Саввум: Аллоҳро бо истифода аз Асмо ва Сифоташ бишнос:

 Саввум: Аллоҳро бо истифода аз Асмо ва Сифоташ бишнос:

Саввум: Аллоҳро бо истифода аз Асмо ва Сифоташ бишнос:

Аллоҳи мутаол мефармояд:

{Ва Аллоҳ номҳои нек дорад, пас ба он (номҳо) Ӯро ба (дуо) бихонед ва ононеро, ки дар номҳояшон каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед, (сазои) он чиро мекарданд, хоҳанд дид}.
[Сураи Аъроф, ояти 180]

А: Маънои ояти: {Ва Аллоҳ номҳои нек дорад}:

Ҳамаи номҳои Парвардигори арҷманд номҳои сутуда ҳастанд ва Аллоҳ онҳоро ба ин васф кардааст, ки онҳо накӯ ҳастанд ва фармудааст:

{Ва Аллоҳ номҳои нек дорад, пас ба он (номҳо) Ӯро ба (дуо) бихонед ва ононеро, ки дар номҳояшон каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед, (сазои) он чиро мекарданд, хоҳанд дид}. [Сураи Аъроф, ояти 180]

Инҳо фақат дар лафз накӯ нестанд, балки накӯ ҳастанд чун бар васфи камол далолат мекунанд. Тамоми номҳои Парвардигор номҳои ситоиш, мадҳ, сано ва баёни азамати Ӯ мебошанд ва ба ҳамин сабаб накӯ ҳастанд ва тамоми сифоти Ӯ сифоти камолу ҷалол ва тамоми афъолаш пур аз ҳикмат, раҳмат, маслаҳат ва адл ҳастанд.

Ва аз ҷумлаи имон, имон ба Асмо ва Сифоти Аллоҳ, ҳамон тарве, ки дар китоби Аллоҳ ва суннати саҳеҳи Расули Ӯ (дуруду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) омадааст, мебошад ва ин бар асоси ду қоида аст:

Қоидаи аввал:

Исбот намудани номҳои Аллоҳи мутаол бо таваҷҷуҳ ба ҷалолу азамати Аллоҳ, бидуни таҳриф ва ё вониҳодан ва канор гузоштани бархе аз Асмо ва ё таъйини кайфияти онҳо ва ин баробар аст бо каломи Аллоҳи мутаол, ки мефармояд: {Чизе монанди Ӯ нест ва Ӯ шунаво ва биност}.
[Сураи Шӯро, ояти 11].

Қоидаи дуввум:

Фаҳми маънои он ва исботи сифоте, ки ин Асмо онҳоро дар бармегиранд, бидуни талош барои дарки комили маъно ва мафҳуми онҳо. Аллоҳи мутаол мефармояд: {Он чиро пеши рӯ доранд ва он чӣ пушти сарашон медонад ва (инсонҳо) ба дониши Ӯ иҳота надоранд}. [Сураи Тоҳо, ояти 110].

Аллоҳи мутаол ҳадафи нишохти асмои накӯ ва сифоти бартарашро парастиши Ӯ бар асоси онҳо медонад, ҳамон гуна, ки мефармояд:

{Бигӯ: Аллоҳро бихонед ё “Раҳмон”ро, ҳар кадом (нек аст) пас Аллоҳ номҳои накӯ дорад}. [Сураи Исро, ояти 110].

Ва Аллоҳи мутаол мефармояд: {Ва Аллоҳ номҳои нек дорад, пас ба он (номҳо) Ӯро ба (дуо) бихонед ва ононеро, ки дар номҳояшон каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед, (сазои) он чиро мекарданд, хоҳанд дид}.
[Сураи Аъроф, ояти 180].

Б: Маънои {пас ба он номҳо Ӯро ба дуо бихонед}:

Дуо кардан бо истифода аз номҳои накӯи Аллоҳ ду навъ дуоро шомил мешавад: дуои дархост монанди сухани банда, ки мегӯяд: “Эй Аллоҳ ба ман бидеҳ ва эй Карим бар ман лутф кун” ва дуои мадҳу сано ва ибодат, монанди баёни азамати Аллоҳ бо истифода аз номҳои накӯ ва сифоти Ӯ бо ҳеҷ гуна дархосте. Ин сано метавонад бо қалб ва ё бо забон анҷом бипазирад, ки Парвардигори бузург ва мутаолро бо номҳои накӯ ва сифоти бартар меситояд ва таъриф мекунад.

C: Маънои ояти “ва ононеро, ки дар номҳояш каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед”, иборат аст аз:

Каҷравӣ дар номҳои Аллоҳи мутаол ба маънои инкор ё такзиби қисмате аз он чӣ дар китоби Аллоҳ омада ва ё ташбеҳ намудани номҳои Аллоҳ ба чизе аз махлуқоти Ӯ ё васф намудани Аллоҳ бо он чӣ шоистаи Ӯ набуда ва каломи Аллоҳ ва суннати Расулаш бар хилофи он аст.



Tags: