди фитрати башарӣ ва нобудии он мегардад. Ҷудо аз ин, ки куфр ба Аллоҳи мутаол ва майл барои додани ҳаққи парастиши Ӯ ба дигарон аст (бо баракату муназзаҳ аст Парвардигор) ба ҳамин сабаб дар тӯли таърих худкушӣ дар байни мулҳидин бисёр фаровон гашта, ба тавре, ки бисёре аз муфаккирин, аҳли фарҳангу шеър ба худкушӣ руй овардаанд. Таърих пур аз ин маврид аст ва таҳқиқот ҳам инро собит мекунанд. Дар пажуҳише, ки муассисаи “Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ” (WHO) мунташир сохтаст, пажуҳишгарони ин таҳқиқ дуктур Ҷӯс Монуел ва Алесандро Флишмон изҳор медоранд, ки робитаи мустақиме байни дин ва худкушӣ вуҷуд дорад ва таъкид мекунанд, ки бештари афроде, ки ба худкушӣ даст мезананд, мулҳид ва бедин ҳастанд ва дар ин расм ин мавзуъ баён шудааст:

who-logo.png

Нисбати худкушӣ мутобиқ бо диндорӣ барои ҳар (100.000) нафар

مخطط En.psd

Имон ба Аллоҳе, ки ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест, болотирин ва беҳтарин аъмол аст, ки ҷойгоҳи он аз тамоми кирдорҳо болотар ва баҳраи он аз ҳама бештар аст.

Имом Шофеъӣ



Tags: