Мафҳуми ихлос:

 Мафҳуми ихлос:

Мафҳуми ихлос:

Ихлос ҳамон биҳиштест, ки афроди мухлис дар пайи онанд ва рӯҳи парҳезгорон ва розе байни банда ва Парвардигораш аст. Ихлос аз байн барандаи васваса ва риё буда ва иборат аст аз он, ки ҳадаф аз ҳар коре фақат Аллоҳ бошад ва ба ҷуз Ӯ ба сӯи дигаре нангарӣ ва майли дигаре дар дилат буруз накунад, умеди шунидани мадҳу сано аз сӯи мардум надошта бошӣ ва фақат аз Аллоҳ интизори подош дошта бошӣ.

Ва ихлос камоли амал ва зебоии онаст ва он гаронбаҳотарин чиз дар дунё буда ва иборат аст аз ин, ки дар аъмолу тоъот, ният ва ҳадаф фақат Аллоҳ буда ва дидани зудгузари мардум бо пойдории дидан ва назорати Парвардигор аз ёд бибарӣ, пас он чӣ, ки барои Аллоҳ аст, Парвардигори боазамат подош дода ва он чӣ барои ғайри Ӯст, нобӯд мешавад ва аз байн меравад. Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Бешак меъёри пазириши аъмол бар асоси ният буда ва ҳар кас бар ососи он чӣ ният кунад, подош мегирад. Ҳар кас ҳиҷраташ барои дунё ё барои издивоҷ бо зане бошад, пас ҳиҷраташ ба ҳамин ҳадаф қарор дода мешавад». (Ривоят аз Бухорӣ аст).

Ҷойгоҳи ихлос:

Ихлос дар дин ҷойгоҳе дорад, ки бо ҳеҷ чизи дигар қобили муқоиса набуда ва ҳеҷ амале ҷуз бо ихлос пазируфта намешавад. Аллоҳи мутаол дар Қуръони Карим дар оёти фаровоне моро ба доштани ихлос ёдоварӣ мекунад:

{Ва амр нашуданд, магар ин, ки Аллоҳро дар ҳоле парастиш кунанд, ки динро барои Ӯ холис гардонанд}. [Сураи Байина, ояти 5]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Бигӯ: бешак намозу ибодат ва зиндагию ва маргам (ҳама) барои Аллоҳ, Парвардигори оламиён аст Ӯ шарике надорад ва ба ин фармон ёфтам ва ман нахустин (кас аз) мусалмононам (163)}.
[Сураи Анъом, ояти 162-163]

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Он Зоте, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биёзмояд, ки кадоми шумо накӯкортар ҳастед}. [Сураи Мулк, ояти 2].

Ва ҳамчунин мефармояд: {Бешак мо китобро ба ҳақ ба ту нозил кардем, пас Аллоҳро дар холе, ки парастиши (хеш)ро барои Ӯ холис медорӣ, парастиш кун (2) бидон, ки парастиши ноб аз они Аллоҳ аст}. [Сураи Зумар, ояти 2-3]

Ва мефармояд: {Пас касе ба лиқои Парвардигораш умедвор аст, бояд ки кори писандидае анҷом диҳад ва дар парастиши Парвардигораш касеро шарик наёварад}.
[Сураи Каҳф, ояти 110].



Tags: