Самараҳои ихлос:

 Самараҳои ихлос:

Самараҳои ихлос:

1. Пазириши аъмол: ихлос барои расидан ба ҳадаф бисёр муҳим ва шарте аз шурути пазириши аъмол аст. Паёмбари Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Бешак Аллоҳ ҳеҷ амалеро намепазирад, магар ин, ки холисона барои Ӯ ва фақат ба хотири ризои Ӯ бошад». (Ривояти Насоӣ аст).

2. Пирӯзӣ ва истиқрорбахшӣ:

Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд:

«Бешак Аллоҳ ин умматро ба дуо ва намозу ихлоси афроди заиф нусрат медиҳад». (Ривояти Насоӣ аст).

3. Солим мондани қалб аз бемориҳо:

Манзурам бемориҳои қалбӣ монанди: кина, танаффур, хиёнат ва ҳасад мебошад. Паёмбари Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудаанд:

«Се чиз аст, ки қалби мусалмон ҳамеша бо онҳо эмин аст: ихлоси амал барои Аллоҳ, хайрхоҳӣ барои пешвоёни мусалмонон ва лозим гирифтани ҷамоати мусалмонон, зеро, ки дуо аз пушт ононро дарбар гирифтааст».(Ривоят аз Тирмизӣ аст).

Ибни Умар гуфтааст: агар медонистам, ки Аллоҳ як саҷдаро аз ман мепазирад ва як дирҳамро аз ман қабӯл мекунад, дар он ҳангом ҳеҷ чизи ғоибе чун марг барои ман маҳбуб набуд, оё медонед Аллоҳ аз чӣ касе мепазирад? {Аллоҳ фақат аз парҳезгорон мепазирад}
[Сураи Моида, ояти 27].

4. Ҳамроҳ кардани корҳои дунявӣ ба корҳои накӯ ва солеҳ: Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: «“...ва дар робитаи ҷинсии яке аз шумо садақа ҳаст, гуфтанд: эй Расули Аллоҳ! оё вақте яке аз мо ғаризаи ҷинсии худро бароварда месозад, ин кор барояш подош дорад? фармуд: ба назари шумо агар онро дар ҷойи ҳаром бароварда созад, гунаҳкор мешавад? пас ҳамчунин вақте онро дар ҷойи ҳалол рафъ кунад, подош дорад». (Ривоят аз Муслим аст).

5. Рондани авҳом ва хаёлоту васвасаҳои палид ва шайтонӣ: Аллоҳи мутаол аз забони шайтон он гоҳ, ки ӯро ронд ва аз раҳмати худ дӯр сохт, фармуд: {Гуфт: Парвардигоро! аз он ҷо, ки маро гумроҳ сохтӣ, бешак (гуноҳ)ро барояшон дар замин ороста ҷилва медиҳам ва ҳамагиро гумроҳ мекунам (39) магар он бандагони ихлосёфтаатро аз байни онон}.
[Сураи Ҳиҷр, оёти 39-40].

6. Осон кардани сахтиҳо ва ранҷҳо: ва мисоли он достони он се нафар аст, ки шабро дар ғоре басар бурданд ва асли ҳадис дар кутуби саҳеҳ мавҷуд аст.

7. Наҷот ёфтан ва солим мондан аз хатари фитнаҳо: ва аз ин намуна аст, он чӣ ки барои Юсуф (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омад, Аллоҳи мутаол дар ин замина мефармояд: {Ва бешак (он зан) қасди Юсуф кард ва ӯ (Юсуф низ) агар бурҳони парвардигорашро надида буд, қасди вай кард, ин чунин (кардем) то бадӣ ва фаҳшоро аз ӯ дӯр созем, бешак ӯ аз бандагони мухлис мост}.
[Сураи Юсуф, ояти 24].

Бисёранд касоне ҳастад, ки бо ҷисми худ аз дунё фосила гирифтаанд, аммо дилашон дар дунёст ва бисёранд касоне, ки бо ҷисми худ дар дунё ҳастанд, аммо дилашон аз дунё берӯн аст ва ин шахс аз зирактарини онҳост.

8. Ба подош расидан бо вуҷуди амали андак: Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва (низ) (гуноҳе нест), бар касоне, ки вақте наздат омаданд, то (бар маркабе) саворашон кунӣ, гуфтӣ: “чизе намеёбам, ки шуморо бар он савор кунам”, онҳо бозгаштанд дар ҳоле, ки аз андӯҳ чашмонашон ашкрезон буд, зеро, ки ҳеҷ чизе барои нафақа кардан (дар роҳи Аллоҳ) намёфтанд}. [Сураи Тавба, ояти 92],

Ва Паёмбари Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармудаанд:

«Ҳар касе, ки бо садоқат шаҳодатро аз Аллоҳ талаб кунад, Аллоҳ Ӯро ба дараҷаи шуҳадо мерасонад, агар чӣ бар бистараш бимирад».
(Ривоят аз Имом Муслим аст).

9. Вуруд ба биҳишт: бино ба гуфтаи Аллоҳи мутаол:

{Ва ҷуз ба (сазои) он чӣ мекардед, ҷазо намебинед}
[Сураи Соффот, ояти 39],

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {магар бандагони мухлиси Аллоҳ (40) (ки) онҳо ризқу рӯзии муайян доранд (41) (анвои) меваҳо ва онҳо гиромидоштагонанд (42) дар боғҳои пурнеъмати (биҳишт) (43) бар тахтҳо рӯбарӯи якдигар (нишастаанд) (44) гирдогирдашон ҷоме аз (шароб) равон мегардонанд (45) (шароби) сафед (ва) лаззатбахш барои нӯшандагон аст (46) на дар он табаҳкорӣ (ва фасод) аст ва на аз онҳо (шароб) маст шаванд (47) ва наздашон (ҳамсароне) сиёҳчашм, дидафурӯрафта (ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд) хоҳанд буд (48) гӯё онҳо байзаҳои (шутурмурғ) дар пардаи пӯшидаанд (49)}.

[Сураи Соффот, оёти 40-49].

Ва ин аз бузургтарин самараҳои ихлос аст.

Басо корҳои кӯчаки фаровоне ҳастанд, ки бо нияти нек зиёд ва сангин мешаванд ва басо корҳои бузурги фаровоне ҳастанд, ки бо нияти нодуруст, ҳақир мешаванд.

(Ибни Муборак)

Некиҳоятро пинҳон кун, ҳамчуноне, ки бадиҳоятро пинҳон мекунӣ

Абӯҳозими Мадинӣ



Tags: